Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 18–20 апрели соли 2026 ҷаласаи корӣ вобаста ба раванди татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» баргузор гардид.
Дар ин вохӯриҳо Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа, роҳбарони ширкати “Брешно”-и Афғонистон, намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ва ширкати “Kamani Engineering Corporation” (KEC) иштирок намуданд.
Зимни ҷаласаҳо таъкид гардид, ки лоиҳаи «CASA-1000» аҳамияти стратегӣ дошта, ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, афзоиши эътимод миёни кишварҳои иштироккунанда ва содироти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат мекунад.
Гуфта шуд, ки дар се кишвари аъзои лоиҳа Қирғизистон, Тоҷикистон ва Покистон корҳои сохтмонӣ пурра анҷом ёфта, дар ҳудуди Афғонистон идома доранд.
Ҷонибҳо ҷараёни корҳои иҷрошуда, масъалаҳои техникиву молиявӣ, ҳамоҳангсозии минбаъда ва муҳлатҳои анҷоми лоиҳаро дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор доданд. Намояндагони ширкати KEC иттилоъ доданд, ки корҳои боқимонда тибқи нақшаи навшуда то баҳори соли 2027 ба анҷом расида, марҳилаи тиҷоратии лоиҳа аз тобистони ҳамон сол оғоз мегардад.
Таъкид шуд, ки татбиқи пурраи ин тарҳ ба рушди бозори энергетикӣ, таҳкими амнияти энергетикӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои иштироккунанда мусоидат хоҳад кард.









