fbpx

Аз ҷудокунии партов то коркарди он ҳамчун манбаи энергия. Ҳафтаи сабз дар Иттиҳоди Аврупо

Дар як сол беш аз 100 ҳазор тонна партов коркард шуда, аз ҳисоби истихроҷи он 15 ҳазор бинои истиқоматӣ бо нерӯи барқ ​​таъмин мешавад.


0
Намояндагони Тоҷикистон
Гурӯҳи рӯзноманигорони тоҷик дар Брюссел

Дар Ҳафтаи сабз (Green Week)-и Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзҳои 6-7-уми июни соли ҷорӣ дар Брюссел баргузор гардид, дар баробари намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо рӯзноманигорони нашрияҳои мухталифи кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ширкат доштанд. Дар конфронси мазкур масъалаи чӣ гуна ба сатҳи сифр поён бурдани партовҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуд.

Иштирокдорон, инчунин, дар ҷараёни сафар ба дигар шаҳрҳои кишвари Белгия бо корхонаҳои коркарди партов аз наздик шинос шуда, шоҳиди он шуданд, ки чӣ тавр ин мамлакат бо партов бомуваффақият мубориза мебарад.

Ҳафтаи сабз дар Аврупо

Рӯзномаи Ҳафтаи сабзи Иттиҳоди Аврупо, бузургтарин чорабинии солонаи сиёсати экологии Аврупо, имсол ба ҳадафҳои ба сифр баробар кардани ифлосшавии муҳити зист бахшида шуда буд. Ин мавзӯъ нуқтаи муҳими муомилоти “сабз”-и Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки барои самаранокӣ ва устувории захираҳои иқтисодии ИА тарҳрезӣ шудааст.

Конфронси Брюссел, ки рӯзҳои 6-7 июн дар Комиссияи Аврупо баргузор шуд, макони баҳс дар мавзӯи коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, ки ба гармшавии глобалӣ ва тағирёбии иқлим оварда мерасонад, гардид.

Конфронси экологӣ дар Белгия

Сиёсатмадорон, соҳибкорон, олимон ва фаъолони экологӣ таҳаввулоти охиринро дар соҳаи гуногунии биологӣ, таъсири ҷанг дар Украина ба муҳити зист, иқтисодиёти даврашакл баррасӣ карданд ва инчунин пешниҳодҳои қонунгузории ахир ва дарпешистодаро оид ба ҳифзи муҳити зист баррасӣ карданд.

Дар баробари намояндагони нашрияҳои расонаҳои аврупоӣ, рӯзноманигорон ва блогерҳо аз Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон барои ширкат дар Ҳафтаи сабзи Иттиҳодияи Аврупо даъват шуда буданд.

Намояндагони Осиёи Марказӣ
Намояндагони ВАО-и кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Брюссел

Онҳо имкон доштанд, ки на танҳо мисолҳои муваффақият ва беҳтарин роҳҳои ҳалли Иттиҳоди Аврупоро барои коҳиш додани ифлосшавӣ бишнаванд, балки шахсан бо коршиносони ин соҳа муошират кунанд ва саволҳои ҷолиб диҳанд.

“Бӯҳрони иқлимро метавон эҳтимолан харобиовартарин фалокати экологии глобалӣ арзёбӣ кард, ки имрӯз тамоми ҷаҳон бо он рӯбарӯ аст. Ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин замина бештар осебпазиранд”,- мегӯяд Алия Ҳамидуллина, рӯзноманигор аз Тоҷикистон, таассуроти худро аз ширкат дар ин ҳамоиш.

-Обшавии босуръати пиряхҳо, нарасидани захираҳои об, нобудшавии ҷангалзорҳо, аз байн рафтани гуногунии биологӣ – ин ва дигар оқибатҳои тағирёбии иқлимро имрӯз кишварҳои мо эҳсос мекунад, зеро моро на танҳо сарҳадҳои умумӣ, балки захираҳои об низ ба ҳам мепайвандад. Мо бояд муттаҳид шуд ва дар кишварамон чунин чорабиниҳоро гузаронем. Зеро агар барои ҳифзи муҳити зист ва мутобиқ шудан ба тағирёбии иқлим чораҳои ҷиддитар андешида нашаванд, оқибатҳои он хеле ғамовар буда метавонад”,- афзуд ӯ.

Конфронс дар Брюссел
Вохӯрӣ бо Петер Стано

Дар доираи ҳафтаи сабзи Иттиҳоди Аврупо рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ бо Питер Стано, сухангӯи пешбари умури хориҷӣ ва сиёсати бехатарии Комиссияи Аврупо мулоқот карданд. Вай ба журналистон дар бораи сохтори хадамоти матбуоти КА маълумот дод.

Ӯ дар бораи аз чӣ иборат будани рӯзи кориашон; брифингҳои нисфирӯзии матбуот чӣ гуна кор мекунанд; ва дар куҷо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо метавонад конфронсҳои матбуотӣ баргузор кунад, сухан ронд.

Ҳар яке аз рӯзноманигорон имкон пайдо карданд, саволҳои худро дода, посух бигиранд.

корхонаи коркарди партов
Заводи ширкати Tibi дар 1 сол 110 ҳазор тонна партоврро коркард мекунад

Партов – манбаи энергия

Барои боз ҳам бештар ҷалб кардани намояндагони ВАО-и Осиёи Марказӣ ба рӯзномаи ҷаҳонии ин чорабинии бузурги аврупоӣ, ба онҳо имкон дода шуд, ки кори ширкатҳои коркарди партовҳои Белгияро бо чашми худ бубинанд.

Бояд гуфт, ки фаъолияти чунин ширкатҳо асосан бо ташаббус ва маблағгузории давлат ба роҳ монда шудааст.

Яке аз чунин ширкатҳо Tibi мебошад, ки дар минтақаи Шарлеруаи Белгия ҷойгир аст. Зиёда аз 70 сол аст, ки ширкат кӯшиш мекунад, ки ба коркарди партовҳо диққати ҳамаҷониба дода, ба ҳифзи муҳити зист ва сабзгардонӣ саҳм гузорад.

Рӯзноманигорон дар корхонаи Tibi
Боздиди рӯзноманигорони кишварҳои ОМ аз ширкати коркарди партови Tibi

Ширкат як қатор чорабиниҳоро ба роҳ мондааст, ки имкон медиҳад мушкили ҷудокунии партовҳо барои сокинони вилоят самараноктар ва қулай ҳал карда шавад.

коркарди партов
Рафти кор дар заводи Tibi

Аз ҷумла, гашрдиши ҳарҳафтаинаи хонаҳои сокинон барои ҷамъоварии партовҳои ҷудошуда, ташкили минтақаҳои махсуси коркарди партовҳои калонҳаҷм, таъмини тозагии ҷамъиятӣ дар кӯчаҳои шаҳр, баргузории чорабиниҳои тарбиявӣ дар мактабҳо ва ғайра мебошанд.

Ҷудокунии партов
Заводи VALTRIS, ки беш аз 20 ҳазор тонна партовро ҷудо мекунад

“Огоҳии экологии ҳозираи шаҳрвандон фавран ба миён наомад, ба ин даҳсолаҳо лозим шуд. Дар аввал тамоми партовҳо сӯзонда мешуданд. Бо гузашти вақт одамон фаҳмиданд, ки ба навъҳо ҷудо кардани партов арзонтар ва фоиданоктар аст. Баъдтар дарк кардани аҳамияти ин раванд бе фоидаи иқтисодӣ пайдо шуд.

Имрӯзҳо ба навъҳо ҷудо кардани партовҳоро шаҳрвандон ихтиёран ба ҷо меоранд. Ҳар як шаҳрванд ҷавобгарӣ ва масъулияти худро дар назди табиат ҳис мекунад. Мо, ҳамчун шахсони масъул ӯҳдадор ҳастем, ки дар ин саҳм гузорем”,- гуфт Флавио Латтука, мудири шӯъбаи барқарорсозии энергия дар Tibi дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон.

Коркарди партовҳои хатарнок
Заводи Revatech дар Белгия барои коркарди партовҳои хатарнок

Дар айни замон, иқтидори Tibi ҳудуди беш аз 500 километри мураббаъ ва 420 ҳазор нафар аҳолиро фаро мегирад. Хатти аз ҳисоби давлат сохта шудааст, имкон медиҳад, ки дар як сол беш аз 100 ҳазор тонна партов коркард карда, аз ҳисоби истихроҷи он 15 ҳазор бинои истиқоматӣ бо нерӯи барқ ​​таъмин шавад.

“Ин аввалин сафари ман ба як кишвари аврупоӣ буд. Маро кӯчаҳои тозаву озодаи Брюссел мафтун карданд. Коркарди партовҳо ва истифодаи он ҳамчун энергия як қадами воқеан муҳим дар роҳи ҳифзи муҳити зист мебошад. Таҷрибаи ҷудо кардани партовҳо ба навъҳо ва чӣ тавр бо камоли масъулият муносибат кардани шаҳрвандон ба он хеле ибратбахш аст. Ин ҳама метавонад барои кишвари мо як таҷрибаи хубе бошад”,- таассуроти худро иброз дошт хабарнигори тоҷик Шодмон Кенҷаев.

Брюсссел
Яке аз кӯчаҳои Брюссел-пойтахти Белгия

Рӯзноманигорон, инчунин аз заводи VALTRIS боздид карданд, ки дар он зиёда аз 20 ҳаазор тонна маводи пластикӣ ва дигар зарфҳо ба навъхо чудо карда мешаванд. Дар ширкати Revatech бошад, иштирокчиёни пресс-тур бо технологияҳои нави коркарди партовҳои хатарнок ва татбиқи минбаъдаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни саноат шинос шуданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend