20-уми сентябр мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ аст. Агар бемории вахими КОВИД-19 Гулназарро аз байни мо намебурд, Тоҷикистон 80-солагии муаллифи Суруди миллиро таҷлил мекард.
Ба хотири ҷашни юбилейи шоири тавонои тоҷик мо кӯшиш кардем, ки бо такя ба гуфтаҳои адабиётшиносу нависандаву тарҷумон рӯзгор ва корномаи Гулназарро ба риштаи тасвир кашем.
Аз кӯҳистон то пойтахт
Гулназар Келдӣ 20-уми сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ, дар оғӯши кӯҳҳои баланд ба дунё омад. Номи ӯ – Гулназар – худ як пешгӯӣ буд, ки ба маънои “назари гул” ё “назари зебоӣ” аст. Ин ном рамзи он буд, ки ӯ ба ҷаҳони атроф бо чашми дигар нигоҳ карда, рангҳо ва маъниҳои навро дармеёфт.

Шеъргӯиро дар дабиристон оғоз карда буд ва нахустин ашъораш дар рӯзномаҳои мактабӣ чоп мешуданд. Омӯзгораш Қутбӣ Киром, ки худ шоир буд, ӯро дар роҳи эҷод ташвиқ намуд.
Гулназар мактаби миёнаро бо нишони тило хатм карда, ба факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуд ва онро соли 1966 бо дипломи аъло хатм кард.
Фаъолияти кориро аз нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз карда, баъдан дар маҷаллаи маъруфи “Садои Шарқ” идома дод. Солҳои 1975-1977 дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор кард. Аз соли 1991 дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ба ҳайси сармуҳаррир фаъолият намуда, дар кору чорабиниҳои фарҳангии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нақши фаъол дошт.

“Дар мавқеъ ва ақидаи худ устувор буд”
Абдураҳмон Абдуманнонов, адабиётшиноси маъруфи тоҷик бар ин назар аст, ки Гулназар аз оғози роҳи эҷод “ба тасвир майл дошт, дунё, манзараҳо, мардумро бо чашми дил медид, дилдодаву дилбохта буд”.
Ӯ меафзояд, ки “ҷавоншоирони насли Гулназар, дар ашъори ошиқона аз Аминҷон Шукӯҳӣ, дар шеърҳои иҷтимоӣ аз Ғаффор Мирзо, дар навҷӯиҳо ва хусусан дар ҳамоса аз Муъмин Қаноат бештар пайравӣ мекарданд”.

Вале, ба гуфтаи адабиётшинос, Гулназар дар миёни ин таъсирҳо боз ҳам роҳи эҷодии хешро паёдо кард: “агарчи дар шинохту арзишгузории осори ҳамқаламон Гулназар ҳамеша ҳадди эътидолу инсофро риоят кард, вале дар мавқеъ ва ақидаи худ устувор буд”.
“Гулназар аслан шоири ғазалсаро буд. Ин ҷо манзурам аз ғазал на шаклу қолаби шеър, балки муҳтаво ва дарунмояи он аст. Яъне ӯ табиатан шоири ғаноӣ ва ошиқ буд”, – таъкид мекунад Абдуманнонов.
Бо вуҷуди ин, Абдураҳмон Абдуманнонов бар ин ақидаст, ки беҳтарин бозёфтҳои Гулназар дар рубоӣ ва дубайтиҳо аён шудаанд.
Гулназар – сарбози зираку фидоии адабиёт
Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, ки солҳои тӯлонӣ бо Гулназар ҳамкорӣ доштааст, аз шахсияти инсонии ӯ бо таҳсини зиёд ёд мекунад:

“Охири соли 1977 чун маро ба маҷаллаи “Садои Шарқ” ба кор пазирифтанд, бо Гулназар ҳамкору ҳамнишин шудам. Ӯ мудири шуъбаи очерку публисистика буду ман ходим. Инсони нарму хайрхоҳ буд.
Агар ҳамкори Гулназари ҷавонмард намешудам, шояд зуд роҳи дигарро пеш мегирифтам”, – таъкид мекунад нависанда.
Дар бораи нақши Гулназар дар айёми талху мушкили ҷанги шаҳрвандии кишвар Абдулҳамид Самад мегӯяд, “Гулназар рисолати адабиашро чун сарбози зираку хушманд ва фидоии адабиёт ва ҷигарбанди содиқи миллат, бо саҳми сазовор гузоштан дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва давлатамон медонист”.
Ӯ ба заҳматписандии шоир таъкид карда, аз хотироти замони ҷанги шаҳрвандӣ чунин нақл кард: “ба ёд дорам, ки тақрибан ҳар субҳ бо чашмони аз бехобӣ фурӯрафта, бо тани афсурдаву рӯҳи хаста аз дари дафтари кориам даромада, мегуфт: “Шаб хобам набурд, як (ё ду-се) шеър навиштам, хонаматон?”. Мехонд, бо сӯзу дард мехонд”.

Ба қавли ӯ, дар айёми ҷанги шаҳрвандӣ “Гулназар бо шеър зинда буд ва агар бигӯям, ки аксари вақтҳо ба ҷои нон ғизои сухан мехӯрд, муболиғае нахоҳад шуд”.
Ин нависанда мегӯяд, ки пас аз сулҳи тоҷикон Гулназар восифи сулҳу ваҳдат шуд ва бахше аз эҷодиёташ дар ин маврид буд.

“Саволе пеш меояд, ки Гулназар то охири умр бо ковишу пажӯҳиши бадеӣ ба ҳадафи хеш расид ё не? Ба андешаи банда басо зебою бурдборона расид. Яъне, ба эҷодиёти доманадору рангин ва шахсияти адабии Гулназар имрӯзу фардо наметавон ба чашми кам нигарист. Ӯ дар радифи шоирони тавоно маскан дорад. Вай фидоӣ ва тараннумгари содиқи Тоҷикистони соҳбистиқлол буд”, – таъкид мекунад Абдулҳамид Самад.
Шуҳрати шеъри Гулназар дар ҷаҳони араб
Назруллоҳи Назар, дипломат, шоир ва тарҷумони тоҷик, дар бораи Гулназар мегӯяд, “устод Гулназар барои ҳама азизу муътабар ва шеъри нобашон муаррифигари устод, баёнгари санъати баланди эҷодкорист”.

Мавсуф аввалин сафири Тоҷикистон ба кишварҳои арабӣ аст ва донандаи хуби забони арабӣ мебошад. Ӯ Суруди миллии Тоҷикистонро ба забони арабӣ тарҷума кардааст. Мавриди таъкид аст, ки ин тарҷума то кунун ягонаи тарҷумаи манзум, яъне бо ҳамон вазну қофия ва муҳтаво ба забонҳои хориҷӣ аст.
“Он борҳо дар матбуоти араб нашр шуд ва ҳатто мактаббачаҳои яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии Миср онро ҳам ба арабӣ ва ҳам ба забони асл бо оҳангаш борҳо сурудаанд”, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Назар хусусияти матни Суруди миллиро чунин тавсиф мекунад: “матни Суруди миллии мо бесобиқа ва беназир аст. Ҷои баҳс нест, ки сурудҳои миллии тамоми давлатҳои ҷаҳон аз васфу ситоиши гузашта, ҳозира ва ояндаи давлату миллат иборатанд, вале наметавон аз байни онҳо сурудеро пайдо кард, ки дар баробари он ҳама мазмуни интернатсионалистӣ низ дошта бошад”.
Ӯ махсусан ба мисраъи “Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост” ишора карда, мегӯяд, “ин аст хулосаи инсондӯстию ҷаҳондӯстии тоҷикон, ин аст хатти машши сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол”.
Нарзуллоҳи Назар аз дигар ҳамкориҳояшон ҳам ёдовар шуда, иброз дошт, ки “аз устод Гулназар хеле зиёд ба арабӣ тарҷума кардаам, шеъри устодро дар ҷаҳони араб хуб пазирифтаанд”.
“Маҷмуаи ашъори устод ҳамроҳ бо Гулрухсор дар Кувайт соли 2006 бо номи “Гули рухсор ва гули назар” чоп шуда, писанди хонандагони араб гардид”, – таъкид мекунад Нарзуллоҳи Назар.
Чанде аз корномаи Гулназар
Нахустин маҷмуаи шеърҳои Гулназар бо номи “Расми сарбозӣ” соли 1969, яъне вақте ки ӯ ҳамагӣ 24-сола буд, аз дасти чоп раҳо шуд. Дар давоми фаъолияти эҷодиаш якчанд маҷмуаи арзишманд ба нашр расонид: “Дастархон” (1972), “Нардбон” (1975), “Ағба” (1978), “Паҳно” (1981), “Лангар” (1983), “Пайи дарё” (1985), “Чашми нигин” (1988), “Табхола” (1992), “Туву хубиву раъноӣ” ва дигарон.

Маҷмуаҳояш ба забони русӣ низ бо номи “Звезда Улугбека” (1981), “Безымянный родник” (1986) ва “Тень тутовника” (1989) чоп шуданд. Ашъораш дар Эрон ва Афғонистон низ ба табъ расидааст.
Соли 1994 барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 1995 унвони Шоири халқии Тоҷикистонро гирифт. Вай муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон мебошад, ки соли 1991 ҷойгузини суруди кӯҳнаи даврони шӯравӣ шуд.
Дар адабиёти кӯдакон низ маҷмӯае бо номи “Се кулчаи танӯрӣ” дорад. Гузашта аз шеъргӯӣ, дар навиштани филмнома низ табаҳҳур дошт ва филмномаи бахши дуюми сериёли “Дар орзуи падар” аз ӯ мондааст.
Соли 2016 бо қарори Палатаи Аврупо бо дипломи “Diploma di Merito” ва медали Аврупо барои хизматҳояш дар соҳаи адабиёт қадрдонӣ гардид.

Имрӯз мероси адабии Гулназар Келдӣ дар китобхонаҳо ва дилҳои ҳаводорони адабиёт зинда аст. Шеърҳояш, махсусан дубайтӣ ва рубоиҳояш, дар миёни мардум паҳн шуда, бахши ҷудонашавандаи фарҳанги миллии тоҷикон гаштаанд. Суруди миллӣ, ки аз қалами ӯ баромадааст, ҳар рӯз дар тамоми Тоҷикистон садо дода мешавад ва символи ваҳдату истиқлоли миллӣ мебошад.
Ин шоири шаҳир 13-уми августи соли 2020 дар 75-солагӣ дар Душанбе вафот кард ва ӯро дар оромгоҳи Лӯчоб ба хок супориданд.
Зармеҳри Раҳмат. Your.tj