Чаҳорчӯбаҳои шадиди иҷтимоӣ ба ҷавонони тоҷик чӣ зарар доранд

Дар Тоҷикистон ҷавонон таҳти назорати аз ҳад зиёди иҷтимоӣ қарор мегиранд, ки ба рушди истеъдоди онҳо монеа мешавад. Ҳангоми зӯран бор кардани ин андешаву талабот ва чорчӯбаҳои қатъӣ, ба монанди стереотипҳои гендерӣ ё талабот ба намуди зоҳирӣ дар донишгоҳҳо, ки барои ин танбеҳ гирифтан мумкин аст, татбиқи ғояҳои эҷодӣ ва расидан ба ҳадафҳои гузошташуда душвор мешавад.

Дар бораи он, ки чаро озодӣ маънои иҷозаи ҳама чизро надорад ва чӣ гуна назорати шадиди ҷомеа ба рушди моддии ҷавонон халал мерасонад, дар Your.tj бихонед.

Коллективизми шӯравӣ ҳанӯз ҳам таъсири худро нигоҳ медорад

Ба гуфтаи равоншинос Фирӯза Мирзоева, дар давраи наврасӣ (13-15 солагӣ) кӯдак дар ҷустуҷӯи “ман”-и худ аст, ӯ шахсияти гуногуни иҷтимоиро дар худ санҷида месанҷад. Азбаски он ҳанӯз пурра ташаккул наёфтааст, вай наметавонад дарк кунад, ки ба куҷо меравад ва чӣ мехоҳад.

Илова бар ин, вақте ки ҷомеа наврасро дар чаҳорчӯбаи муайяни иҷтимоӣ нигоҳ доштан мехоҳад, ки дар онҳо барои рушди тафаккури эҷодии ӯ ҷой нест, ин ба ташаккули инфиродии шахс таъсири мусбат расонида наметавонад.

“Ба андешаи ман, вақте ки ҷомеа нақшҳои муайяни иҷтимоиро ба мисли “ту духтар ҳастӣ, ту бояд чунин бошӣ”, “ту писар ҳастӣ, ту бояд ин корро кунӣ”  таҳмил мекунад, ин ба ташаккули сифатҳои инфиродии инсон таъсири манфӣ мерасонад”,- мегӯяд Фирӯза.

Тавре равоншинос қайд мекунад, чаҳорчӯбаи шадиди иҷтимоӣ дар инсон конформизмро ба вуҷуд меорад. Ин гуна шахс ба мутобиқ шудан оғоз мекунад, тартиботи мавҷуда, ақидаҳои ҳукмронро қабул мекунад, кӯшиш мекунад, ки “мисли ҳама” бошад ва аз дигарон фарқ накунад.

Конформистҳо мавқеи худро надоранд, онҳо ба ҳар гуна ақидаву ҳаракатҳои бемақсад ва беэътибор, ки қувваи фишори бештар дорад (ақидаи аксарият, эътибори эътирофшуда, анъанаҳо ва ғайра), пайравӣ мекунанд.

Равоншинос мегӯяд, ба чаҳорчӯбаи маъмултарини иҷтимоӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, талаботҳои аз ҳад зиёди либос ва намуди зоҳирӣ, ҷудосозии гендерӣ, аз ҷумла дар самти касбомӯзӣ, маҷбурсозӣ ба издивоҷи барвақтӣ, синну сол ва ғайра дохил мешаванд.

Эйджизм – табъиз аз рӯи синну сол, ин ҳолатест, ки вақте насли калонсол ба насли ҷавон гӯш намедиҳад.

“Ба назари ман, боқимондаҳои гузаштаи шӯравӣ, вақте ки принсипи коллективизм ҳукмрон буд ва фардият ташвиқ карда намешуд, ҳанӯз ҳам таъсири худро дар ҷомеаи мо нигоҳ медоранд”,- мегӯяд Фирӯза.

“Дар чаҳорчӯбаҳои қатъӣ шахсияти солим ташаккул ёфта наметавонад”

Тарси доварӣ, коре, ки ба духтар ё писар “номуносиб” аст, боиси худбаҳодиҳии паст ва гум шудани хоҳиши ташаббускорӣ дар дилхоҳ соҳаҳо мегардад.

Вақте пайваста “ин мумкин не”, “ин тавр иҷозат нест” садо медиҳад, ба инкишофи кӯдак ҳамчун шахс монеа эҷод мешавад.

“Бо такя ба таҷрибаи худ бо ҷавононе, ки барои беҳтарсозии худбаҳодиҳӣ меоянд, гуфта метавонам, ки дар чаҳорчӯбаи қатъӣ ташаккули шахсияти солим хеле душвор аст”,- таъкид мекунад равоншинос.

Акси марбута

Ғайр аз ин, бисёре аз ҷавононе, ки мехоҳанд дар байни мардум фарқ кунанд, аз сабаби танҳоии худ дар ҷомеае, ки аксари аъзоёни он ба чаҳорчӯбаи муқарраршудаи иҷтимоӣ мутобиқ шудаанд, мавриди таъқиб, доварӣ ва масхара қарор мегиранд.

“Мо ҳама одамони эҷодкор ҳастем. Шахсе, ки худро шахси эҷодкор намешуморад, эҳтимолан дар кӯдакӣ барои баъзе зуҳуроти эҷодӣ бо маҳкумият рӯ ба рӯ шудааст.

Ҳар як кӯдак эҷодкор аст, чизи ҷолибе эҷод мекунад. Аммо аз ҷониби наздикон дар он лаҳза дастгирӣ карда мешавад ё доимо маҳкум карда мешавад, ин масъала нақши хеле калон дорад.

Агар дар оила ба кӯдак гӯянд, ки ҳар гуна интихоби ӯ, ҳар гуна хоҳиши ӯро дастгирӣ хоҳанд кард, ӯ барои муқовимат ба фишори берунии иҷтимоӣ устувории ботинӣ пайдо мекунад”,- мегӯяд мутахассис.

“Назорат – реҷаи зиндон нест”

Your.tj дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурсиш гузаронид, ки оё назорати ҷавонони тоҷик ҳатмист ё не. Андешаҳои корбарон дар шарҳҳо гуногун буданд, аммо аксарият таъкид карданд, ки волидон бояд кӯдаконро дуруст тарбия кунанд ва ба онҳо имконият диҳанд, то таҳсил намоянд.

“Бисёр зарур аст, ки барои ҷавонони насли нав корҳои тарбиявӣ гузаронем. Ҳолатҳое зиёд шудаанд, ки [ҷавонон] гурӯҳ шуда, дар нисфи шаб фарёд мезананд. Бо ин кор одамони аз дарс ё кор баргардандаро метарсонанд.

Замони наонқадар дур мардум ин гуна бераҳм набуданд. Ҳоло тарс ва эҳтиром аз байн рафтааст”,- менависад корбари шабакаҳои иҷтимоӣ Фуркат Иматшоев.

“Писарони худро [бояд] бештар тарбия кунанд. Аммо ҳоло баръакс, духтаронро дар чаҳорчӯбаи оҳанин тарбия мекунанд ва писарон гӯё дар кӯча ба воя мерасанд”,- менависад корбари дигар бо номи Ox Ana.

Барои дастгирии назорати ҷавонон, баъзеҳо изҳор доштанд, ки чаҳорчӯбаи иҷтимоӣ метавонад ба ҷавонон манфиат орад ва онҳоро аз рафтан роҳи бад боздорад.

“Ҳамеша бояд ҳама чизро калонсолон назорат кунанд, баъд дер шавад, мисолҳо зиёданд!

Назорат ин ба мисли реҷаи зиндонии рафтор ва дарки атрофи он нест, назорати воқеӣ, пеш аз ҳама, омода кардани системаи интихоби ҷавонон бо фарогирии некӣ, адолат, муҳаббат ба ватан аст ва аз иваз кардани арзишҳоро дар байни насли ҷавон пешгирӣ мекунад.

Ин аст назорати бошуурона: соҳа ва самтҳоеро ба роҳ монед, ки ҷавонон дар он онҳо бароҳат рушд карда тавонанд ва шумо аз натиҷааш дар ҳайрат мемонед, ки онҳо ба чӣ қодиранд! Аммо назорат дар ҳама чиз бешубҳа зарур аст, тарбияи дуруст – ин яке аз арзишҳои ҳаёт аст…”,- мегӯяд Тимур Золотой.

“Мо бояд бештар маҳфилҳои эҷодӣ ташкил кунем”

Як қатор корбарон бар ин назаранд, ки насли калонсол бояд ба ҷавонон намуна бошанд ва дар кишвар имкониятҳои рушди ҳамаҷонибаи ҷавононро фароҳам оранд, на ин ки онҳоро дар интихоб маҳдуд кунанд.

“Бояд худ намуна боше, сипас ба онҳо озодии интихоб дода шавад”,- менависад Зулфия Нуридинова.

“Ҳеҷ зарурате барои назорат ва ҷорӣ кардани чаҳорчӯбаи қатъӣ вуҷуд надорад, ягона коре, ки волидон ва мактаб бояд анҷом диҳанд, тарбия аст. Волидон ва атрофиён бояд барои ҷавонон намуна бошанд.

Мактаб бояд соатҳои бештарро барои тарбияи хонандагон ҷорӣ кунад. Ҷавонон бояд ташвиқ карда шаванд, ҳавасманд карда шаванд, ба меҳнати ҷамъиятӣ ҷалб карда шаванд, маҳфилҳои ройгони эҷодӣ кушода шаванд. Бе ин ҳам мо танҳо мубориза мебарему халос”,- таъкид кард Муҳайё Абдурасулова.

“Беҳтар аст, ки барои ҷавонон ҷойҳои корӣ ва шароити хуб фароҳам оварем, то онҳо ба ҷои дилмондагӣ рушд кунанд… Шуғл ва меҳнат беҳтарин тарбиятгар мебошанд”,- мегӯяд корбари дигар Nadya Katya.

Як гурӯҳ зидди ҳама гуна чаҳорчӯбаҳои қатъӣ барои ҷавонон баромаданд, зеро маҳдудиятҳо, ба гуфтаи онҳо, метавонанд барои худи ҷавонон оқибати бад биёранд.

“Назорат ҳамеша таъсири баръакс дорад, ҷавонон ба пинҳонкорӣ ва бадбинӣ шурӯъ мекунанд, бояд забони умумӣ пайдо кард, ба лоиҳаҳои ҷолиб ҷалб намуд, бештар муошират кард ва онҳоро дастгирӣ кард”,- меҳисобад Майя Саидова.

Хуршеда Раҳимова низ бо ин ақида розӣ шуд.

“Мо аллакай мебинем, ки назорат ва “тарбия” ба чӣ оварда мерасонад, ба ҷавонон бояд барои рушд имконият дода шавад, таҳсилоти босифат таъмин карда шавад, онҳоро эҳтиром ва дастгирӣ карда шавад”,- навиштааст ӯ.

Интернет ба ҷавонон кӯмак мекунад, ки худро такмил диҳанд

Фирӯза Мирзоева бар ин назар аст, ки барои ҷавонони тоҷике, ки аллакай замони ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёт табдил ёфтани интернет ба воя расиданд, дар муҳити рақамӣ рушд кардан ва ғояҳои эҷодии худро дар ҷаҳони маҷозӣ амалӣ кардан мушкиле надорад.

“Агар монеаҳои беруна барои рушд дар ҷомеаи воқеӣ имкон надиҳанд, ҷавонон ба фазои интернетӣ мегузаранд.

Фазои интернетӣ, ки ҳоло дар он зиндагӣ мекунем, ба мо дастрасӣ ба тамоми ҷаҳонро мекушояд. Дар он ҳеҷ чизе нест, ки моро ба монанди дар ҳаёти воқеӣ маҳдуд кунад.

Дар бораи ту на танҳо дар кишварат, балки дар қитъаҳои дигар, дар дигар кишварҳое, ки эҷодиёти ту қадр карда мешавад, хабардор мешаванд, зеро дар он ҷо он маҳкум намешавад ва маҳдуд намешавад”,- қайд кард Фирӯза.

Умед Раҳимов – яке аз он мутахассисони боистеъдод аст, ки тавоноиҳои худро дар фазои рақамӣ кашф кардааст. Вай соли дуюм аст, ки дар Узбекистон зиндагӣ мекунад. Дар он ҷо ҳамчун менеҷери маҳсулот дар як IT-холдинг кор мекунад, лоиҳаи худ оид ба шуғл vazifa.tj-ро рушд медиҳад ва блог дар бораи соҳибкорӣ ва стартапҳоро пеш мебарад.

Ба гуфтаи Умед, маҳдудиятҳое, ки ҷавонон дар Тоҷикистон бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, татбиқи ғояҳои эҷодии онҳоро душвор мегардонад.

Вай ҳамчунин бар ин назар аст, ки ҷавонони тоҷик ба сабаби набудани дастрасӣ ба интернети босифат дар дастрасӣ ба донишу захираҳои зарурӣ хеле маҳдуданд ва ин имконияти рушди рақобатпазирро коҳиш медиҳад.

Дар бораи он ки чаро Умед тасмим гирифт, ки ба Узбекистон кӯчад, дар ин ҷо бихонед

“Қоидаҳо лозиманд, на чаҳорчӯбаҳо”

Ба саволи ин ки оё аз чаҳорчӯбаҳои иҷтимоӣ бояд даст кашид ё ба онҳо риоя кард, равоншинос пешниҳод мекунад, ки чаҳорчӯба ва қоидаҳоро бояд аз ҳам ҷудо кард.

“Албатта, қоидаҳо заруранд. Онҳо барои он сохта шудаанд, ки то одамон донанд, чӣ хуб аст ва чӣ бад.

Аз ин рӯ, ба мо чаҳорчӯбаҳое лозим нестанд, ки ҷавононро назорат кунанд, балки меъёрҳо ва қоидаҳое заруранд, ки калонсолон бояд пеш аз ҳама риоя кунанд ва онҳоро ба ҷавонон интиқол диҳанд”,- мегӯяд Фирӯза Мирзоева.

Дастгирии волидон бениҳоят муҳим аст ва агар кӯдак ин дастгириро аз кӯдакӣ эҳсос кунад, пас ҳатман шахсе ба воя мерасад, ки аз тавоноии худ, эҷодкорӣ ва муҳимтар аз ҳама, аз сарҳадҳои гузошташуда намеҳаросад.

“Дар ин ҷо инчунин масъалаи пешгирии зӯроварӣ вуҷуд дорад. Вақте шахс медонад, ки ӯ ва одамони дигар сарҳади шахсии худро доранд, хуб дарк мекунад, ки ин сарҳадҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ вайрон кардан мумкин нест. Ҷамъияти солим аз чунин одамон сохта мешавад.

Агар волидон, муаллимон ва дар маҷмӯъ ҷомеа ба кӯдак эътимод бахшанд, ки эҷодиёти ӯ дастгирӣ карда мешавад, ӯ ба худ ва тавоноии худ бовар хоҳад кард”,- таъкид дошт Фирӯза.

“Ҷавонони эҷодкор ба хориҷа мераванд ва барнамегарданд”

Маҳдудиятҳои шадиди иҷтимоӣ ба хуруҷи оммавии ҷавонони боистеъдод ва боҳадаф оварда мерасонанд, қайд мекунад равоншинос. Вақте ки онҳо барои таҳсил ба хориҷа мераванд, дар ҷое, ки оғози эҷодии онҳо дастгирӣ карда мешавад, монданро афзал медонанд.

Як қисми ҷавонон конформист мешаванд, ба меъёрҳои иҷтимоии таҳмилшуда худро мутобиқ мекунанд.

“Як қисми ҷавонон танҳо ба маҳдудиятҳо мутобиқ мешаванд ва ба аъзои ҳамон аксарияти ҷомеа, ки танҳо вазифаҳои оддии худро иҷро мекунад, табдил меёбанд”,- мегӯяд Фирӯза.

Равоншинос қайд мекунад, бо вуҷуди маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ҷавонони тоҷик ба ҳар ҳол кӯшиш мекунанд, ки рушд кунанд ва ниятҳои худро амалӣ созанд.

“Ман хеле хушҳолам, вақте мебинам, ки духтарони мо бештару бештар ба соҳаи IT ворид мешаванд, ки ин сарҳадҳои гендериро дар самти интихоби касб аз байн мебарад.

Насли калонсол бояд дарк кунад, ки ҷавонони муосир насли рақамӣ мебошанд ва онҳо тамоман фарқ мекунанд.

Танҳо ба онҳо бояд имконият диҳем, ки кишвари моро, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ рушд диҳанд ва ояндаи иқтисоди рақамӣ танҳо дар дасти ҷавонони мост.

Озодӣ ҳакммаънои иҷозати ҳама чиз нест. Озодӣ маънои ташаккули имкониятҳо ва таҳқиқи соҳаҳои нави ҳаёт барои эҷодкорӣ ва муҳити созандаи ҷомеа ва давлатро дорад”,- илова кард равоншинос.

Тарҷума аз русӣ, матни аслиро дар ин ҷо хонед

Skip to toolbar