Пас аз суқути Кобул, Аҳмад Масъуд, писари ҷанговари маъруф, қаҳрамони миллии Афғонистон, эълон кард, ки дар вилояти Панҷшер ба зидди Толибон муқовимат хоҳад кард. Мо ҳама далелҳои ҷолибро аз ҳаёти Масъуди хурдӣ ҷамъоварӣ кардем.
Аҳмад Масъуд 32 сол дорад. Вай 10 июли соли 1989 дар вилояти Тахор, шимолу шарқи Афғонистон ба дунё омадааст. Аҳмадшоҳи Масъуд аз издивоҷ бо духтари ёвари наздиктаринаш 6 фарзанд, аз ҷумла писари ягонааш Аҳмад Масъудро дорад.
“Шери Панҷшер” — Аҳмадшоҳи Масъудро рӯзи 9-уми сентябри соли 2001 як маргталаби созмони террористии “Ал-Қоида” худро ҳамчун журналист муаррифӣ карда ҳангоми суҳбат бо истифода аз маводи тарканда ба қатл расонид. Ҳодиса ду рӯз пеш аз ҳамлаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар Амрико рух дод.
Замони фавти падараш, Масъуди хурдӣ 12 сол дошт. Он замон хонаводаааш навакак аз Тоҷикистон ба Панҷшер кӯчида буд.
Аз хотироти Тоҷикистон ва сокинони он
Дар яке аз мусоҳибаҳояш ӯ гуфта буд, ки солҳои дар Тоҷикистон гузаронидааш беҳтарин лаҳзаҳо дар зиндагиаш буданд.
“Ман хотироти зиндагони якҷоя бо падарам, ҳамсоягон ва забони зебои тоҷикиро ёд дорам. Он ҷо ман мехостам мусиқиро омӯзам. Тоҷикистон барои ман хонаи дуюм гардид. Бештари умри ман он ҷо гузаштааст. Барои мо муҳити бехатар фароҳам оварда буданд. Ман аз мардуми шарифи тоҷик барои ҳама корҳои нисбати мо анҷом додаашон ва барои дастгириашон аз истиқлолхоҳӣ, адолати иҷтимоӣ ва демократияхоҳии мо миннатдорам”,- гуфтааст Масъуди хурдӣ.
Ба гуфтааш, ӯ дар Тоҷикистон каме забони русиро омӯхтааст, вале алифбои кириллиро аз худ карда натавонистааст. Бинобар ин дар мактаби эронии шаҳри Душанбе то синфи панҷум таҳсил кардааст, чун он ҷо тадрис бо хатти форсӣ буд ва баъдан оилаашон аз Тоҷикистон ба Эрон меравад.
Ӯ ҳамчунин аз воқеаи бо як зани ҳамсояи русаш рӯй додаро низ ба ёд меорад, ки аз замони зиндагии дар Душанбе кардааш ҳамчун хотироти зебое боқӣ мондааст.
“Аз ҳама тааҷҷубовар он аст, ки ман дар ҳеҷ ҷой меҳру муҳаббат ва самимиятеро, ки мардуми Тоҷикистон доштанд, пайдо накардам. Хеле инсонҳои накӯкоранд. Бо мо ҳамсоягон ва тамоми сокинони кишвар муносибати хуб доштанд.
Яке аз ҳамсоягони мо зани рус буд. Вай он ҷо бо ду фарзандаш зиндагӣ мекард. Падарам доимо дар сафар буд ва намедонам, ин зани аз куҷо фаҳмид, ки ин хонаи Аҳмадшоҳи Масъуд аст.
Рӯзе падарам ба хона омад ва ин зани меҳрубон хӯрок тайёр карда ба хонаи мо овард. Ҷолибаш он буд, ки ҳамзамон вай таъкид кард: дар ғизо машрубот ё чизи дигаре илова накардааст ва ин хӯроки тоза аст.
Падарам хӯрокро то охир бо иштиҳо хурда, ба зани рус миннатдорӣ кард. Бароям эҳтиром ва муносибати ин зани руси дар Тоҷикистон ба сар мебурда нисбат ба падарам ҷолиб буд”, – ба ёд меорад Масъуди хурдӣ.
Ёде аз марги падар
Аҳмад Масъуд ҳамроҳ бо модар ва чаҳор хоҳари хурдиаш рӯзи 11-уми сентябр аз Панҷшер ба Душанбе омаданд. Ба кӯдакон гуфтаанд, ки Масъуд онҳоро дар Тоҷикистон интизор аст. Ба модар гуфтаанд, ки Масъуди калонӣ захмӣ шудааст, аммо касе нагуфтааст, ки ӯро барои видоъ бо шавҳараш мебаранд.
“Модарам беист гиря мекард, танҳо ҳангоми дуо хондан хомӯш мешуд. “Он вақт ман мехостам, ки ӯ танҳо дуо гӯяд ва гиря накунад” – ба ёд меорад Аҳмад.
Дар Душанбе ба Аҳмад гуфтанд, ки падараш сиҳат шуда истодааст, аммо шабакаҳои телевизионӣ аллакай аз марги “Шери Панҷшер” хабар доданд. То замони оиларо аз Душанбе ба Кӯлоб, ки ҷасади Масъуд он ҷо нигаҳдорӣ мешуд, фиристодан чанд рӯз мегузарад.
“Дар Кӯлоб мошинро на ба самти беморхона, балки ба тарафи дигар мегардонанд. Онҳоро ба як ҳуҷраи хурд бурда хоҳиш карданд, ки интизор шаванд. Ҷасадро аз он ҷо берун меоранд. Бобояш Тоҷуддин, хусур, дӯсти низомӣ ва маъруф бо тахаллуси “Чашмони Масъуд”, ки аз рӯзҳои аввал бо ӯ буд, ба Аҳмад амр мекунад, ки аз тарафи рост истад”, – – навиштааст аз қавли Аҳмад, журналисти тоҷик Фахриддини Холбек.
“Зиндагии кӯдаки 12-сола, ки шаби гузашта орзуҳои кӯдакӣ дошт, дар як шаб комилан дигар шуд. Маҷбур шудам дар як шаб роҳи 100-соларо тай кунам ва аз Масъуди 12-сола ба 49-сола мубаддал шавам”, – гуфтааст Аҳмад 14 сол пас аз марги падараш.
16-уми сентябри соли 2001 Аҳмадшоҳи Масъуд дар зодгоҳаш деҳаи Ҷангалак ба хок супорида шуд.
Таҳсилот
Пас аз хатми мактаби миёна дар Эрон, Масъуди хурдӣ як сол дар курсҳои низомии Академияи ҳарбии шоҳигарӣ дар Сандхерст таҳсил кардааст. Солҳои 2012-2015 дар факултаи омӯзиши ҳарбии Коллеҷи шоҳигарии Лондон таҳсил намудааст. Соли 2016 дар Донишгоҳи Лондон дараҷаи магистриро дар сиёсати байналмилалӣ соҳиб гардидааст.
“Ман ба астрономия дилбохта будам, – гуфтааст ӯ дар як мусоҳибаааш ба AFP. – Хеле мехостам онро омӯзам”
Аммо пас аз он ки яке аз рафиқони падараш ба гуфт, ки онҳо аз ӯ умеди калон доранд, оташи ишқи Аҳмад Масъуд ба ситорашиносӣ хомӯш мешавад ва ӯ барои идомаи таҳсил ба Лондон меравад.
Соли 2016 Аҳмад Масъуд ба Афғонистон баргашт ва мудири Бунёди Масъуд таъйин шуд. Ин бунёди ғайритиҷоратӣ як сол пас аз марги Масъуди калонӣ таъсис ёфта буд. Фаъолияти асосии бунёд ба ду соҳа – фарҳангӣ ва маърифатӣ равона шудааст.
“Ман таҳсил кардам, то ки баргардам. Душаҳрвандӣ надорам. Инчунин берун аз Афғонистон моликият ва чизе ҳам надорам…Комилан ба халқи худ ва кишвари хеш содиқ мебошам”, – гуфтааст Масъуди хурдӣ.
Идомаи роҳи падар
Ҳанӯз соли 2016 Аҳмад Масъуд гуфта буд, ки ният дорад ба сиёсат машғул шавад.
“Кулли зиндагии ман бо сиёсат пайваст буд. Ман ба падарам ваъда дода будам ва зиёд таҳсил кардам, то ба Афғонистон баргашта ба сиёсат пайвандам. Мехостам бо сиёсат машғул шавам, зеро мушкилоти кишварам хусусияти сиёсӣ доранд ва мо бояд ин мушкилотро ҳал кунем … Ман дар вақту шароити муносиб ба саҳна мебароям. Тамоми талошҳоям дар 15 соли охир барои расидан ба ин ҳадаф равона шудааст ”, – гуфтааст ӯ дар мусоҳиба бо Афғонистон.ru.
Аз моҳи марти соли 2019 Аҳмад Масъуд расман ба сиёсат ворид шуд.
Вай идеяи падарашро дар бораи модели швейтсарии муносибатҳои дохилии қудрат дар Афғонистон ҷонибдорӣ карда, изҳор дошт, ки ғайримарказикунонии ҳукумат боиси тақсими самараноки захираҳо ва ваколатҳо мегардад.
Аҳмад Толибонро дар рисолаҳои бакалаврӣ ва аспирантуриаш ҳамчун як шабакаи франшизии ҷиноятӣ бо маводи мухаддир, одамрабоӣ ва дигар ҷиноятҳои созмонёфта баррасӣ кардааст.
Пас аз суқути Кобул, Аҳмад Масъуд эълон кард, ки дар вилояти Панҷшер бар зидди Толибон қувваҳои муқовиматиро ҷамъ меорад. Дар ин бора, дар номаи ӯ, ки маҷаллаи фаронсавии “La Règle du Jeu” нашр кардааст, омадааст. Ин маҷалларо нависанда ва файласуф Бернард-Анри Леви дӯсти Масъуди калонӣ интишор мекунад.
“Аз ҳамаи афғонҳои озодихоҳ, ки бандагиро намепазиранд, даъват мекунем, ки ба пойгоҳамон дар Панҷшер, охирин минтақаи озод дар сарзамини азиятдидаи мо бипайванданд, – омадааст дар паёми ӯ. – Ба афғонҳои тамоми минтақаҳо ва қабилаҳо мегӯям: Ҳамроҳ бо мо мубориза баред! Ба афғонони дар хориҷа ба сар мебурда ва ба дил наздик мегӯям: бидонед, Шумо дар Панҷшер ҳамватаноне доред, ки таслим нашудаанд”.