fbpx

Ба сокини Панҷакент барои қатли ҳамсараш 23 сол ҳукми зиндон доданд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


1
1 point
Мард бо дастони баста

Хуршед Фозилов бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ гумонбар дониста мешавад

Сабаби боздошти Хуршед Фозилов, рӯзноманигори тоҷикро кормандони амният эълон кардаанд. Ӯ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд аст.

Рӯзноманигори тоҷикро боздошт кардаанд
Акс аз саҳифаи фейсбуки Хуршед Фозилов

Бародараш, Хушбахт Фозилов, ба «Радиои Озодӣ» мегӯяд, ӯ ба “даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ” гумонбар аст, вале на худаш ва на пайвандон қабул надоранд.

Мақомоти амниятии Панҷакент то ин дам расман шарҳ надодаанд ва кӯшиши хабарнигорон ҳам бенатиҷа анҷом ёфтааст. Далели онҳо барои эълони иттиҳом маълум нест.

Ба гуфтаи Хушбахт Фозилов бародарашро рӯзи якшанбе ва дар ҳузури вакили мудофеъ дидааст. “Аз саломатияш шикоят надошт. Осори шиканҷа ҳам дида намешуд, аммо хароб шудааст,” – нақл кард ӯ.

Вай илова кард, ки “мақомот Хуршедро бар асоси моддаи 307, қисми 2, банди “г”-и Кодекси ҷиноӣ (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет) муттаҳам кардаанд. Ҳоло вакили мудофеъ машғули ҳимояи ҳуқуқии бародарам аст.”

Ин банди қонуни ҷиноӣ аз се то ҳашт сол зиндонро дар назар дорад.

Хушбахт Фозилов мегӯяд, бародараш иттиҳомро комилан рад карда, дар ҳаққаш туҳмат донист.

Дар айни замон пайвандони рӯзноманигори боздоштшуда аз шурӯи як маъракаи, ба гуфтаашон, бадномсозии ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нигарон ҳастанд. Шахсе бо имзои Шараф Каримов дар матлабе иддао кардааст, ки “ӯ маълумот надорад”; “роҳи ғалатро интихоб кард”; “ба мардумфиребӣ даст зад”.

Хушбахт Фозилов мегӯяд, бародараш Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, ҳамвора аз тарафи мақомот дар Панҷакент ифтихорнома гирифтааст.

Хуршед Фозиловро рӯзи 6-уми марти имсол дар Идораи кору муҳоҷирати шаҳри Панҷакент дастгир карданд. Ӯ бештар дар масъалаҳои иҷтимоӣ, бахусус мушкили мардуму камбуди мақомот менавишт. 37-сола ва падари се фарзанд аст.

Дар як соли охир дар Тоҷикистон ҳафт хабарнигору блогер дастгир ва аз 7 то 20 сол зиндонӣ шуданд.

Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва намояндагони кишварҳои ғарбӣ ҳукуматро ба фишори афзоянда ба хабарнигорон танқид карданд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, хабарнигорон ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор шуданд.

Ба сокини Панҷакент барои қатли ҳамсараш 23 сол ҳукми зиндон доданд

Ҳайдар Ҳайдаров, сокини ҷамоати деҳоти Саразми  шаҳри Панҷакентро Суди вилояти Суғд ба куштори ҳамсараш гунаҳкор дониста, барои 23 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Сӯйиқасд ба зани тоҷик

Ӯ бо моддаи 104 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (куштор) гунаҳкор дониста шудааст.

Дар ҳукми суд гуфта мешавад, ки Ҳайдар Ҳайдарови 43-сола 14 сол қабл бо Бунафша Сиддиқова оила барпо карда, соҳиби як фарзанд ҳам будааст.

Сабаби куштори ҳамсар бемории Ҳайдар Ҳайдаров гуфта мешавад. Зикр мегардад, ки Ҳайдар Ҳайдаров ба бемории илтиҳоби ғадуди роҳи пешобдон гирифтор шуда,  наворҳои гуногуни тарзи табобатро дар телефони худ сабт намудааст.

“Соли 2020 телефонашро ба хоҳари ҳамсараш барои истифодаи муваққатӣ додааст. Баъди ба хотираш омадани наворҳои маҳрамона, телефонро бозпас гирифтааст ва минбаъд аз ҳамсараш гумонбар шудааст, ки гӯё ӯ ҳаёти шахсӣ ва бемории ӯро ба хешовандонаш нақл кардаву наворҳоро ба ҳама паҳн кардааст”, – гуфта мешавад дар ҳукми додгоҳ.

Ҳамин тавр, Ҳайдар Ҳайдаров пайваста бо ҳамсари худ муноқиша карда, ӯро латукӯб мекардааст.

“27-уми окятбри соли 2022 дар пайи чунин як муноқишаи оилавӣ, Ҳайдаров ҳамсарашро бо бераҳмии махсус, бо истифода аз корди хоҷагӣ ва болға ба қатл расонидааст”, – зикр мегардад дар ҳукми додгоҳ.

Дар Душанбе то 1-уми апрел интиқоли гармиро қатъ намекунанд

Дар Душанбе низоми интиқоли гармӣ то 1-уми апрел фаъолият мекунад. Сиҷоуддин Саломзода, муовини раиси шаҳри Душанбе дар ин бора имрӯз, 13-уми март иттилоъ дод.

Системаи гармидиҳӣ

Ба гуфтаи ӯ, дар шаҳрдории Душанбе то ба ҳол ягон қароре дар бораи санаи дақиқи қатъ шудани интиқоли гармидиҳӣ қабул нашудааст, вале “тибқи нақша интиқоли гармӣ аз 10-уми октябри соли 2022 шурӯъ шуда, то 1-уми апрели соли 2023 идома хоҳад кард”.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз сокинони пойтахт иддао карданд, ки шаби гузашта интиқоли гармӣ дар хонаҳояшон қатъ гардид.

Дар робита ба ин Сиҷоуддин Саломзода гуфт, ки “кӣ хомӯш кардааст ва бо кадом сабаб маълум нест, вале низоми гармидиҳӣ ҳоло фаъол хоҳад монд”.

Зимистони имсол низоми гармидиҳии шаҳри Душанбе бо сард омадани ҳаво бо мушкил мувоҷеҳ шуд. Низоми гармидиҳии пойтахт аз 14-уми октябр ба кор шурӯъ намуда, дар моҳи декабр, бо аввалин сардиҳо дар кишвар кораш камранг гашт.

Сокинони пойтахт тайи ду моҳ – декабри соли 2022 ва январи соли равон аз вазъи низоми гармидиҳӣ нигаронӣ намуда, аз хонаҳои сардашон паёпай шикоят мекарданд. Он вақт масъулин қисман мушкилро эътироф карда, зимистони сард ва мушкили норасоии маводи сӯхтро баҳона пеш оварда буданд.

Президент ба Бадахшон 26 автобус тақдим кардааст

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар арафаи ҷашни байналмилалии “Наврӯз” ба шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 26 автобуси мусофирбари замонавӣ тақдим намуд. Дар ин бора  Ғолиб Ниятбеков, сардори шӯъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи   ҳукумати ВМКБ дар саҳифаи фейсбукиаш иттилоъ додааст.

Автобусҳо ба Бадахшон

Ба иттилои номбурда, инчунин ду мошини ёрии таъҷилӣ низ ба вилоят тақдим гардид, ки алакай ба шаҳри Хоруғ расиданд.

Бояд зикр намуд, ки аз автобусҳои тақдимнамуда 5 адад барои шаҳри Хоруғ ва 3 – тоӣ барои ноҳияҳои вилоят дода шуданд.

Тақдими мошинҳо дар ҳолест, ки чанде пештар, баъди чандин солҳо ба ВМКБ парвози нахустини ҳавопаймо ба маркази маъмурии вилоят шаҳри Хоруғ низ сурат гирифт. Ҳавопаймои L410NG рӯзи 28-уми феврал парвози санҷишӣ анҷом дод.

Қирғизистон оғози моҳи шарифи Рамазонро эълон кард

Соли ҷорӣ моҳи Рамазон дар Қирғизистон 23 март фаро мерасад. Дар ин бора хабаргузории “Kabar” бо истинод ба Раёсати маънавии мусалмонони Қирғизистон хабар медиҳад.

Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон

Дар ин ниҳод гуфтанд, эҳтимоли таъхири якрӯза мавҷуд аст.

Бояд гуфт, Қирғизистон аввалин давлат дар Осиёи Марказӣ аст, ки санаи фарорасии моҳи Рамазонро эълон кард. Дар кишварҳои дигари минтақа ҳоло дақиқ накардаанд, ки моҳи Рамазон кай фаро мерасад.

Аз ҷумла, дар Тоҷикистон ҳоло мушаххас нашудааст, ки оғози моҳи Рамазон кай аст.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки “санаи дақиқи фарорасии моҳи Рамазонро ҷаласаи Шӯрои уламои кишвар муайян мекунад”.

Моҳи Рамазон бо рӯзагирӣ фаро мерасад ва маъмулан 30 ё 29 рӯз давом мекунад. Мусалмонон дар ин моҳ аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб аз хурдану ошомидан худдорӣ меварзанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend