Ин навиштаҳо бояд як моҳ пеш нашр мешуд. Аммо пас аз дидаву шунидаҳояш, фикрро сарҷамъ карда навиштан ба муаллиф осон набуд. Вақте муаллифи ин сатрҳо он ҷо буд, қариб дар хар хонаи ҳар як сокини деҳа мотам ҳукмфармо буд. Таҳаммули ин ҳолат бисёр душвор аст. Сокинони деҳа то ҳол баъди ин ҳодиса ба худ наомадаанд.
То соли 2021 дар ҳудуди деҳаи Овчӣ-Қалъача амалан ягон муноқишаи марзӣ бо истифода аз силоҳи оташфишон рух надодааст. Сокинони ин минтақа моҳи апрели соли 2021 шоҳиди аввалин задухӯрдҳои мусаллаҳона шуданд. Даргирии дуввуми мусаллаҳонае, ки сокинони Овчӣ-Қалъача аз сар гузаронидаанд, 16 сентябри соли 2022 рух дод. Он замон, дар шимоли Тоҷикистон, тамоми хатти марзии вилояти Суғд бо Қирғизистон задухӯрдҳо ҷараён гирифтанд.
Мақомоти тоҷик иттилоъ доданд, ки маҳз дар ин минтақаи аҳолинишин ҷониби Қирғизистон аз ҳавопаймоҳои бесарнишини Bayraktar TB2 истифода кардааст. Гарчанде Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ ба мувофиқа расида буданд, ки аз ҳавопаймоҳои бесарнишин дар минтақаи марзӣ истифода намекунанд.
Азбаски дар мавзеи Овчӣ-Қалъача тирпарронӣ кам рух додааст, дар ин гуна ҳолатҳо мардум намедонанд чӣ гуна рафтор кунанд. Дар ҳоле ки дар дигар минтақаҳои ҳаммарз бо Қирғизистон ҳангоми тирпарронии аввал мардум дар таҳхонаҳо пинҳон шуда, муддати тӯлонӣ берун набаромаданд, ин ҷо кӯшиш намуданд, ҳарчи зудтар фирор кунанд. Аз ҳамин сабаб дар дақиқаҳои аввали даргириҳо одамони зиёде ярадор шуданд. Ду нафари аввалин қурбониёни ин муноқишаҳо аз байни ҳамин одамон буданд, ки яке аз онҳо ҳамшираи шафқат Каромат Сатторова (Зуҳурова) буд.
Таркишҳо пас аз оташбас
Тақрибан соати 15:00-и рӯзи 16 сентябр, вақте расонаҳо хабар доданд, ки ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон барои оташбас ба мувофиқа расиданд, мардуми маҳаллӣ ором шуда, ба маросими дафни ин ду фавтида омодагӣ гирифтанд.
Аксари мардони Овчи-Қалъача дар масҷиди маркази деҳа ҷамъ омада, намози ҷаноза хонданд. Намоз тақрибан соати 18:00 анҷом ёфт. Гурӯҳе аз мардон дар масҷид ва дар наздикии он монданд ва дигарон барои дафн рафтанд.
“Дар рӯ ба рӯи масҷид нонвойхона дорем. Ману хоҳарам тасмим гирифтем, ки нон пухта ба мардум диҳем. Ҳамин вақт ногаҳон садои таркишро шунидам. Вақте ки ман аз нонвойхона берун шудам, дидам, ки одамони зиёде дар паҳлӯи масҷид хобидаанд”, – ба ёд меорад Алиҷон Бобоҷонов.
Дар ин ҷо пайи ҳам садои ду таркиш шунида шуд. Зарбаи аввалин ба назди даромадгоҳи масҷид рост омад. Он ҷо одамоне буданд, ки ба маросими дафн нарафтанд. Тахмин меравад, ки айнан дар ҳамин ҷо Bayraktar TB2 истифода шуд.
Алиҷон Бобоҷоновро дар Овчӣ-Қалъача қаҳрамон меноманд. Вай аз таркишҳо натарсида, аввалин шуда, ба ёрии ба ярадорон шитофт.
Бобоҷонов мегӯяд, ки ӯ дар гузашта хизмати ҳарбиро адо кардааст ва дар чунин вазъият медонад, ки чӣ гуна амал кунад. Вай мошинҳои роҳгузарро боздошта, барои бурдани ярадорон ёрй расонид.
“Мо аввал маҷрӯҳонеро ҷустуҷӯ кардем, ки онҳоро ҳанӯз наҷот додан мумкин буд. Дар ҳар як чаҳор мошине, ки ман боздоштам, мо панҷ захмиро бор кардем”, – мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.
Бобоҷонов мегӯяд, дастикам 11 ғайринизомии кушташударо ба мошини боркаш бор кардаанд. “Ман намедонам, ки он вақт чанд сарбоз мурд, барои онҳо мошини махсус буд, ки мурдаҳоро дар онҳо бор мекарданд”, – ба ёд меорад Алиҷон.
Дар байни қурбониён мардони синну соли гуногун ҳастанд. Дар ин деҳаи калон қариб дарвозаи ҳар хона кушода аст. Ин аз он далолат медиҳад, ки хонаводаҳои мазкур мотам доранд.
Қариб ҳар як оила мотам дорад
Он рӯз дар хонаводаи Ҳасанбой Сатторов се нафар фавтиданд: падараш, тағояш Солеҳҷон Раҳимов, ки ҳамчун табиб кор мекард ва аммааш, ҳамшираи шафқат, ки аз аввалинҳо шуда фавтид.
«Ману падарам ба ҷанозаи аммаам Каромат омадем. Пас аз адои намоз ӯ як шиносонашро дида монд ва барои суҳбат бозистод. Он вақт аллакай созишномаи оташбас ҳосил шуда буд. Падарам машғули гуфтугӯ буд ва ман тақрибан 50 метр дуртар аз ӯ истода будам. Ҳамин лаҳза якбора ду таркиши пайдарпай ба амал омад. Ҳама чиз зери хоку хун монд”, – бо ашки чашмон ёд овард Ҳасанбой.
«Дар бадани падарам ягон ҷойи сиҳаташ намонда буд, тамоми баданаш пора-пора гашта буд. Дар сардхона ҷасадаш тамоми шаб хобид, ташхиси судӣ гузарониданд. Танҳо рӯзи дигар ҷасади ӯро барои дафн ба мо супурданд”, – нақл кард ҳамсуҳбати мо.
Он рӯз Абдувоҳид Абдуқаюми 31-сола ба таъмини хӯроки низомиён машғул буд. Ӯ ба аҳли хонаводааш супориш дод, ки таом омода кунанд ва аз падараш хоҳиш кард, ки аз шаҳр кулча биёрад, то ҳарбиён бе ғизо намонанд. Аз ин рӯ ӯ ба ҷаноза каме дер кард ва ҳамроҳи бобояш каме дертар омад.
Абдурасул Воҳидов, бобои Абдувоҳиди марҳум, то ҳол бо гиря мегӯяд, агар онҳо сари вақт ба масҷид мерасиданд, наберааш зинда мемонд.
«Набераам Абдувохид маро ба ҷаноза овард, дер карда будем. Вақте ки мо расидем, ҷаноза аллакай ба охир расида буд ва мурдаҳоро барои дафн мебурданд. Ҳамаи техникаи ҳарбии мо аллакай бозгашта буданд, зеро ҷонибҳо оташбас эълон карда буданд. Бинобар ҳамин мо бехавотир будем. Дар курсиҳои дохили масҷид нишаста, интизори шом (намози шом – аз муаллиф) будам. Бо ҳамсояҳо чой менӯшидем, суҳбат мекардем ва ҳамин дам ногаҳ таркиш ба амал омад. Мисле, ки касе маро тела дода бошад, афтодам”, – мегӯяд Воҳидов.
Воҳидов бархостан замон, аввалин фикре, ки кард наберааш буд, ки он соат дар кӯча будааст.
«Ман давида баромадам ва дидам, ки даҳҳо мардон зери хоку хун дар замин хобидаанд. Мардум фарёд мезаданд, ки бо ҳавопаймои бесарнишин задаанд. Набераам низ оғӯштаи хун буд. Ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида. Танҳо чеҳрааш осеб надида буд”, – бо акшки чамон ба ёд овард бобо.
Ба рӯзи тӯй нарасид
Умедҷон Султонови 24-сола мебоист рӯзи 7 октябр тӯй шавад. Вале рӯзи 16 – уми сентябр ба ҳалокат расид. Ин ҷавон дар суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд кор мекард.
Маъруфҷон Султонов, падари Умедҷони марҳум, мегӯяд, вақте субҳи барвақт тирпарронӣ оғоз шуд, ӯ дар хона монд ва ба қароре омад, ки кӯмаки ӯ дар деҳа зарур аст.
«Баъд эълон карданд, ки президентҳо барои оташбас ба мувофиқа расиданд. Писарам ба шаҳр рафт, то сӯзишвории мошинро пур кунад. Вақте ба хона бармегашт, аз пораҳои тир захм бардоштааст. Дар мошини ӯ се нафар буданд, вале ҳамаи пораҳо ба болои писарам расиданд”, – мегӯяд Султонов.
Маъруфҷон Султонов мегӯяд, ки муддати тӯлонӣ писарашро ба издивоҷ водор карда буд, аммо Умедҷон гуфтааст, ки баъди анҷоми таҳсил, ҷои кору истиқомат пайдо мекунад ва танҳо он вақт ба издивоҷ розӣ мешавад.
«Ҳоло як ҳуҷраи писарам бо ҷиҳози тӯёнааш пур аст, вале ӯ дигар дар ин дунё нест”, – мегӯяд Маъруфҷон.
Хонаи Султоновҳо хонаҳои қирғизҳо ҳампаҳлӯ аст. Онҳо як девори умумӣ доранд. Тӯли ин солҳо дар байни ҳамсояҳо боре ҳам баҳсу мунозира набуд. Қирғизҳо забони точикиро ёд гирифта буданд, кӯдаконашон бо ҳам бозӣ мекарданд ва якҷоя ба воя мерасиданд.
“Чих еле ки бо ҳамсояи наздик муносибат мекунед, бо қирғизҳо мо ҳам чунин будем. Агар чизе лозим шавад, муроҷиат мекарданд. Агар ҳодисае рух диҳад, ба хабаргирии ҳамдигар мерафтем. Боварӣ дорам, ки тирпаррониро на онҳо – ҳамсояҳои мо, балки роҳбарияти кишвари онҳо оғоз кард”, – гуфт дар охир Султонов.
Тайи рӯзҳои 14-16 – уми сентябр дар ҷараёни даргириҳои мусаллаҳона, мувофиқи ҳисоби хабарнигорони Радиои Озодӣ, аз ҷониби Тоҷикистон 84 нафар, аксаран ғайринизомиён кушта шудаанд. Ба иттилои ҷониби Қирғизистон, дар ин кишвар ҷо 59 нафар ба ҳалокат расидаанд.