fbpx

Дар шаҳри Истиқлол 160 оилаи Ниёзмандро бо манзили истиқоматӣ таъмин мекунанд

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0

Сафорати Тоҷикистон марги Раҳима Каримоваро пайгирӣ дорад

Сафорати Тоҷикистон дар Русия қазияи марги Раҳима Каримова, донишҷӯдухтари тоҷикро, ки дар Маскав худро ба зери чархи қатор партофт, зери назорат гирифтааст.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки ҳоло дар робита ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Сафорат аз қазияи мазкур дар ҷараён буда, вобаста ба он, дар ҳамкории зич бо мақомоти дахлдори Федератсияи Россия қарор дорад.  Парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст ва тафтишот идома дорад. Сафорат  қазияи мавриди назарро таҳти пайгирӣ қарор додааст”, – иброз намуданд аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Субҳи рӯзи 9-уми декабр Раҳима Каримоваи 21-cола, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи иктишофӣ-геологии Маскав худро ба зери чархи қатор партофтааст. Дар ин бора аввалин шуда Радиои Озодӣ иттилоъ дода буд.

Ин расона аз қавли наздикони Раҳима Каримова менависад, ки  чанд моҳи ахир бо номи ӯ дар Инстаграм саҳифае пайдо шуд, ки дар он як нафар аксҳои ӯро дасткорӣ, яъне ба танаҳои  урён часпонида, нашр менамуд ва Раҳимаро чун духтари бадахлоқ муаррифӣ мекард.
Ба нақли яке аз пайвандони Азиза нафаре, ки аксҳои Раҳимаро дар Инстаграм чоп мекард, ахиран навиштааст, ки видеоро интизор бошанд.
“Дигар ба фикрам ҷияни бечораам тоқати ин шантажҳоро карда натавонист”, – гуфтааст Азиза ном холаи Раҳима ба Радиои Озодӣ.

Пайвандони Раҳима Каримова гуфтаанд, ки “он ҷавонро медонанд ва ному насаби ӯро низ ба мақомоти Русия додаанд”.

Қабл аз сӯиқасд ба ҷони хеш, Раҳима Каримова мактубе навишта, аз наздикона узр пурсидааст, ки ба хотири ӯ азият мекашанд, аммо аз касе ном набурдааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки ин аввалин ҳодисаи бадномсозӣ ё шантаж тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ нест.

Қаблан низ мақомоти кишвар аз ҳолатҳои боздошти ҷавононе хабар додаанд, ки аз роҳи бадномсозӣ мехостанд аз занону духтарон пул ситонанд ё қасос гиранд.

Ҳабси ронанда ва пулчинаки маршрутка барои дағалгуфторӣ

Ронандаи микроавтобуси (маршрутка) мусофиркаши пойтахт Раҳмоналӣ Мирзоев ва “кондуктор”-и он Зафархони Адолатшоро барои қабеҳгуфторӣ ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабс кард.

Ба иттилоъи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, як нафар шаҳрванд бо ирсоли навор аз мақомоти милитсия дархост намудааст, ки нисбати ронанда ва «кондуктор»-и воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Спринтер» (2440СЕ01) чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

“Дар аризаи ӯ зикр мешуд, ки ба болои қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардану  дар қатори дуюм таваққуф намудан, онҳо ба эроди муроҷиаткунанда бо суханҳои қабеҳу таҳқиромез посух гуфтаанд”, – омадааст дар хабари РВКД.

Дар ҷараёни роҳандозии тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи қонуншиканон муайян ва боздошт шуданд.

“Маълум шуд, ки рӯзи 15 декабр ронанда қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, дар қатори дуюм таваққуф намудааст, ки ба танбашавии автомашинаҳо боис гардидааст. Ба эроди дигар ронандагон онҳо дағалона посух додаанд. Нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (Майдаавбошӣ) протокол тартиб дода шуд”, – хабар медиҳад Раёсати ВКД-и пойтахт.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки нисбати ронанда Раҳмоналӣ Мирзоев инчунин тибқи моддаи 510 барои ғайриқонунӣ ба фаъолияти хизматрасонии мусофиркашонӣ машғул гардидан протокол тариб дода шудааст, ки дар ин модда ҷарима пешбинӣ шудааст.

Дар шаҳри Истиқлол 160 оилаи Ниёзмандро бо манзили истиқоматӣ таъмин мекунанд

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол (пештар Табошар) бунёди 130 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудаааст, ки 30 адади он соли равон мавриди истифода қарор мегиранд. Ҳамчунин дар шаҳр барои обод намудани 4 бинои хобгоҳ низ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ояндаи наздик онҳо пурра таъмир ва ба сокинони эҳтиёҷманд супорида мешаванд. Аз ин ҳисоб, 160 оилаи ниёзманд бо манзили истиқоматӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар доираи омодагиҳо ба ин ҷашни таърихӣ дар шаҳри Истиқлол сохтмони коргоҳи нонпазӣ, қаннодӣ, тарабхона, маркази хизматрасонӣ, осорхона дар боғи фарҳангиву истироҳатии шаҳр, таъсиси ҳавзи об барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва таъмиру навсозии хобгоҳҳо ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Истиқлол бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва лоиҳаи иншооти зикршуда шинос гардида, барои вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои саривақтии нақшаи буёнди иншооти ҷашнӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба роҳбарияти шаҳр супоришҳои мушаххас дод.

Иштироки Темур Раҳимов, Комроншоҳ Устопириён ва Нуралӣ Эмомалӣ дар Jerusalem Masters 2022

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо Jerusalem Masters 2022, ки 20-22 декабр доир мешавад, се варзишгари маъруф — Нуралӣ Эмомалӣ (то 66 кг), Комроншоҳ Устопириён (то 90 кг) ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг намояндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки мусобиқаи мазкур имсол бо иштироки 314 варзишгар аз 55 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад.
“Иштирокчиёни мусобиқа на танҳо барои медалу ҷоизаҳои пулӣ, балки барои дарёфти холҳои арзишманд ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2024 дар Париж мубориза мебаранд”, – менависад ин расона.

Гуфтан ба маврид аст, ки мусобиқаи байналмилалии Masters пас аз Бозиҳои олимпӣ ва чемпионати ҷаҳон бузургтарин ва муҳимтарин мусобиқа маҳсуб мешавад. Гирифтани медали тилло дар мусобиқаи Masters ба варзишгар 1800 имтиёз, медали нуқра — 1260 имтиёз ва медали биринҷӣ — 900 имтиёз медиҳад. Барои муқоиса, дар мусобиқаи «Grand Slam», ки чанд соли ахир дар Тел-Авив баргузор шуд, ба даст овардани медали тилло ҳамагӣ 1000 имтиёз арзиш дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими гузашта аз Тоҷикистон 3 варзишгар ба World Judo Masters дар Давҳа рафта буданд. Миёни онҳо натиҷаи беҳтаринро Темур Раҳимов нишон дод, ки дар вазни беш аз 100 кг мақоми панҷумро гирифт. Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода- ҳарду дар вазни то 73 кило дар марҳилаи аввал шикаст хӯрданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend