fbpx

Ҷасади модару духтари фавтидаро аз Русия ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд. Мухтасари хабарҳои рӯз

Мухтасари хабарҳои рӯз.


-1
-1 points
Ҷасади Шоира Раҳимқулова ва духтари чорсолаи ӯ ба ватан интиқол дода мешаванд.
Шоира ҳамроҳи духтари чорсолааш як ҳафта пештар дар вилояти Маскав аз бӯи газ заҳролуд шуда, фавтидааст.

Ҳукми Завқибек Саидаминӣ аз ҷониби Суди Душанбе бетағйир гузошта шуд. Наздиконаш аз саломатиаш нигаронанд

Наздикони Завқибек Саидаминӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик аз бетағйир гузоштани ҳукми 7 сол зиндони рӯзноманигор аз сӯи Додгоҳи шаҳри Душанбе хабар дода, аз вазъи саломатии ӯ нигаронӣ кардаанд.

Суди Душанбе ҳукми Завқибек Саидаминиро бетағйир гузошт.
Завқибек Саидаминӣ

Сино Саидаминӣ, бародари Завқибек дар саҳифаи расмиаш дар “Фейсбук” навишт, ки Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 30-юми ноябр соли равон ҳукми 7 соли зиндони бародарашро бетағйир гузошт ва ӯ аллакай, аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) ба Муассисаи ислоҳии №4 ё зиндони маъруф ба “Якум советский”-и пойтахт интиқол дода шудааст.

Ӯ гуфтааст, Завқибек Саидаминӣ “ният дорад ба тамоми зинаҳои судӣ шикоят бурда, бегуноҳияшро исбот кунад”.

Қаблан Завқибек Саидаминӣ бо ирсоли як ариза аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хоста буд, ки ҳукмашро бозбинӣ ва бекор кунанд.

Ӯ афзуда буд, ки аз ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки нисбаташ 7 соли зиндонро татбиқ кард, розӣ нест, “тафтишу муҳокимаи парвандааш яктарафа ё нопурра буд, додрас далелҳои пешниҳодкарда ва нишондоди бархе шоҳидонро ба назар нагирифту номи шоҳиди набударо дар ҳукм навишт” ва инчунин, санаи боздошташ ба санае, ки дар ҳукми суд омадааст мутобиқат намекунад.

Завқибек Саидаминӣ рӯзи 3-юми ноябри соли равон бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 7 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр гардид. Ӯ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” гунаҳкор дониста шуд.

Сино Саидаминӣ дар идомаи навиштааш нигаронӣ кардааст,  ки вазъи саломатии бародараш хуб нест ва дар асоси тавсияи табибон ӯ набояд 2 соат дар як ҳолат истад.

Номбурда гуфтааст,  бародараш “соли 2008-ум дар Русия аз боми як хонаи дуошёна афтида буду сутунмуҳрааш лат хурда буд”.

“Ин лаҳзаҳо бародарам аз дарди сутунмуҳра ва асаб ранҷ мекашаду тамоми шабу рӯз қариб бехобӣ мекашад. Миёну пойҳояш сахт дард мекунанд. Акнун чанд рӯз пеш бародарамро аз СИЗО ба зиндони “Якум Советский” бурданд. Дар ҳақи бародари ятимпарварам бо дуо бошед, ки Аллоҳ шифои комилу оҷилаш бидиҳад ва ҳарчи зудтар озодаш кунад”, – навиштааст Сино Саидаминӣ.

Ёдовар мешавем, ки Завқибек Саидаминӣ моҳи июли соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт ва дертар барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар ва бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 7 сол равонаи зиндон гардид. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистонро рад кардаанд.

Дар як соли охир, ба ғайр аз Завқибек Саидаминӣ се рӯзноманигори дигари тоҷик Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ боздошт ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд. Ҳоло баррасии парвандаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар додгоҳ идома дорад.

Аз ин пештар, Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро бетағйир гузошта буд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

Ҷасади модару духтари фавтидаро аз Русия ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд

Ҷасади Шоира Раҳимқулова, муҳоҷири 23-солаи тоҷик ва духтари чорсолаи ӯ, ки як ҳафта пештар дар вилояти Маскав аз бӯи газ заҳролуд шуда, фавтидаанд, ба ватан интиқол дода мешаванд. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дод.

Ҷасади Шоира Раҳимқулова ва духтари чорсолаи ӯ ба ватан интиқол дода мешаванд.
Шоира ҳамроҳи духтари чорсолааш як ҳафта пештар дар вилояти Маскав аз бӯи газ заҳролуд шуда, фавтидааст.

Як намояндаи сафорат гуфтааст, онҳо бо мақомоти дахлдори Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ қарор доранд ва ин қазияро аз рӯзҳои аввал пайгирӣ доранд.

Ба гуфтаи ӯ, дар интиқоли ҷасад мушкилӣ танҳо дар он буд, ки “хешовандони наздики фавтидагон дар Федератсияи Русия қарор надоштанд ва ба таври маълум, ҷасадҳо танҳо ба хешовандони наздик супорида мешаванд”

Онҳо гуфтаанд, аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамаи кӯмакҳои зарурӣ барои интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан сурат гирифта истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 14-уми декабр Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз марги  се шаҳрванди  Тоҷикистон дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз гази табиӣ дар як хонаи истиқоматӣ хабар дода буд. Гуфта мешуд, ки ҳодисаи 13-уми декабр, дар ноҳияи Раменскийи вилояти Маскав рух дода, фавтидагон ду калонсол ва як кӯдак будаанд.

Баъдан маълум гардид, ки онҳо Шоира Раҳимқулова ҳамроҳи Умигулсун Пирхонова, духтари чорсолааш ва Далер ном муҳоҷири дигари тоҷик будаанд, ки дар яке аз хонаҳои сарватманди чинӣ кор мекарданд.

Қаблан, Парвина Абдуллоева, духтари холаи Шоира дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар Русия касе надоранд ва намедонанд, ки чӣ тавр ҷасадҳоро аз сардхона (МОРГ) гирифта ба ватан фиристанд.

Дархости 7 соли зиндон барои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода. Худи ӯ иттиҳомро рад кардааст

Ба Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик ҳафтаи гузашта, прокурор ё айбдоркунандаи давлатӣ 7 соли зиндон хостааст. Худи ӯ зимни баромадаш дар мурофиаи додгоҳӣ ҳамаи айбҳои нисбаташ эълоншударо рад кардааст.

Прокурор барои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода 7 соли зиндон хостааст.
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Яке аз наздиконаш ин хабарро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда гуфтааст, дар мурофиаи рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, худи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳам баромад кард ва ҳамаи айбҳое, ки аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ нисбаташ ироа гардид, рад намуд.

“Вакили дифоъ ба ҳама айбҳое, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро гунаҳкор мекунанд, далел пешниҳод кард ва бегуноҳ будани ӯро собит кард. Вале тавре мебинем, аз ҷониби додрас ин далелҳо ба назар гирифта нашуд”, – гуфтааст манбаъ.

Муҳаббатшоҳ Баллаев, вакили дифои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ дар суҳбат талаби айбдоркунандаи давлатиро нисбати зерҳимояаш тасдиқ карда, гуфтааст, дар бораи рӯзи эълони ҳукм чизе нагуфтаанд.

Гуфта мешавад, ки мурофиаи навбатӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) бидуни ширкати наздикони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода баргузор шудааст. Дар он танҳо вакили дифоъ ширкат кардаасту халос.

Гуфтан ба маврид аст, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, корманди собиқи радиои давлатӣ замоне шинохта гардид, ки дар Рӯзи Президент наворе сабт карда, шикоят намуд, ки кормандони БДА барои озод фаъолият карданаш монеъ мешаванд.

Баъдан ӯ бо пахши наворҳои дигар аз мушкилоти дигари ҷомеа нақл мекард. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки баъди боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ду рӯзноманигори дигари маҳкумшудаи тоҷик садояшро баланд кард.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаи 44-сола ва падари чор фарзанд моҳи июли имсол дастгир ва ба ифротгароӣ (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2) гумонбар аст.

Мурофиаи додгоҳии ӯ рӯзи 13-уми октябр дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шурӯъ шуд ва ду ҳафта баъд аз оғози мурофаи ӯ дар номае аз дохили зиндон шикоят кард, ки аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа буд, то иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохтаи” мақомоти милисаро ба дӯш бигирад.

Ёдовар мешавем, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз ҷумлаи чаҳор журналисту блогнависи тоҷик аст, ки дар як соли охир боздошт ва аксари онҳо ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд.

Далери Имомалӣ ба 10 соли зиндон, Завқибек Саидаминӣ ба 7 сол ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуданд. Ҳоло танҳо баррасии парвандаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода идома дорад ва интизор меравад имрӯз ё пагоҳ ҳукми ӯ низ хонда шавад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

Наздики 4 ҳазор кӯдаки ятиму нимятим давоми соли ҷорӣ бар асари пошхӯрии оилаҳо дар Суғд

Дар вилояти Суғд давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 3948 ҳолати пошхӯрии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст. Аз ин теъдод дар 2793 ҳолат бо қарори суд ҷудо шудаанд.  Бино ба иттилои Меҳрубон Фармонзода, Сардори шӯъбаи асноди ҳолати   шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Суғд ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 259 адад зиёд мебошад.

Ҷудошавии оилаҳо дар 11 моҳи соли 2022 дар Суғд ба 3948 мерасад.
Аз 3 ҳазору 948 ҳолати ҷудошавии оилаҳо 3 ҳазору 826 кӯдаки ноболиғ нимятим мондааст.

Ба гуфтаи ин масъул сабабу омилҳои ҷудошавии оилаҳо зиёданд ва дар баъзе маврид сабабҳо норушан боқӣ мемонанд.

Дар натиҷаи пошхӯрии оилаҳо дар вилояти Суғд 3826 ноболиғ аз парастории як тараф маҳрум мондааст, яъне ятим ё нимаятим шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола кормандони МИҲД-и шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати кор бо занон ва корҳои дохила барои кам кардани теъдоди ҷудошавии оилаҳо корбариҳо мекунанд.

Ҳамасола Раёсати кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и вилояти Суғд   оид ба тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” ва дигар қонунҳои марбут ба масоили оилавӣ, занону бонувон ва таълиму тарбияи фарзандон силсилаи мулоқоту вохӯриҳо дар минтақаҳои мухталифи вилоят мегузаронад.

Аммо  аз омори  пошхӯрии оилаҳо дар вилоят бармеояд, ки вохӯрӣ, чорабинӣ, насиҳаткунӣ ва дигар корҳое, ки сохторҳо доир менамоянд, натавонистааст натиҷаи дилхоҳ диҳад.

Айни дар самти пошхӯрии оилаҳо дар вилоти Суғд ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷойи аввал меистад. Дар ин ноҳия, давоми 11 моҳ 595 оила барҳам хӯрдааст. Баъди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаҳри Хуҷанд-388 адад  ва сеюм шаҳри Конибодом-376 адад шаҳрҳои осебпазир бобати ҷудошавии оилаҳо арзёбӣ мешаванд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend