fbpx

Эмомалӣ Раҳмон 23 судяро аз вазифа барканор кард

Ҷойи баъзеи онҳоро ба ҳамдигар иваз кард ва ба ҷойи қисме аз онҳо нафарони навро дар вазифа таъин намуд.


0
Эмомалӣ Раҳмон
Акс аз Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Имрӯз, 12 феврал президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти судии кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод. Дар ин бора Хадамоти матбуотии сарвари давлат хабар дод.

Таъйини судяҳо

  • Раиси суди шаҳри Хуҷанд Мирзошариф Ҳоҷизода аз ин вазифа барканор ва раиси суди вилояти Суғд таъин гардид.
  • Фахриддин Зарифӣ, ки то ин дам дар курсии судяи суди вилояти Суғд менишаст, муовини раиси суди вилояти Суғд таъин карда шуд.
  • Маъруфҷон Бурҳониён аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд барканор ва раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин гардид.
  • Зафар Саидшозода аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Хуҷанд барканор шуда, ба курсии раиси суди ноҳияи Муъминобод нишаст. Ҷурахон Раҳмон, ҳамакнун собиқ раиси суди ноҳияи Муъминобод муовини якуми раиси суди шаҳри Хуҷанд таъин гардид.
  • Акрам Аҳмадзода аз вазифаи судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд озод гардида, раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд таъин гардид.
  • Шаҳриёр Искандарзода, ҳамакнун собиқ судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ба курсии судяи суди вилояти Суғд нишаст ва Исроил Иброҳимзода аз вазифаи судяи суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон барканор шуда, судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд таъин карда шуд.
  • Отабек Эркинзода аз вазифаи судяи суди ноҳияи Зафаробод барканор ва судяи суди ноҳияи Ашт ва ҳамакнун собиқ судяи суди ноҳияи Ашт Шерзод Абдуллозода судяи суди ноҳияи Зафаробод таъин карда шуд.
  • Ғайрат Сангинзода, ки то ин дам дар курсии раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе менишаст, акнун раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин шуд ва ба ҷойи ӯ Сарфароз Кабирзода, ки то ин дам дар вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ буд, акнун ба курсии раиси суди ноҳияи мазкур нишаст.
  • Анис Муқимӣ аз курсии судяи суди шаҳри Турсунзода хеста, ба курсии судяи суди шаҳри Душанбе нишаст.
  • Саидхоҷа Шарифзода бошад, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод гардида, судяи суди шаҳри Роғун таъин карда шуд.
  • Джурабек Ширинзода аз вазифаи судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озод гардида, муовини раиси суди шаҳри Ҳисор таъин гардид.
  • Судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Собир Мирзозода аз ин вазифа барканор ва судяи суди шаҳри Душанбе таъин карда шуд.
  • Рудоба Шарифзода, ки муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе буд, акнун ба курсии раисии он нишаст.
  • Раиси суди шаҳри Конибодом Анварҷон Абдуғафорӣ аз ин вазифа барканор ва судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд. Инчунин Муҳаммадвали Назрӣ низ судяи суди ҳамин вилоят таъин гардид.
  • Бахтиёр Пирумшозода, ки то ин дам дар вазифаи судяи суди шаҳри Роғун буд, акнун судяи суди ноҳияи Ванҷи ВМКБ таъин гардид.
  • Баҳодур Муҳиддинзода аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷайҳун озод гардида, раиси суди шаҳри Кӯлоб таъин шуд ва ба ҷойи ӯ Сафарбек Нурализода ба курсии раиси суди ноҳияи Ҷайҳун нишаст. Ӯ то ин дам муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе буд.
  • Диловар Сафарзода, ки то ин дам муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ буд, акнун раиси суди ноҳияи Панҷ таъин гардид.

Маҷлис бо судяҳо

Баъдан Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навтаъинро барои суҳбат ба ҳузур пазируфта, ба баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои судӣ, дониши васеи қонунҳои миллӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ таъкид намуд.

Инчунин президент донистани забони давлатро дар сатҳи баланд ва ба ҳамин сатҳ аз худ намудани ду забони хориҷиро вазифаи муҳим шуморид ва барои омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ ба кормандони мақомоти судӣ ва ҳамаи хизматчиёни давлатӣ як сол муҳлат дод.

Ғайр аз ин, сарвари давлат доир ба баррасии саривақтии парвандаҳои ҷиноятӣ, диққат ҷиддӣ додан ба арзу шикоятҳои мардум, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун супоришҳои қатъӣ дод.

“Поквиҷдону поктинат бошед, хушмуомила бошед, зеро иззату эҳтироми кас дар ҷомеа танҳо аз роҳи хизмати беғаразона ба мардум ба даст меояд”, – таъкид Эмомалӣ Раҳмон.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend