fbpx

“Дарҳои масҷидро баставу симҳои барқро буриданд” – барои аз муҳоҷират оварда ба хизмат равон кардани ҷавонон

Мухтасари муҳимтарин хабарҳои рӯз


0
Хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: “Маҳудияти барқ ҳаст, вале муваққатӣ”

Аз охири моҳи сентябри имсол сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар аз маҳдудиятҳои барқ шикоят доштанд. Мақомот дар бештари маврид ин иддаоро рад мекарданд ё онро ба корҳои таъмиру бозсозӣ рабт медоданд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24-уми октябр, зимни суханронӣ дар назди фаъолону раҳбарони шаҳри Норак, гуфт, бӯҳрони энергетикӣ хоси бисёр дигар кишварҳо, аз ҷумла, “кишварҳои пешрафта ҳам ҳаст” ва аз корхонаву сокинони Тоҷикистон хост, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода кунанд. Ӯ гуфт: “Ҳоло бо истифода аз рӯзҳои мусоид дар кишвари мо низ маҳдудияти интиқоли барқ амал карда истодааст. Вале ин ҳолат муваққатӣ буда, ба хотири дар фасли сармо бо барқ пурра таъмин намудани аҳолӣ ҷорӣ шудааст.”

Сафари президент ба Норак ба муносибати ба кор андохтани як агрегати навшудаи НБО “Норак” ва 50-солагии оғози фаъолияти ин нерӯгоҳи азим сурат гирифт.

Бо вуҷуди талошҳои чандинсолаи пурра ё қисман ба кор андохтани тарҳҳои бузурги нерӯгоҳҳои барқии обӣ, ҳанӯз мушкили таъмини нерӯи барқ дар кишвар ҳал нашудааст.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи як чархаи нерӯгоҳи Роғун гуфта буд, ки дигар дар Тоҷикистон камбуди нерӯи барқ ба “афсона” табдил хоҳад ёфт. Аз он ба баъд, ҳар сол ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон маҳдудият ҷорӣ мешуд, вале мақомот онро бо баҳонаҳои мухталиф рад мекарданд.

Аз ин пеш, “Барқи тоҷик” рӯзи 12-уми октябр дар эъломияе гуфт, ҳарчанд обанбори “Норак” то нуқтаи охирин пур аст, эҳтимоли то баҳор нарасидани захираи об вуҷуд дорад.

Изҳороти Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки дар мавсими зимистон вазъи бахсус минтақаи дурдасти Тоҷикистон аз назари дастрасӣ ба нерӯи барқу васоили гармидиҳӣ хеле танг мешавад. Бархе мунаққидон мушкилро на танҳо бо кори ҳанӯз нопурраи нерӯгоҳҳои барқии обӣ, балки бо фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсояи мисли Афғонистону Узбекистон дар фасли зимистон рабт медиҳанд.

“Дарҳои масҷидро баставу симҳои барқро буриданд” – барои аз муҳоҷират оварда ба хизмат равон кардани ҷавонон

Дар маҳаллаи Дилбарии ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён сокинон аз буридани сими барқ ва баста шудани дарҳои масҷиди деҳа аз тарафи мақомоти маҳаллӣ шикоят бурданд. Гуфта мешавад, ки мақомот бо ин роҳ баргардонидани ҷавонони деҳа аз муҳоҷират ва ба хизмати ҳарбӣ равон кардани онҳоро талаб кардаанд. Ҳукумати ноҳия аз ин ҳол бехабар будааст.

Раиси ин маҳалла, Ҳошим Чиллаев, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, дар он ҷо 300 оила зиндагӣ доранд ва аксар ҷавонон барои хӯрондану пӯшондани наздикон дар Русия кор мекунанд.

“Маҳаллаи мо калон аст, се масҷид дорад. Ду масҷидро як ҳафта пештар, масҷиди дигарро се рӯз қабл бастанд. Барои нарафтани ҷавонон ба артиш,” – тасдиқ кард Ҳошим Чиллаев рӯзи 21-уми октябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ.

Дар ҳукумати ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон гуфтанд, ки дар бораи бастани масҷидҳо дар маҳалали Дилбарӣ хабар надоранд. Дилафрӯз Шукруллозода, муовини раиси ноҳия, рӯзи 21-уми октябр ба хабарнигорон ваъда дод, ки “мудири бахши танзимро мепурсам, чӣ ҳолат аст, корбарӣ мекунем”, вале дигар ба зангҳои телефонӣ посух надод.

Дар ҳоле ки намояндагони ҳукумат шарҳе намедиҳанд, сокинон мегӯянд, мақомот сими чанд хонаро буридаанд. Ба нақли яке аз сокинон мақомот “То писаронатонро аз хориҷа наоред ва ба хидмати ҳарбӣ нафиристед, қувваи барқ нест”, -гуфтаанд.

Намояндагони ҷамоати Меҳнатобод қатъи нерӯи барқу бастани дари масҷидҳоро дар ҷамоат рад карданд, аммо гуфтанд, дар маҳаллаи Дилбарӣ фиристодани ҷавонон ба артиш дар сатҳи поинтарин аст. Намояндагони ҷамоат аз он ибрози нигаронӣ карданд, ки “баъзе аз волидон фарзандонро ба артиш намефиристанд”.

Баъзе аз сокинон гуфтанд, писаронашон барои таъмини оила ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд ва агар дар ватан мебуданд, аз хидмат сарпечӣ намекарданд.

Бори аввал нест, ки дар минтақаҳои Тоҷикистон бо талаби ба артиш фиристодани ҷавонон сими барқи мардумро буридаву дари масҷидҳоро мебанданд. Айни корро дар соли 2019 дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Нуробод “таҷриба” карданд. Ҳамон сол чанде аз сокинони вилояти Суғд шикоят доштанд, ки мақомот волидонро дастгир кардаанд, то барои бозгаштани фарзандонашон аз хориҷа фишор биёранд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ аз иҷрои 62 фоизи нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ҷумҳурӣ хабар дод.

Гуфта мешавад, ки давоми 20 рӯзи ҷараёни маъракаи даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақша 70 фоизро ташкил дод.

Даъвату гусели сарбозон дар шаҳри Душанбе 67 фоиз, дар вилояти Хатлон 63 ва дар вилояти Суғд бошад, 50 фоизро ташкил медиҳад.

Аз санаи 1 то 20 – уми октябри соли 2022 дар маҷмӯъ зиёда аз 20 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аллакай нақшаи даъватро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 фоиз иҷро намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки бо оғоз гардидани даъвати тирамоҳии ҳарбӣ, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.

Аз 1-уми октябри соли равон, дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ идома дорад.

Қатъи об дар баъзе ноҳияҳои пойтахт

Интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23:00 рӯзи 25-уми октябр то соати 24:00 рӯзи 26-уми октябр қатъ мегардад.

Шаҳрдории Душанбе аз интиқоли оби нӯшокӣ дар бархе аз кӯчаву хиёбонҳои пойтахт хабар дод.

Ноҳияи Фирдавсӣ:

шаҳракҳои 42, 43, 46, 62, 64 ва 65 маҳаллаҳои Сомон ва Равшангарон, кӯчаҳои Ҷомӣ, Борбад, Фирдавсӣ ва Неъмат Қарабоев (аз 34 то 86/3).

Ноҳияи Сино:

маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Арбобхотун, Чортеппа, шаҳракҳои 32, 33, 52, 53 ва 54, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф, А. Қаҳҳорӣ, П. Сулаймоӣ, Тургенев, Р. Набиев, Ханжин, Гипрозем, Балъамӣ, Ҷомӣ, Борбад, Хуҷандӣ ва шаҳраки Севостопол.

Дар бораи сабаби қатъи оби нӯшокӣ хабар дода намешавад. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта мегуфтанд, сабаби қатъи оби нӯшокӣ дар пойтахт таъмири қубурҳо аст.

Шаҳрдорӣ аз шаҳрвандони хоҳиш кард, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоянд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend