Паҳлавонони тоҷик аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 16–18 апрел дар шаҳри Ордоси Чин баргузор шуд, бо 5 медал — 2 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба Ватан бармегарданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳамчунин дар ҳисоби дастаӣ мақоми дуюмро ишғол кард.
Дар ин мусобиқа 197 варзишгар аз 19 кишвар ширкат доштанд. Тоҷикистонро 13 варзишгар, 9 мард ва 4 зан намояндагӣ карданд.
Аз миёни онҳо Эмомалӣ Нуралӣ ва Муҳиддин Асадуллоев ба гирифтани медалҳои тилло даст ёфтанд. Ин аввалин унвони қаҳрамонии Осиё барои ҳарду варзишгар мебошад. Онҳо пас аз ҳафт сол ба Тоҷикистон медали тилло оварданд. Бори охир Комроншоҳи Устопириён солҳои 2016 ва 2017 қаҳрамони Осиё шуда буд.
Медалҳои нуқраро Сомон Маҳмадбеков (то 81 кг) ва Обид Ҷебов (то 66 кг) соҳиб шуданд. Ягона медали биринҷиро Мадина Қурбонзода (то 52 кг) ба даст овард, ки ин беҳтарин натиҷаи бонувони тоҷик дар ин мусобиқа арзёбӣ мешавад.
Дигар варзишгарони тоҷик дар марҳилаҳои гуногуни рақобатҳо ноком шуда, аз медалҳо маҳрум монданд.
Дар натиҷаи умумӣ Тоҷикистон бо 5 медал мақоми дуюмро касб кард. Ҷойи аввал насиби тими Муғулистон гардид, ки 3 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки дар қаҳрамонии ҷудои Осиё соли 2025 дар шаҳри Бангкоки Тайланд, ҷудокорони тоҷик 7 медал, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ ба даст оварда буданд.








