Байни Тоҷикистону Эрон парвози мустақими чорум барқарор шуд
Тоҷикистону Эрон парвози чорумро дар як ҳафта барқарор мекунанд. Аввалин парвоз дар масири Теҳрон-Душанбе-Теҳрон рӯзи панҷшанбеи 8-уми июн сурат хоҳад гирифт. Дар ин бора Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар саҳифаи “Фейсбук”-аш хабар додааст.
Ӯ навиштааст, ки чорумин парвози мустақим байни Эрону Тоҷикистон аз сӯи ширкати ҳавопаймоии “Вориш” роҳандозӣ хоҳад шуд.
“Бо пайгириҳои анҷомшуда ва мувофиқати Созмони ҳавопаймоии кишварии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорумин парвози мустақим ба мақсади рифоҳи ҳоли шаҳрвандони азизи ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрону Тоҷикистон ва осонии сафари сайёҳон анҷом мешавад”, – гуфтааст ӯ.
Ба иттилои номбурда, парвози мустақими чаҳорум, ҳар ҳафта дар рӯзи панҷшанбе соати 7:00-и субҳ аз Фурудгоҳи байналмилалии эмом Хумайнии Теҳрон ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе анҷом ва баргашти он ба Теҳрон дар соати 12:30 ҳамон рӯз хоҳад буд.
Бояд гуфт, ки аз соли 2019, се парвози мустақим тавассути ширкати ҳавопаймоии “Вориш” ва “Сомон айр” дар рӯзҳои якшанбе ва ҷумъа дар масири Теҳрон-Душанбе-Теҳрон ва дар масири Машҳад-Душанбе-Машҳад низ дар рӯзҳои панҷшанбе барқарор шудааст, ки тибқи барномаи ҷадид ин парвоз дар рӯзҳои сешанбеи ҳар ҳафта анҷом хоҳад шуд.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфтааст, “қабл аз барқарории ин парвозҳои мустақим, шаҳрвандони ду кишвар ногузир буданд аз масири ғайри мустақим ва аз тариқи кишварҳои сеюм мусофират намоянд, ки илова бар афзоиши хароҷоти сафар, сабаби тулонӣ шудани замони сафар низ мешуд”.
Ӯ бо ишора ба тавсеаи равобити ду кишвар ва имзои тафоҳумномаи густариши ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ ва афзоиши теъдоди мусофирон умедвории афзоиши бештари парвозҳо низ шудааст.
13-уми июни соли 2022 парвозҳои мустқим дар хатсайри Теҳрон-Душанбе-Теҳрон оғоз шуда буд, ки дар як ҳафта ду парвоз аз сӯи ширкати ҳавопаймоии эронии “Iran air” ва тоҷикистонии “Сомона Эйр” анҷом дода мешуд.
Баъдан, охири соли гузашта, як парвози дигари мустақим ба самти Машҳад-Душанбе-Машҳад ба роҳ монда шуд. Дар маҷмӯъ, дар як ҳафта се парвоз ба ҳисоб мерафт.
Узбекистон имсол аз Тоҷикистон якуним баробар зиёд барқ хоҳад гирифт
Тибқи иттилои Шабакаҳои миллии барқи Узбекистон, бар асоси созишномае, ки бо “Барқи тоҷик” имзо шудааст, Тоҷикистон дар моҳҳои май-сентябри соли 2023 фурӯши нерӯи барқро ба ин кишвари ҳамсоя ба 1,28 миллиард киловат соат мерасонад.
Дар зимн, мақомоти Тоҷикистон аз моҳи январ то апрели имсол аз фурӯши нерӯи барқ 8,6 миллион доллар фоида ба даст оварданд.
Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳабдаҳуним дарсад бештар аст.
Содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷ ҳамеша як мавзӯи баҳсбарангез мемонад.
Баъзе аз сокинон мегӯянд, аввал бояд мардум дар кишвар бо гармиву рӯшноӣ таъмин шаванд, баъд барқ ба хориҷа фурӯхта шавад.
Боздошти ҷавони тоҷик дар Русия барои саркашӣ аз хизмат
Дар вилояти Саратови Русия як зодаи 19-солаи Тоҷикистон боздошт шудааст. Ӯро баъди муддати муайян ба Тоҷикистон истирдод мекунанд. Дар ин бора прокуратураи вилояти Саратов хабар медиҳад. Гуфта мешавад, шаҳрванди 19-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои саркашӣ аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ дастгир кардаанд.
Ҷавон ба он муттаҳам мешавад, ки мувофиқи даъватномаи ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии шаҳри Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ҳозир нашуда, ҳудуди давлатро тарк кардааст.
Ҳамин тариқ, ӯ бе мавҷуд будани асосҳои қонунӣ барои озод шудан аз хизмати ҳарбӣ, аз он саркашӣ кардааст. Амалҳои ӯ мутобиқи қисми 1 моддаи 343-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирӣ мешавад, омадааст дар гузориш.
Номбурда мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт ва моҳи декабри соли 2022 ҳангоми убури марзи Русияву Қазоқистон дар ноҳияи Озински вилояти Саратов аз ҷониби милитсия боздошт шудааст.
“Дар асоси натиҷаҳои санҷиш ҳеҷ гуна монеа барои истирдоди шахс ба давлати хориҷӣ, ки шартномаҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Федератсияи Русия пешбинӣ кардааст, муайян нашудааст”,- қайд карданд дар прокуратура.
Қонунгузории Тоҷикистон барои саркашӣ аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ ду намуди ҷавобгариро пешбинӣ мекунад – маъмурӣ ва ҷиноӣ.
Дар сурати мавҷуд набудани асосҳои қонунӣ барои озод кардан аз хизмат, бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 34 ҳазор то 68 ҳазор сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Вазорати дифои кишвар, то 10-уми май даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон 76% иҷро шудааст.
Дар рӯзи аввали cap шудани маъракаи даъват шаҳру ноҳияҳои ВМКБ аз 100% иҷро шудани нақша гузориш доданд. Дар Душанбе низ маъракаи даъват аллакай 100 фоиз иҷро шудааст.
Вилояти Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то кунун 77% ва вилояти Суғд 68%-и нақшаи даъватро иҷро кардаанд.
Шарҳи норасоии омӯзгор ба муассисаҳои таълимии Тоҷикистон
Икром Субҳонзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм сабабҳои норасоии омӯзгоронро дар Тоҷикистон шарҳ додааст. Ба гуфтаи ӯ, хатмкунандагони ихтисоси омӯзгорӣ қисме бесабаб ва қисме дигар бо сабабҳои гуногун ба ҷои кор ҳозир намешаванд.
Номбурда дар мусоҳибае бо нашрияи “Садои мардум” гуфтааст, дар беш аз 10 донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон мутахассисони равияи омӯзгорӣ омода мешаванд, вале “нақшаҳои пешбинишуда амалӣ намешавад”.
“Қисме аз хатмкардагони равияи омӯзгорӣ бе сабаб ва қисми дигар бо сабабҳои таҳсил дар зинаи магистратура, хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, баргардонидани маблағи таҳсил, дипломи аъло, ба шавҳар баромадан, рухсатии ҳомиладорӣ ва нигоҳубини кӯдак ба ҷои кор ҳозир нашудаанд”,– шарҳ додааст Икром Субҳонзода.
Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм гуфтааст, ҳар сол ихтисос ва равияҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишварро ба ҳисоби миёна 21 ҳазор нафар хатм мекунанд.
Ба таъкиди номбурда, аз ин теъдод 8,5 то 9 ҳазор нафарашон хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷетӣ ҳастанд.
“Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ доранд, дар доираи нақшаҳои пешбинишуда амалӣ намешавад”,– гуфтааст Субҳонзода.
Икром Субҳонзода таъкид кардааст, ки агар сафарбарнамоии хатмкунандагон ва назорати ба ҷои кор ҳозиршавии онҳо дуруст ба роҳ монда шавад, метавонад пурра норасоии кадрҳои омӯзгориро бартараф намояд.
Бояд гуфт, ки норасоии кадрӣ дар мактаб ва донишгоҳҳои кишвар яке аз масъалаҳои доғи маориф дар Тоҷикистон аст. Солҳост, ки омӯзгорони тоҷик тарки кор карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.
Пештар Вазорати мориф ва илми Тоҷикистон теъдоди мушаххаси норасоии кадрӣ дар соҳаи маорифро расонаӣ мекард. Вале дар нишасти охири ин ниҳод дар моҳи феврал Саид Раҳимзода, вазири мориф ва илм, аз пешниҳоди ин омор ба рӯзноманигорон худдорӣ кард.
Чин 3,7 миллиард доллар барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷудо мекунад
Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳурии мардумии Чин гуфтааст, ки кишвараш барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо ва татбиқи барномаю лоиҳаҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 26 миллиард юан (3,7 млрд доллар) ҷудо хоҳад кард.
Ӯ ин нуктаро имрӯз дар дар шаҳри Сиани Чин, зимни кори Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” дар ҷараёни суханрониаш иброз намудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар низ дар ин саммит иштирок ва суханронӣ кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон мавқеи устувори Тоҷикистонро дар роҳи мустаҳкам кардани ҳамкории гуногунҷанба дар чаҳорчӯби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” ҷиҳати таъмини амну субот, таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор таъйид кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ки буҳронҳои озуқаворӣ, энергетикӣ ва иқтисодию молиявӣ, инчунин пандемияи короновирус ва тағйирёбии иқлим ба талошҳои кишварҳо дар самти рушди устувор, таъсири манфӣ мерасонад.
“Рушди ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сармоягузорӣ ва тиҷорат фаъол карда шавад”, – пешниҳод кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Гуфта мешавад дар кори ҳамоиш имкониятҳо дар самти тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Чин дар соҳаҳои кишоварзӣ, рақамикунонӣ, инноватсия ва “технологияи сабз”, бахши гидроэнергетика ва дигар бахшҳои судовар таъкид гардид.
Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангию гуманитарӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ ишора кардааст.
Бояд гуфт, ки аз руи натиҷаи кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ” Эъломияи Сиан қабул гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва самтҳои асосии ҳамкориҳо байни кишварҳои ин ҳамоиш дарҷ шуданд.