fbpx

Як корманди Амонатбонк худро дар утоқи кориаш ба дор овехтааст. Мухтасари хабарҳои рӯз

Мо мухтасари хабарҳои рӯз ҷамъ овардем, ки донистанашон барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points
Акс аз сомонаи Спутник Тоҷикистон

Путин Раҳмонро ба зодрӯзаш шодбош гуфт

5 октябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  Владимир Путин, президенти Русия суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти президент.

Дар оғози суҳбат президенти Русия Путин  Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи таваллудаш табрик гуфта, ба ӯ дар ин росто таманниёти неки худро орзу намуд.

Сарони ду давлат масъалаҳои мушаххаси муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатии шарикии стратегӣ ва дурнамои рушду тавсеаи онҳоро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Гуфта мешавад ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи амният, аз ҷумла тақвияти моддиву техникии ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо дарназардошти раванди рушди вазъият дар Афғонистон дар вақтҳои охир, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамосҳои доимии худро оид ба қазияи Афғонистон идома хоҳанд дод.

Як корманди Амонатбонк худро дар утоқи кориаш ба дор овехтааст

Баъди ҷустуҷӯ ва такопуи зиёд аҳли хонавода Ғиёсиддин Аюбзода, корманди “Амонатбонк” дар деҳаи Ревади ноҳияи Айниро аз ҷое пайдо карданд, ки ҷисми беҷони ӯ дар ҳалқаи дор овезон буд. Ин ҳодисаи мудҳиш бегоҳии дирӯз дар утоқи “Амонатбонк” дар деҳаи Ревад рух дода фиғони пайвандони Аюбзода ноҳияи Айниро такон додааст.

Ҳодисаи даст ба худкушӣ задани ин корманди “Амонатбонк” дар ноҳияи Айниро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ доранд. Як масъули ҷамоати Урметан ба шарти зикр накардани номаш баъзе аз ҷузъиёти худкушии Ғиёсиддин Аюбзодаро бар асоси суҳбат бо волидонаш тавзеҳ дод.

Ӯ гуфт, ин корманди “Амонатбонк” саҳари рӯзи 4 октябр ба волидонаш гуфтааст, ки имрӯз ба маркази ноҳия меравад, вале бо ҳамин то бегоҳ дигар ба хона барнагашта дар утоқи кориаш худро ба дор овехтааст.

Бино ба иттилоъи манобеъ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи таҳқиқи худкушии корманди “Амонатбонк” дар рӯи мизи корӣ навиштаҷоти иборат аз шаш ҳафт саҳифагӣ дарёфт намудаанд, ки Аюбзода пеш аз бо дор кашиданаш онро навиштааст.

Тоҷикистон сафари кӯдакони то 6 соларо ба Русия маҳдуд кард

Кӯдакони то 6 солаи Тоҷикистон баъди қабули охирин дозаи воксина зидди бемории фалаҷ (иОПВ-2) то 60 рӯз ба Федератсияи Русия сафар карда наметавонанд.

Дар ин бора қарори сартабиби давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2021 қабул шудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтиммоӣ кишвар. Қарори мазкур бо мақсади пешгирии интиқоли вирусҳои бо ваксина алоқаманди зидди бемории фалаҷ аз Тоҷикистон ба ин давлат қабул шудааст.

Қарори мазкур танҳо ба Русия дахл дорад ва дигар давлатҳо то ҳол чунин дархост накардаанд.

Аз вазорат гуфтанд, харидорӣ намудани чиптаҳои ҳавопаймо барои кӯдакони ваксинашудаи то синни 6 сола танҳо бо шарти дар даст доштани ҳуҷҷати иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ иҷозат дода мешавад.

Дар робита ба масъалаи мазкур ниҳодҳои масъул вазифадор карда шуданд, ки тавассути нуқтаҳои санитарию карантинии фурудгоҳҳои кишвар ва гузаргоҳҳои заминӣ назорати сафари кӯдакони то синни 6 солаи Тоҷикистонро ба Россия дар давраи татбиқи қарори мазкур, бо дарназардошти ҳолатҳои истисноӣ пурзӯр намоянд.

Боздошти як мард дар Суғд ба гумони куштани духтараш

Кормандони милитсия дар шаҳри Хуҷанд як марди 39-соларо ба гумони одамкушӣ боздошт намуданд.

“Ӯ дар хонаи истиқоматиаш ба узвҳои бадани ҳамсараш, зани 32-сола ва фарзандони ноболиғаш, духтарони 8 ва 11-сола, ки дар ҷойгаҳи худ хоб будаанд, бо истифода аз корд якчанд маротиба ба қафаси сина ва узвҳои ҳаётан муҳимашон зарба задааст, ки дар натиҷа духтари 11-солааш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ҳамсар ва духтари 8-солаи ноболиғаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ба иттилои манбаъ, сипас гумонбаршаванда бо мақсади худкушӣ бо корд ба қафаси сина ва дастонаш зарба зада, ба худаш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.

Зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел дар прокуратураи шаҳри Хуҷанд мутобиқи моддаҳои 104 (Одамкушӣ) ва 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад.

Вазорати энергетикаи Тоҷикистон интиқоли барқро ба Қирғизистон рад мекунад

Вазорати энеретика ва захираҳои оби Тоҷикистон маълумоти ВАО-ро дар бораи интиқоли барқ ба Қирғизистон рад мекунад.

Дар Вазорат зикр мекунанд, ки Тоҷикистон ба Қирғизистон содироти неруи барқро, ки ҷониби Қирғизистон изҳор медорад, пешниҳод накардааст.

Таъкид мешавад, ки ҳафтаи гузашта раиси Раёсати ҶСК “Национальная энергетическая холдинговая компания” (Ширкати миллии энергетикии ходингӣ)-и Қирғизистон бо мактуби расмии худ ба унвони раиси ШСХК “Барқи тоҷик” маълумот додааст, ки бар асари камобӣ, дар кишвари ҳамсоя камбуди неруи барқ ба мушоҳида мерасад.

Ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки имкони интиқоли барқ ба Қирғизистон баррасӣ шавад.

Гуфта мешавад, рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта зимни вохӯрӣ бо ҳайати Қирғизистон дар Душанбе масъалаи имкони содироти барқ ба ин кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар Тоҷикистон 188 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд

Дар Тоҷикистон то 5 октябри соли равон 188 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

Ҳиссаи асосии ҳосили ҷамъоваришуда ба хоҷагиҳои вилояти Хатлон рост меояд, ки дар онҳо зиёда аз 133 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Ҳосили ҷамъовардаи пахта дар вилояти Суғд, ки ин ҷо каме дертар ба ҷамъоварии ҳосил шурӯъ намуданд, ҳудуди 53 ҳазор тонна ва дар Ноҳияҳои тобеи марказ – 2 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Соли 2021 дар Тоҷикистон аз майдони умумии 174 ҳазору 155 гектар ҷамъоварии зиёда аз 400 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend