fbpx

Ду рекорди Муҳаммадалӣ Мирзоев дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ. Чӣ тавр варзишгар вазни қариб 200 кг-ро бардошт

Ӯро бобояш аз хурдсолӣ ба варзиши вазнбардорӣ шавқманд кардааст.


0
Муҳаммадалӣ Мирзоев, варзишгари тоҷик ва устоди варзиши Тоҷикистон
Ӯ бо бардоштани 194,5 кг вазн (хобида) дар қораи Осиё рекорд гузоштааст.

Муҳаммадалӣ Мирзоев, варзишгари тоҷик ва устоди варзиши Тоҷикистон дар мусобиқаи Осиё оид ба пауэрлифтинг (вазнбардории секарата) дар вазни 120 кг соҳиби медали тилло гардид ва бо бардоштани 194,5 кг вазн (хобида) дар қораи Осиё рекорд гузошт. Ин бори дуюм аст, ки Муҳаммадалӣ дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ рекорд мегузорад.

Муаллифи Your.tj – Фаридун Сафарзода доир ба натиҷаҳо ва кору пайкори ин варзишгари рекордгузори тоҷик  ҳамсуҳбат шуда,  аз муваффақиятҳояш дар ин ҷода қисса намуд.

Мусобиқаи мазкур аз 1-ум то 7-уми декабри соли равон доир гардида буд.
Маротибаи дуюм аст, ки Муҳамммадалӣ дар риштаи варзиши пауэрлифтинг натиҷаи рекордӣ мегузорад.

Натиҷаи рекордӣ миёни 29 кишвар

Муҳаммадалӣ Мирзоев дар мусобиқаи Осиё оид ба пауэрлифтинг дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб натиҷаи рекордӣ гузошт ва Тоҷикистонро хубу арзанда намояндагӣ кард. Мусобиқаи мазкур аз 1-ум то 7-уми декабри соли равон доир гардида буд.

 “Ман дар ин мусобиқа соҳиби нишони тилло ва аз ҳама муҳимаш натиҷаи рекордӣ гузоштам. Бисёр шодам, ки тавонистам шаъну шарафи кишварамонро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло бардорам ва минбаъд аз болои худ кор мекунам. Умедворам, ки оянда низ дар мусобиқоти байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, дар рушди ин навъи варзиш дар Тоҷикистон саҳм мегузорам”,- мегӯяд қаҳрамони мо.

Маротибаи дуюм аст, ки Муҳамммадалӣ дар риштаи варзиши пауэрлифтинг натиҷаи рекордӣ мегузорад.  Аввалин бор ӯ дар шаҳри Москваи Федератсияи  Русия рекорд гузошта буд.

“Ман маротибаи аввал дар Москва рекорд гузошта будам. Он ҷо бисёр мушкил буд, чунки варзишгарони пурқувват дар вазни ман зиёд буданд. Онҳо дар назари аввал нисбат ба ман хеле пурқувват метофтанд. Дар идома ман тавонистам, ки ҳамон вазнаро дар ҳама кӯшишҳоям болои сар бардорам ва натиҷаи рекордӣ дар ин мусобиқа гузорам”,- зикр кард Муҳаммадалӣ.

Муҳаммадалии 23 сола ҳоло дар риштаи пауэрлифтинг устоди варзиши Тоҷикистон аст.
Муҳаммадалӣ дар 23 – солагӣ аллакай дар дохили Тоҷикистон ба ҳама дастовардҳои риштаи худ ноил гаштааст.

Қаҳрамони бисёркаратаи  Тоҷикистон ва ҷаҳон

Муҳаммадалии 23 сола ҳоло  дар риштаи пауэрлифтинг устоди варзиши Тоҷикистон, чемпиони чандинкаратаи ҷумҳурӣ, қаҳрамони мутлақи ҷумҳурӣ, аввалин қаҳрамони Осиё оид ба Федератсияи байналмилалии пауэрлифтинг (IPF) дар Тоҷикистон байни наврасон ба ҳисоб меравад.

“Ман дар Тоҷикистон дар ин риштаи варзиш қариб ба ҳама муваффақиятҳо ноил гардидам. Ҳоло ҳам кӯшиш дорам, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ шарафи Тоҷикистонро хубу арзанда ҳимоя намоям ва парчами кишварро болои сар бардорам.

Аз ин мусобиқа пештар моҳи май дар шаҳри Алмато байни варзишгарони беш аз 30 кишвари ҷаҳон дар вазни 105 кг сазовори медали нуқра гардида будам. Фикр мекунам ба даст овардани ин медал яке аз мушкилтарин сабқатҳо барои ман буд”,- мегӯяд Муҳаммадалӣ.

Варзиш – ҳамраҳи даврони кӯдакӣ

Қаҳрамони мо ҳанӯз аз хурдсолӣ ба варзиш меҳри афзун дошту, ҳар рӯз тамрин мекарад. Ӯ худро  ба қаҳрамонҳои тахайюлие, ки ӯ дар филмҳо тамошо мекард, шабоҳат медод, ки ин яке аз калидҳои муваффақияташ дар оянда гардид.

“Ман ҳанӯз аз синни 6 солагӣ ба варзиш машғул ҳастам.  Бобои ман устоди варзиши вазнабардорӣ буданд ва ин яке аз сабабҳои зуд ба варзиш машғул шудан ва меҳр пайдо карданам шуда буд. Кӯдакиҳои ман дар шаҳри Панҷакент гузаштааст. Бештар вақт бо бобоям ҳамон филмҳои варзиширо тамошо карда, ба қаҳрамонҳои он худро қиёс мекардам”,– нақл кард Муҳаммадалӣ.

Қаҳрамони мо ҳанӯз аз хурдсолӣ ба варзиш меҳри афзун дошту, ҳар рӯз тамрин мекарад.
Муҳаммадалиро бобояш ба варзиш шавқманд кардааст.

Пайрави бобо

“Дар оилаи мо ҳама ба варзиш завқ доранд. Ман ҳам аз кӯдакӣ ба риштаи варзиши вазнабардорӣ, ки бобоям ба дигарон ёд медоданд, машқ мекардам. Албатта, дар ин самт саҳми падару модарам хело зиёд аст, ки маро то ба охир дастгирӣ карданд. Ман ҳам аз хурдӣ кӯшиш мекардам, ки ба дастовардҳои баланди варзишӣ ноил гардам то  волидон бо ман ифтихор кунанд”,- бо эҳсоси аҷибе ба ёд овард, Муҳаммадалӣ.

Қаҳрамони мо дар синни хурдсолӣ дар баробари машғулият бо варзиш ба дарсҳои мактаб ҳам бо омодагии ҷиддӣ мерафт ва дар фанҳои табии риёзӣ саводи баланд дошт.

“Ман ғайр аз варзиш дар мактаб ҳам хонандаи фаъол будам. Ба фанҳои алгебра ва физика бештар завқ доштам ва орзу доштам, ки оянда ба соҳаи молия ва иқтисод таҳсил намоям, ки бо мурури замон ин орзуям амалӣ гардид”,- нақл кард Муҳаммадалӣ .

Федератсияи байналмилалии пауэрлифтинг (IPF) моҳи ноябри соли 1972 таъсис ёфта, як сол баъд, дар моҳи ноябри соли 1973 аввалин чемпионати ҷаҳон баргузор шуд. Мусобиқаи вазнбардорӣ дар Тоҷикистон яке аз намудҳои қариб фаромӯшшудаи варзиш ба шумор рафта, дар гузашта асосан дар чанд ноҳияи Тоҷикистон рушд намуда буд.

Собиқадарони ин намуди варзиш мегӯянд, таваҷҷӯҳи ҷавонон ба вазнбардорӣ солҳои охир коҳиш ёфтааст. Бошад, ки чунин қаҳрамононе, ба мисли Муҳаммадалӣ Мирзоев дар кишвар бештар гарданду, Тоҷикистонро дар асраи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend