Чор сол пеш, 19 январи соли 2021 ба қонун “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва қарори ҳукумат “Дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ” тағйирот ворид шуда буд, ки мувофиқи он шахсони кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳоро хатмкарда ҳам ба хизмат даъват мешаванд.
Тибқи тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, нафароне, ки ба хизмати ҳарбии муҳлатнок рафтан намехоҳанд, метавонанд ба ҷои 12 ё 24 моҳ хизмат кардан, бо супоридани маблағи муайян ҳамагӣ як моҳ омодагии ҳарбӣ гиранд ва соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.
Мо ба якчанд саволи муҳим дар бораи хизмати пулакӣ ё алтернативӣ аз Музаффар Бобоҷонов, ҳуқуқшиноси “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” посух гирифтем.
Хизмати пулакӣ дар Тоҷикистон чӣ намуди хизмат аст ва киҳо ҳуқуқи ба ин гуна хизмат даъват шуданро дорад?
- Шаҳрвандони аз 18 то 27 солаи қобил ба хизмати ҳарбӣ, ки ҳуқуқи озод шудан аз даъват ё ба таъхир андохтани муҳлати онро надоранд бо супоридани маблағи 56250 сомонӣ – 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (дар соли 2025 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомонӣ), метавонанд, ба таври ихтиёрӣ хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ гузаранд.
Тартиби даъват ба хизмати пулакӣ чӣ тавр амалӣ мешавад?
- Пас аз муроҷиати шаҳрванд бо ариза ба комиссари ҳарбии шаҳру ноҳия, онҳо бояд аз комиссияи даъват гузаранд, дар ҳолати аз тарафи комиссияи даъват лоиқи хизмат дониста шудан, шаҳрванд бояд дар муҳлати панҷ рӯзи корӣ маблағи муайяншударо ба Амонатбанк ба суратҳисоби махсус супорида, расидро (квитансияро) ба комиссариати ҳарбӣ пешниҳод намояд. Дар ин ҳолат ӯ ба рӯйхати шаҳрвандони ба хизмати ҳарбии пулакӣ даъват мешуда, тибқи навбат аз рӯзи санаи бақайдгирии ариза, дохил карда мешавад.
Имтиёз, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолати иҷтимоии шаҳрванде, ки ба хизмати пулакӣ даъват мешавад, чӣ гуна аст?
- Дар вақти гузаштани хизмати ҳарбии пулакӣ вазъи ҳуқуқии шаҳрванд, ба вазъи ҳуқуқии сарбоз, ки хизмати ҳарбии муҳлатнокро адо менамояд баробар буда, кафолати иҷтимоии бо қонунгузорӣ пешбинишуда ба онҳо низ дахл мекунад.
Квота барои даъват ба хизмати ҳарбии пулакӣ чист?
- Ҳамасола ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои ба даъват ба хизмати пулакӣ квотаҳо ҷудо карда мешаванд. Агар шаҳрванд пас аз гузаштани комиссияи даъват, қабули қарор нисбати ӯ, супоридани маблағ, дар ин навбат ба хизмати пулакӣ даъват нашавад, пас навбати ӯ ба даъвати дигар (соли оянда) гузаронида мешавад. Асос барои даъват нашудани ӯ дар фосилаи байни даъватҳо ба хизмати муҳлатнок расиди супоридани маблағ ва қарори комиссияи даъват ба хизмати пулакӣ, ки ҳамроҳи ӯ бояд бошад, мебошад.
Ҳуқуқҳои шаҳрванде, ки хизмати пулакиро гузаштааст, барои фаъолият дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ чӣ гуна аст?
- Мутобиқи қонунҳои амалкунанда шахсоне, ки хизмати пулакии якмоҳаро гузаштанд, (ҳатто пас аз хатми кафедраи ҳарбӣ) ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, милитсия, гумрук, Агентии мубориза бо коррупсия, Агенти мубориза бо маводи мухаддир, суд, прокуратура, Хадамоти иҷро, хизмати ҳарбӣ ба кор қабул карда намешаванд. Ба шаҳрванд пас аз хизмати пулакӣ билети ҳарбӣ дода мешавад.
Дар кадом ҳолат аризаи шаҳрванд оид ба даъват ба хизмати пулакӣ рад карда мешавад?
- Агар шаҳрванд ғайри қобили хизмат эътироф шавад (комиссияи даъват муайян мекунад), расиди супоридани маблағ пас аз қабули аризаро дар байни панҷ рӯзи корӣ пешниҳод накунад. Шаҳрванд дар ин ҳолат ба хизмати ҳарбии муҳлатнок даъват карда мешавад.
Дар кадом ҳолат ба даъватшаванда маблағи супоридашуда баргардонида мешавад?
- дар ҳолати фавти шаҳрванд то даъват ба хизмати пулакӣ;
- ғайри қобили хизмат эътироф шудани шаҳрванд то оғози хизмат;
- ба миён омадани асосҳо мутобиқи Қонун барои озод намудан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ.
Аз оғози даъвати ҳарбии баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон як моҳ сипарӣ гардид. Тибқи иттилои расмӣ дар 10 рӯзи аввали даъват дар ҷумҳурӣ беш аз 80 дарсади нақша иҷро шудааст.