fbpx

“92 хона пурра ва 322 хонаи дигар қисман вайрон шудааст”. Зарари молии Тоҷикистон дар муноқишаҳои марзии сентябрӣ

Мухтасари муҳимтарин хабарҳои рӯз


-1
-1 points

Ҷустуҷӯи ронандае, ки пиёдагардро пахш карда гурехт

Ронандае, ки зани 46-соларо пахш карда, фирор кардааст, мавриди ҷустуҷӯи милитсия қарор дорад. Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ҳодисаи мазкур 24-уми октябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 12 шаб рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Нигина Олимоваи 46 сола, сокини ноҳияи мазкурро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, – хабар додааст манбаъ.

Дар натиҷа, пиёдагард Нигина Олимова ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.

“92 хона пурра ва 322 хонаи дигар қисман вайрон шудааст”. Зарари молии Тоҷикистон дар муноқишаҳои марзии сентябрӣ

Мақомоти Тоҷикистон гузориш доданд, ки дар ҷараёни муноқишаи марзии моҳи сентябри имсол бо Қирғизистон дар умум 92 хона комилан хароб шуда, 322 хонаи дигар қисман зарар дидааст.

Дар гузорише омадааст, ки дар муноқишаи рӯзҳои 14-17-уми сентябр 1 мактаб ба тамом аз байн рафта ва 5 мактабу ду масҷид нимавайрон шудаанд.

Бар асоси ин гузориш дар низоъ 41 ғайринизомӣ ҷон бохта ва 204 нафар маҷруҳ шудаанд. Қаблан Радиои Озодӣ бо истифода аз манобеи худ, хешовандон, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар бораи кушта шудани 84 сокини осоиштаву неруҳои амниятии Тоҷикистон маълумот гирд оварда буд.

Тағйироти кадрӣ дар ҳайати мушовараи вазорату идораҳо

Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон дар ҳайати мушовараи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ тағйирот ворид кард.

Тавре хабар дода мешавад, Фирӯз Камолзода, сардори раёсати кадрҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Баҳром Баҳромзода, сардори раёсати таҳлили иттилоот ва омори оҷонсии мазкур узви ҳайати мушовараи ин ниҳод таъйин гардиданд.

Нафари нави сеюм дар ҳайати мушовараи агентӣ, Саидмумин Раҷабзода мебошад, ки роҳбарии шуъбаи ташкили кору назорат дар ин ниҳодро ба уҳда дорад.

Бо фармони президент, Ғанизода Холмурод Сафар, Муҳаммадзода Ҷамолиддин Муҳаммад ва Додоҷонзода Умедҷон Муҳиддин аз ҳайати мушовараи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хориҷ карда шуданд.

Ҳамчунин, чанд рӯз пештар дар ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилии кишвар низ тағйирот ворид гардид. Аз ҷумла, Холмурод Ҷабборзода, роҳбарии Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД узви нави ҳайати мушовараи ВКД таъйин шуд.

Бар асоси як қарор аз ҳайати мушовараи ин ниҳод 2 генерал- Шариф Назарзода, сардори раёсати умури дохилии ВМКБ ва Карим Солиев сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД хориҷ гардиданд.

Ҳудуди ду ҳафта пештар, дар ҳайати мушовараи Вазорати молияи кишвар низ тағйирот ворид гардида буд.

Аз ҷумла, Саидзода Дилшод Мурод ба ҳайси узви нави ҳайати мушовараи Вазорати молияи ҶТ таъйин гардид. Дилшод Саидзодаи 32-сола, писари генерал Мурод Саидов мебошад, ки тайи қариб 30 соли охир муҳофизи асосии Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар баробари Саидзода ҳамчунин Азимӣ Заъфарӣ ва Завқибек Шодиён аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати молия таъйин шудаанд.

Дар зимн бо қарори ҳукумат, аз ҳайати мушовараи Вазорати молияи Тоҷикистон Назулло Абибуллоев, Файзалӣ Сафаров ва Афғонов Темуралӣ берун карда шуданд.

Вазифаи ҳайати мушовара аз чӣ  иборат аст?

Аслан ҳайати мушовара, тавре аз номи он бармеояд, сохтори машваратӣ аст ва он  дар тамоми мақомоти давлатӣ амал мекунад. Роҳбарии ҳайати мушовараро умдатан сардори ниҳод ба зимма дошта, ҳайати он дар бештар маврид аз муовинону баъзе сардорони раёсатҳо, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва мутахассисон ё мақомдорони соҳавӣ аз дигар мақомот таркиб меёбад.

Нафароне, ки шомили ҳайати мушовара мешаванд, аслан барои рушд ва идораи як соҳа фаъолият мекунанд ва ҳамин тавр, донандаи ҳамон бахш ҳастанд. Яъне онҳо мутахассиси бахше ҳастанд, ки барои рушд ё идораи он ҳайати мушовара ташкил шудааст.

Вазифаи он таҳлили фаъолияти сохтори алоҳида, вазифагузорӣ барои солҳои минбаъда ё таҳлилу баррасӣ ва нақшакашии фаъолияти бахши мушаххас ё тарҳи муайян мебошад. Пешниҳоду вазифагузориҳои ин ҳайат бештар хусусияти тавсиявӣ дорад.

Огоҳӣ аз боришоти бошиддат дар Тоҷикистон. Вазъи ҳаво чӣ гуна хоҳад шуд?

Пагоҳ 26 – уми октябр дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои минтақаҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) борони бошиддат меборад. Дар инбора Агентии обуҳавошиносӣ хабар дод.

Дар минтақаҳои алоҳидаи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ раъду барқ ба амал меояд. Инчунин 25 ва 27 октябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳи вилояти Суғд (Панҷакент), вилояти Хатлон (Ш.Шоҳин), ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Рашт ва Сангвор) ва дар ғарби ВМКБ (Дарвоз) эҳтимоли сар задани зуҳуроти сел дар назар аст.

26 октябр бо сабаби бориши бошиддат дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда якбора баландшавии сатҳи об дар назар аст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, аз 27 то 30 октябр дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо 30 октябр дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12 ва рӯзона 26 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 9 ва рӯзона 19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд аз 27 то 30 октябр ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо 30 октябр дар водиҳо баъзан борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борону барф ба амал меояд.

27 ва 29 октябр дар ноҳияҳои алоҳидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 13 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона то 15 дараҷа хунук ва рӯзона то 8 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, 29-30 октябр дар ноҳияҳои алоҳида борон, дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф пешгӯӣ мешавад. 27 октябр дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 9 ва рӯзона то 22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона то 17 дараҷа гарм мешавад.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони мамлакатро огоҳ менамояд, ки ҳавои номусоид метавонад барои заминҳои кишоварзӣ хатар эҷод кунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз сокинон эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд ва барои пешгирӣ аз сӯхтор ҳолати асбобҳои барқиро тафтиш кунанд.

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар ноҳияҳои кӯҳӣ бояд суръати ҳаракатро риоя намоянд, зеро эҳтимоли резиши санг ва омадани сел зиёд аст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend