fbpx

Донишҷудухтари тоҷик, дар Русия худро зери чархи қатора партофт. Нафаре ӯро «шантаж» мекардааст

Мухтасари хабарҳои рӯз.


-1
-1 points

“Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”

Дирӯз, 14-уми декабр, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ бо пешниҳоди Тоҷикистон ва ҷонибдории 153 кишвари узви ин созмон соли 2025-ро “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кард.

“Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст”, – гуфта мешавад дар ин хабар.

Ин ташаббус ҳанӯз моҳи марти соли 2021, зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ироа шуда буд.

Он замон Президенти Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Аз ин лиҳоз, пешниҳод гардид, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Ҳамин тавр, СММ бо мазмуни зайл қатънома қабул кард:

– Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
– Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
-Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

– Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.

Донишҷудухтари тоҷик дар Русия худро зери чархи қатора партофт. Нафаре ӯро «шантаж» мекардааст

Як ҷавондухтари тоҷик дар Москва худро ба зери чархи қатора партофтааст. Наздиконаш мегӯянд, чанд моҳи ахир бо номи ӯ дар Инстаграм саҳифае пайдо шуд, ки дар он фарди ношиносе аксҳои ӯро дасткорӣ ва нашр мекард. Духтар ба ин тоб наоварда даст ба худкуш задааст.

Шоҳидон гуфтаанд, ки субҳи рӯзи 9-уми декабр Раҳима Каримоваи 21-cола, донишҷӯи соли чоруми донишгоҳи иктишофӣ-геологии Маскав худро ба зери чархи қатор партофтааст.

Азиза, холаи Раҳима, рӯзи 14-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, хоҳарзодааш бо баҳои аъло таҳсил мекард ва имсол бояд донишгоҳро бо дипломи сурх хатм менамуд.

“Аксҳои ӯро дар танаҳои урён часпонда дар Инстаграм чоп мекард. Ҳар рӯз менавишт, ки фардо аксҳои дигарро интизор бошед. Духтари бечора дар ҳолати тарс буд. Охирон бор ӯ навишт, ки видеоро интизор бошед. Дигар ба фикрам ҷияни бечораам тоқати ин шантажҳоро карда натавонист,”—гуфт, ӯ.

Наздикони Раҳима мегӯянд, он ҷавонро медонанд ва ному насаби ӯро низ ба мақомоти Русия додаанд. Дар аксҳое, ки дар Инстаграм нашр шудаанд, дида мешавад, ки онҳо тариқи барномаҳои интернетӣ дасткорӣ шудаанд.

Дар як номае, ки ба гуфтаи наздикон, онро Раҳима шабе пеш аз ҳодиса навиштааст, ӯ аз касе ном набурдааст, вале аз наздиконаш узр пурсидааст, ки ба хотири ӯ азият мекашанд. Ӯ гуфтааст, аз ин ҳолате, ки дорад, беҳтар аст “мурда равад”, чун худашро “хеле бад мебинад.” Дар нома аз падараш узр пурсидааст: “Пап, мебахшед. Ман аз шумо чӣ қадаре узр пурсам, кам аст. Илтимос аз ман розӣ шавед. Чанд бор гуфтед, ки сари маро хам кардед. Мебахшед, Пап, ба рӯи шумо нигоҳ карда наметавонем.”

Дар ин нома ба хоҳараш ташаккур гуфтааст, ки дар ҳама ҳолат дар канораш буд ва ӯро дарк мекард. Аз нома дида мешавад, ки зоҳиран пас аз нашри аксҳои дасткоришуда, наздикон ба ӯ шубҳа кардаанд.

“Модар, ту чанд бор пурсидӣ, ки ту духтар ҳастӣ ё не. Қасам ба Худо, ки духтарам. Ором шавед,”-навиштааст, ӯ.

Аз нома дида мешавад, ки ӯ аз нашри аксҳои бадномкунанда дар Инстаграм сахт хаста шудааст ва аз тарафи дигар наздикон низ ба ӯ шубҳа кардаанд.

Пайвандонаш мегӯянд, барои ба ҷавобгарӣ кашидани нафаре, ки дар Инстаграм саҳифа кушода ӯро бадном мекард, талош мекунанд.

Китобҳои соли 2022 эълон шуданд

Китоби чанд шоиру нависанда ва публисисту мутарҷими тоҷик дар як озмуне, ки имрӯз, 15-уми декабр Вазорати фарҳанг таҳти унвони “Китоби сол-2022” дар бахшҳои гуногун баргузор кард, ҳамчун китобҳои беҳтарини соли 2022 эътироф гардидаанд

Дар бахши назм китоби “Ҳаҷми нигоҳ”-и Давлати Раҳмониён ҳамчун китоби беҳтарини соли 2022  эълон шуд. Китобҳои “Боғ дар оғӯши борон”-и Сафари Амирхон ва “Орзуи сабз”-и Абдулқаҳори Мӯсо дар ин номинатсия сазовори ҷойҳои дуввум ва сеюм гардиданд.
Ҳамин тариқ, дар бахши наср, китоби “Зинаҳои дӯзах”-и Ато Ҳамдам ҳамчун китоби беҳтарин насри соли 2022 эълон гардид. Ду китоби дигар дар ин бахш, “Чароғи нигоҳ”-и Сайдаҳмади Зардон ва “Ҳар давру ҳар мард”-и Тоҳири Маҳмадризо дар ҷои дуввум ва сеюм қарор гирифтанд.

Китоби “Дастовез”-и Абдулҳамид Самад дар бахши асарҳои публисистӣ ҳамчун китоби беҳтарини соли равон  эълон гардид. Ду китоби дигар дар ин бахш, “Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик”-и Абдураҳмон Абдуманнонов ва “Офтобе дар миёни сояе”-и Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ сазовори ҷойҳои дуввум ва сеюм гардиданд.
Дар номинатсияи асарҳои назми адабиёти бачагона китоби “Машқи ҳисоб”-и Ҷӯра Ҳошимӣ ва дар номинатсияи асарҳои насри бачагона китоби “Саги кӯр”-и Маҷид Салим ҳамчун китобҳои беҳтарини соли 2022 дар ин бахшҳо эътироф шудаанд.
Китоби “Ширангубин”-и Раҳмат Назрӣ ва китоби “Қанди додо”-и Нуруллоҳи Ориф дар бахши асарҳои назми бачагона ва китобҳои “Тӯй дар беша”-и Гулчеҳра Маҳмадиева (бо забони русӣ ва англсисӣ) ва “4+4”-и Бежани Ризо (ТҶБ “Истиқбол”) дар бахши асарҳои насрии бачагона сазовори зинаҳои дуввуму сеюм гардиданд.
Тарҷумаи “Аз Ховар то Бохтар”-и Муъмин Қаноат дар бахши асарҳои тарҷумаи бадеӣ ҳамчун китоби беҳтарини соли 2022 эътироф гардид.

Дар муддати 3 сол дар сафи неруҳои мусаллаҳ бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.

Дар як гузориши ҳукумат ба номи Созмони Милал омадааст, ки ин теъдоди низомиён дар солҳои 2019 то соли 2021 ҷон додаанд ва сабаб “риоят нашудани ойинномаи низомӣ”, бадрафторӣ бо сарбозони навомада ва сӯистифодаи афсарон аз мақомашон аст.

Ба гуфтаи ҳукумат, бо вуҷуди талошҳо барои решакан кардани бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ зуҳуроти мазкур ва пинҳон кардани он аз тарафи афсарон ҳамчунон вуҷуд дорад.

“Усулҳо ва сабабҳои ҷиноят асосан яканд. Хизматчиёни ҳарбие, ки зиёда аз як сол аст дар артиш ҳастанд барои бартарии худро нишон додан ва фароҳам овардани шароити мусоид фароҳам овардан ин корҳоро мекунанд,”-омадааст дар гузориши ҳукумат.

Дар гузориши ҳукумати Тоҷикистон, ки охири моҳи ноябр ба СММ пешниҳод шудааст, гуфта шудааст, ки барои пешгирӣ аз бадрафторӣ, дар ҳама қисмҳои ҳарбӣ рақамҳои боварии сохторҳои қудратиро насб кардаанд

Дар муддати се сол 639 мақоми расмӣ ва фармондеҳи тоҷик барои пинҳон доштани ҷиноятҳо дар қисмҳои низомӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва ё танбеҳ гирифтаанд. Бино ба ин гузориш дар маҷмӯъ дар давоми се сол (2019-2020-2021) хизматчиён ҳарбӣ беш аз 2245 ҷиноят содир кардаанд.

Як сабаби қонуншиканиҳо дар хизмати ҳарбӣ ин набуди назорат гуфта шудааст. “афроди масъул, бо сарбозон муносибати хуб надоранд ва онҳоро таҳқир мекунанд, ки ин метавонад ба содир шудани ҷиноят ва ҳодисаҳои дигари норхуш сабаб гардад” -омадааст дар гузориши ҳукумат оид ба вазъи хизмат дар артиш.

 


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend