Боздошти мудири Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот аз сӯйи Оҷонсии зидди фасод
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон Комилзода Шариф, мудири Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоотии Вазорати фарҳангро дастгир кардааст.
Ба иттилои манбаъ, ӯ замони кор дар ин муассиса ҳамроҳи сармуҳосиб Бобоҷонов Маҳмад Уктамович бо сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ 370 760,82 сомониро тасарруф намудаанд. Комилзода ва Бобоҷонов ин маблағро давоми солҳои 2019-2020 аз худ карда, барои эҳтиёҷоти шахсӣ сарф намуданд.
Гуфта мешавад, алайҳи мудири ҳамакнун собиқи Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва дигарон бо моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” ва 323-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтиши пешакӣ оғоз шудааст.
Марде, ки ҷасади овехтаи ҳамсар ва се кӯдакашро ёфтанд, ба зиндон маҳкум шуд
Лазиз Ҷӯразода, сокини шаҳри Панҷакент, ки баъд аз ёфтани ҷасади овехтаи ҳамсар ва се кӯдакаш дастгир шуда буд, ба панҷ соли зиндон маҳкум гардидааст.
Як манбаъ дар Додгоҳи шаҳри Панҷакент охири моҳи сентябр гуфтааст, Ҷӯразодаро барои ба “худкушӣ расондан” гунаҳкор донистанд, вале тафсилоти парвандаро ошкор накард.
Пайвандони зан ба ҳукм вокуниш накардаанд. Зуҳуриддин Шарофов, вакили мудофеи Лазиз Ҷӯразода гуфтааст, парвандаи зерҳимояаш “дар доираи қонун баррасӣ шуда, қисман ба қонуни афв шомил мешавад”.
Ҷасади овехтаи Шаҳло Шарифоваи 31-сола ва се кӯдакаш – Муҳаммадҷони 6-сола, Шаҳнозаи 4-сола ва Аминаи 8-моҳаро даҳуми апрели имсол дар деҳаи Некноти Панҷакент пайдо карданд. Падари хонавода, Лазиз Ҷӯразода, 11-уми апрел дастгир шуд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон он замон бо нашри изҳороте гуфта буд, ки ҳодиса дар пайи моҷаро дар оила рух додааст, аммо то ин дам нагуфтанд, ки ҷанҷол бар сари чӣ сар зада.
Чанде аз сокинони Некнот гуфта буданд, зан зодаи шаҳри Душанбе буда, чанд сол пеш арӯси хонаводаи Ҷӯраевҳо шудааст. Ҳамдеҳагон зиндагии оиларо миёнҳолона тасвир карда, гуфтанд, дар як ҳавлӣ чанд хонавода зиндагӣ мекарданд.
Тоҷикистон содироти нерӯи барқ ба Афғонистонро кам карду ба Қирғизистон дод
Аз аввали моҳи ҷорӣ интиқоли барқ ба Афғонистон ва Ӯзбекистон тавассути хатҳои баландшиддати интиқоли 220 кВ – 500 кВ қатъ шудааст.
Ба ин кишварҳо нерӯи барқи Тоҷикистон тавассути хатҳои интиқоли барқи пасти 110 кВ дар шакли коҳишёфта таъмин карда мешаванд. Масалан, як рӯз пеш, 3 октябр ба Афғонистон 660 ҳазор кВт-соат интиқол дода шуд. Ин нишондиҳанда ба Ӯзбекистон ба 827 ҳазор кВт-соат рост меояд.
Ҳамзамон ба гуфтаи ин манбаъ, Тоҷикистон содироти нерӯи барқ ба Қирғизистон оғоз кардааст. Ба иттилои манбаъ, содироти нерӯи барқ ба Қирғизистон бинобар паст будани сатҳи обанбори Токтогул ва ниёзи ҷумҳурии ҳамсоя ба нерӯи барқ сурат мегирад.
Бахши энержӣ ҷузъиёти интиқоли нерӯи барқ ба Қирғизистон, аз ҷумла арзиши нерӯи барқи содиротӣ ва замони интиқолро расонаӣ накардааст.
Хариди нерӯи барқ аз Тоҷикистонро рӯзи 1-уми октябр вазири энергетика ва саноати Қирғизистон Доскул Бекмурзаев тасдиқ кард.
Бесифатии интернети Тоҷикистон дар рейтинги фанновариҳои рақамӣ
Коршиносони ҷаҳонӣ аз рӯи чанд меъёр сифати интернетро дар Тоҷикистон арзёбӣ карданд
Тоҷикистон ба рейтинги шохиси сифати рақамӣ (DQL) шомил шуд, аммо дар мақоми паст ҷой гирифт.
Ин рейтинг 110 кишварро шомил мешавад, ки Тоҷикистон дар он мақоми 104-умро гирифт.
Тибқи тадқиқот, аз ҷиҳати дастрасӣ ба интернет кишвар дар хатти 80, амнияти электронӣ дар ҷои 93 ва аз нигоҳи шохисҳои марбути ҳукумати электронӣ дар зинаи 105 қарор доштааст.
Аз ҷиҳати рушди зерсохтори рақамӣ ва сифати интернет ҷумҳурӣ мутаносибан ҷойҳои 107 ва 103-ро ишғол мекунад.
Мураттибони рейтинг қайд карданд, ки пасттарин суръати интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон аст. Инро суръати интернети мобилӣ низ тасдиқ мекунад. Он танҳо 12.63 мегабит дар як сония аст, ки яке аз пасттарин шохисҳо дар ҷаҳон дониста мешавад.
ВКД-и Русия аз эҳтимоли тамдиди муҳлати сабукиҳо барои муҳоҷирон гуфт
Вазорати корҳои дохилии Русия эълон кард, барои он ки муҳоҷирон дар Русия ба таври қонунӣ кору фаъолият намоянд, ба онҳо кумак кардан лозим аст.
Владимир Овчинский, мушовири вазири корҳои дохилӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории “Красная Весна” гуфтааст, ба таври миёна шумораи умумии муҳоҷирон дар Русия аз 1,5 то 2,5 миллион гуфта мешавад.
Вай афзуд, шумораи воқеии хориҷиён дар Русия метавонад беш аз 10 миллион нафар бошад.
Муҳдуд будани муҳлат – як чораи зарурист, ки бояд ба “раванди қонунигардонии муҳоҷирон суръат мебахшид”, – илова намуд мушовири Вазорати корҳои дохилӣ.
“Шумори зиёди онҳо қонунӣ карда шуданд. Ҳоло аз онҳо изи ангушт мегиранд, сабтҳои электронӣ мегузоранд. Албатта, на ҳамаи онҳо то 30 сентябр тавонистанд ҳузури худро расмӣ кунанд. Агар нафароне, ки дар навбат меистанд, пинҳон намешаванд, пас бояд ба онҳо кумак ва ихроҷи онҳоро муваққатан қатъ кард”,-гуфт Овчинский.