fbpx

Атласу адрас: Дар Тоҷикистон либоси нави милисазанонро рӯнамоӣ карданд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи ВКД Тоҷикистон

Нуҳ объекти таърихии дигари Тоҷикистон ба феҳристи пешакии ЮНЕСКО шомил гардид

Нӯҳ объекти таърихию фарҳангии долони “Зарафшон-Қароқум” расман ба Феҳристии пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.

Ин долонҳо дар Шоҳроҳи бузурги таърихии “Абрешим” ки тавассути кишвари мо мегузарад ҷойгир шудаанд.

Аз ҷумла дар долони “Зарафшон-Қайроқум” 9 адад объектҳои таърихию фарҳангӣ аз қабили “Панҷакенти Қадима”, “Шаҳраки Санҷаршоҳ”, “Шаҳраки Ҳисорак”, “Гардани Ҳисор”, “Қалъаи Муғ”, “Қум”, “Тали Хамтуда”, низоми обёрикунии “Токсанкорез” ва Мақбараи “Хоҷа Муҳаммади Башоро” мебошад.

Ин ёдгориҳо солҳои сол аз ҷониби муҳаққиқону бостоншиносони ватаниву хориҷӣ таҳқиқу кашф ва ҳафриёт гардидаанд.

Президент мардумро ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон шодбош гуфт

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотияш ба муносибати фаро расидани моҳи Рамазон ба мардум “нури имону маърифат, хайру баракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу” кардааст. Хамчунин дар табрикот ӯ аз пурчолиш омадани соли 2021 низ ҳушдор медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки дар чунин шароит мо бояд тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳоро барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва захираи он сафарбар созем. Дар ин паёми шодбошияш президенти Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ки дар асоси таъкиди уламои шариат ва фақеҳони дини мубини ислом шахсоне, ки дар шароити душвор кору фаъолият мекунанд, касбашон ба таъмини маводи озуқа вобаста аст ё дар соҳаҳои саноату истеҳсолоти вазнин машғул мебошанд, рӯзадорӣ барои онҳо боиси душвориву машаққат мегардад. Аз ин лиҳоз, хӯрдани рӯза барояшон иҷозат дода шудааст ва онҳо метавонанд дар вақти мусоиди дигар рӯзаи худро анҷом диҳанд, – гуфтааст президент

Либоси милисазанҳои тоҷик аз атласу адрас

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон либоси нави занонаи кормандони милисаро рӯнамоӣ кардааст, ки аз ҷониби як тарроҳи суғдӣ таҳия шудааст. Вебсайти расмии ин ниҳод рӯзи 12-уми апрел бо нашри чанд акс намунаи либоси идонаи низомӣ ва саҳроии ходимони милитсияи Тоҷикистонро пешниҳод кардаанд, ки аз матои миллии адрас дӯхта шудаанд.

Маълум нест, ки оё ин либос тасдиқи сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон – президент Эмомалӣ Раҳмонро дарёфт хоҳад кард ё на.

Вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аллакай ин аксҳоро муҳокима мекунанд.

Бархе аз ин либос ситоиш кардаанд, вале аз назари чанде дигар, либоси низомӣ наметавонад аз матои нарми мисли адрасу атлас таҳия шавад. Бархе мегӯянд, мақомот солҳои охир истифодаи матову нақшу нигори миллиро дар сару либоси расмиву ҷашнӣ аз ҳад зиёд кардаанд.

“Ба доми билетфурӯшони фиребгар наафтед” – ҳушдори мақомоти тоҷик

Дар пасманзари боз шудани парвозҳои доимӣ ба Русия, вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз сокинон хостааст, ки ҳушёр бошанд ва ба сафар бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ нараванд. Мақомот инчунин сокинонро ҳушдор додаанд, ки ба ҳангоми харидани билети сафар ба самти Маскав аз ҳушёрӣ кор гиранд ва “ба доми фиребгарон наафтанд“.

Маълум нест, ки оё манзури мақомот аз “наафтодан ба доми фиребгарон” чӣ аст, чун билети сафар ба Русия тавассути нуқтаҳои махсус таъиншуда танзим гардидаанд. Илова ба ин, бо сабаби маҳдуд будани шумори парвозҳои мунтазам ба Русия, феълан имкони харидани билет ба самти Маскав кори хеле сахту сангин аст ва арзиши он ҳам аз нархе, ки мақомот мегӯянд, дар асл ду-се баробар зиёд мебошад.

Вазорати меҳнат инчунин аз тоҷикони хоҳишмандони кор дар Русия даъват кардааст, ки ба Агентии шуғли хориҷӣ ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнату муҳоҷират муроҷиат кунанд.

Хоҳари Ҳувайдо бемор аст: падараш мадад мехоҳад

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозодаи ғӯрамарг аз раиси шаҳри Кӯлоб ва вазири тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода дар табобати кӯдаки бемораш, хоҳари Ҳувайдо, Фархунда Тиллозодаи 5-сола кӯмак мехоҳад.

Тавре гуфтааст, Фархунда Тиллозода, соли таваллудаш 2016 гирифтори фалаҷи майнаи сар аст ва ниёз ба табобат дорад.

Падари кӯдак мегӯяд, ҳудуди се сол аст, ки тамоми кӯшишашро дар Русия барои ҷазо гирифтани гумонбари куштори кӯдакаш анҷом медиҳаду феълан дар таъмини молии кӯдакаш мушкилӣ мекашад.

“Духтурони Маскав гуфтанд, ки агар кӯдак сари вақт табабат шавад, имконияти раҳо ёфтанаш аз ин беморӣ аст. Мо имконияти табобати пулакӣ надорем, дар ҳоле ки Фархунда сари вақт бояд табобат гирад. Маблағамон ҳатто барои харидани дору намерасад”, – шикоят мекунад Саидов.

Ба қавли падари Ҳувайдои марҳум, ин бори дувум аст, ки ӯ аз мақомот дасти ёрӣ мехоҳад.

Муфтии Тоҷикистон дар бораи баргузории намози таровеҳ, ифтор ва рӯзаи муҳоҷирин гуфт

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфтааст, намози таровеҳ баргузор мешавад, зеро то ҳол Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 монеае барои баргузории намози таровеҳ пешниҳод накардааст.

Ӯ гуфтааст, ба ҳамаи масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъ тавсия додаанд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд, намозгузорон ҳатман бо ниқоби тиббӣ вориди масҷид шаванд, аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода баранд ва дар масҷидҳо корҳои уфунӣ гузаронанд.

Илова бар ин, фосилаҳо бояд дар сафи намоз ҳатман риоя карда шавад. Ҳамчунин, ҳар он чизе, ки Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 тавсия кардааст, риоя мекунем, афзудааст раҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон.

Раиси Шӯрои уламо, ҳамзамон дар бораи рӯза гирифтан ё нагирифтани муҳоҷирини меҳнатӣ дар кишваре, ки ҳанӯз дар он (Русия) коронавирус поин наёфтааст, посух гуфтааст.

Номбурда гуфтааст, агар мутахассис гӯяд, ки рӯза доштан сабаби гирифторӣ ба COVID-19 мешавад, дар ин сурат шариати ислом барои пешгирии хатар иҷозат медиҳад, ки рӯзаашонро бихӯрад, вале ҳатман қазояшро бидорад. Дар дигар ҳолат бояд рӯза бигирад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend