fbpx

Аз футболи кӯча то “Портуэнсе”-и Испания. Артур Фозилов кист

Ӯ ҳоло имкон дорад ба лигаи сеюми ин кишвар гузарад, зеро аллакай аз ин лига ду дастаи дигар ба ӯ пешниҳоди ҳамкорӣ кардаанд.


0

Ҳамлагари 20-солаи тоҷик Артур Фозилов бо бошгоҳи Портуэнсе-и Испания шартнома баст. Ӯ то ба ин бошгоҳ гузариш кардан дар дастаҳои “Регар-Тадаз” ва “Ҳосилот” бозӣ кардааст. Ҳатто унвони беҳтарин бозингари даври ниҳоиии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро низ соҳиб гардидааст.

Муаллифи Your.tj бо ӯ атрофи корномаи футболбозӣ ва фаъолият дар дастаи наваш суҳбат кард.

Бозии кӯча сабаби ба футбол омадан гардид

Артур аз хурдсолӣ қисса мекунад, ки замони дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт зиндагӣ карданаш, бо кӯдакони он ҷо футбол бозӣ мекард. Ҳамон вақт дар шаҳр Чемпионати шаҳри Душанбе миёни хурдсолон мегузашт.

Дар ин миён як гурӯҳ футболбозони ин маҳалла дар ин мусобиқа иштирок мекунанд, ки Артур низ дар байни онҳо буд. Лаёқату маҳорати футболбозии Артурро ҳамон замон дида, аллакай мураббиён ба ӯ таваҷҷӯҳ мекунанд.

“Ҳангоми дар Чемпионати шаҳри Душанбе бозӣ кардан, маълум буд, ки ман аз дигар бачаҳо хубтар бозӣ мекунам. Дар ин вақт як муррабӣ, ки аз дигар даста бо футболбозонаш дар мусобиқа иштирок мекард, маҳорати бозии маро дида, даъват намуд, ки баъд аз хотимаи мусобиқа дар дастаи ӯ бозӣ кунам. Ман розӣ шудам ва бо ҳамин роҳи ман аз футболи кӯча ва варзишгоҳ кушода шуд”,- нақл кард Артур.

Ҷароҳати пой аз футбол дур кард

Артур Фозилов ҳангоми футбол бо дӯстонаш дар яке аз бозиҳо аз зонуяш захм мебардорад. Ба ин сабаб як муддат аз футбол канор меравад. Вале бо вуҷуди ин ӯ натавонист аз футбол даст кашад.

“Дар яке аз бозиҳои дӯстона ҳангоми бархӯрд бо рақибам аз зонуям ҷароҳати сахт бардоштам. Баъди ба духтур муроҷиат кардан, гуфтанд, ки бояд ҷарроҳӣ кунем ва барқарор шудани осеб муддати зиёдро талаб мекунад. Пас аз ҷарроҳӣ ва табобати дурудароз то ду сол ман натавонистам ба футбол баргардам”,- ба хотир овард ҳамсуҳбати мо.

Мавсуф баъди пурра шифо ёфтан бо кӯмак ва даъвати футболбоз Фатҳулло Фатҳуллоев ба дастаи “Регар-Тадаз” барои ду мавсим гузариш мекунад. Дар дастаи “Регар-Тадаз” Артур маҳорати футболбозиашро сайқал дода ба натиҷаҳои баланд шарафёб гардидааст.

Финали Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2022 миёни дастаҳои “Регар-Тадаз” ва “Ҳосилот” рақобате буд, ки Артур дар он маҳорати воло нишон дода, ба задани ду гол даст меёбад.

Дар ин бозӣ дастаи “Регар-Тадаз” бо ҳисоби 4:0 ғолиб меояд ва Артур Фозилов беҳтарин бозингари бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон эътироф мегардад.

“Дӯстам сабаби ба футболи Испания рафтанам шуд”

Артём ном дӯсти Артур, ки дар Испания фаъолияти тиҷоратӣ дорад, ба бозии ӯ таваҷҷӯҳ мекунад ва аз Артур хоҳиш мекунад, ки чанд лаҳзаи бозиашро ба навор гирифта фиристад.

“Вақте ин рафиқам ба ман гуфт, ки аз бозиат навор равон кун, ман низ чанд видеои бозиамро ба ӯ фиристодам. Дар аввал фикр мекардам, ки ӯ барои бозии маро тамошо кардан чунин хоҳиш кард.

Аммо, ӯ наворҳои бозиро бурда ба чанде аз шиносҳои футболбозаш, ки дар дастаи “Портуэнсе”-и Испания кор мекарданд, нишон медиҳад ва ин бозии ман ба онҳо писанд омад. Сипас хостанд, ки ман ба Испания равам ва дар дастаи онҳо бозӣ кунам”,- ба ёд овард футболбози ҷавон.

Омода кардани ҳуҷҷатҳои сафар барои ба Испания рафтан вақти зиёдро талаб кард. Дар ин миён ба хотири аз даст надодани услуби бозиаш Артур ба қароре меояд, то ба дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор гузарад. Чунин ҳам мешавад ва ӯ дар ин даста як мавсим бозӣ мекунад.

“Ҳуҷҷатҳоям қариб омода буд, фақат интизори виза будам. Барои ин ба ман лозим шуд то 6 моҳ мунтазир шавам. Бозӣ дар дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор бароям як таҷрибаи дигарро дод. Баъд аз хатми мавсими футбол дар ин даста, ҳамаи ҳуҷҷатҳоям омода гардид ва ба давлати Испания омадам”,- гуфт Артур.

“Аз дастаҳои беҳтарини Испания пешниҳод дорам”

“Портуэнсе” бошгоҳест, ки дар минтақаи Адалусия ва Лигаи 5-уми Испания қарор дорад. Артур бо ин даста ба муҳлати шаш моҳ шартнома ба имзо расонидааст ва ҳамчун ҳуҷумкунанда ва нимҳимоятгар бозӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, дар сурати барвақт омода шудани ҳуҷҷатҳояш, имкони дар дастаҳои аз ин лига поёнтар бозӣ карданро дошт.

“Пас аз анҷоми шартномаам бо ин даста, имкон дорам ба лигаи сеюми ин кишвар гузарам, зеро аллакай аз ин лига ду дастаи дигар пешниҳоди ҳамкорӣ кардаанд.

Муносибат бо ҳамдастаҳоям хуб, алакай одат карда истодаам ва муошират бо забони англисӣ мебошад, ки ин бароям муносиб аст. Бо усулу методҳои нав тамринҳоро шуруъ намудем ва худамро дар формаи хуби варзишӣ эҳсос мекунам”,- гуфт варзишгар.

Артур Фозилов мехоҳад ояндаи худро дар Испания созад ва кӯшиш дорад ба бозингари асосии даста табдил ёбад. Ӯ дар ин роҳ танҳо ба худ боварӣ доштанро асоси муваффақият медонад.

Саддамҷон Давлатов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend