fbpx

Ҷавони 18-сола ба ғоратгарӣ гумонбар мешавад

Мухтасари хабарҳои рӯз


0

Се рӯзи истироҳат дар ҳафтаи аввали ноябр

Тоҷикистониён охири ҳафтаи равон ва аввали ҳафтаи оянда 3 рӯз, аз 5 то 7 ноябр истироҳат мекунанд.

Дар робита ба ҷашни 28-умин солгарди қабули Конститусияи Тоҷикистон, ки ҳамасола дар кишвар рӯзи 6 ноябр таҷлил мегардад, шаҳрвандони Тоҷикистон се рӯз пайиҳам – 5, 6 ва 7 ноябр истироҳат мекунанд.

Тавре ки аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд, имсол ҷашн ба рӯзи якшанбеи ҳафта рост меояд ва рӯзи дигари баъдӣ, яъне рӯзи душанбе низ истироҳат мешавад.

Мувофиқи меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар санаи иди расмӣ, ки дар он рӯзи истироҳат эълон шудааст, ба рӯзҳои истироҳат – шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи дигари корӣ ҳам рӯзи истироҳат мешавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Баъдтар, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ – 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийроту иловаҳо ворид карда шудаанд.

Ҳамчунин 22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар натиҷаи ворид кардани тағйирот, калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, танҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монд.

Рӯзи 6 ноябр – тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, рӯзи истироҳат муқарар шудааст.

Ҷавони 18-сола ба ғоратгарӣ гумонбар мешавад

Дар ноҳияи Фирдавсӣ як ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ғоратгарӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии рақами 2 – и н.Фирдавсӣ боздошт шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад.

“Номбурда, 22-юми октябри соли 2022, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар кӯчаи Мушфиқӣ бо роҳи зӯроварӣ ва бо таҳдиди корд аз дасти ҷавони 17-солаи сокини шаҳри Душанбе телефони мобилии тамғаи «Редмӣ-9», ки арзишаш 1 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад, гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”,-хабар додааст манбаъ.

Ба иттилои манбаъ ин ҷавон қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

Нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Қатъи оби нӯшокӣ дар ду ноҳияи шаҳри Душанбе барои як шабонарӯз

Дар баъзе аз минтақаҳои шаҳри Душанбе аз соати 23:00-и рӯзи 28-уми октябр то соати 06:00-и 29-уми октябри соли 2022 интиқоли оби нӯшокӣ боз қатъ мешавад.

Дар ноҳияи Исмоили Симонӣ:

Хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С. Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М. Турсунзода, Шевченко, Шероз, С. Носир, Шоҳтемур, Ф. Ниёзӣ, А. Командир, М. Холов, Л. Шералӣ, Ғ. Абдулло, Азизбеков, Ф. Шаҳобов, Л. Толстой, М. Миршакар, Пушкин ва Теҳрон.

Дар ноҳияи Сино:

Маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии “Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе”, КВД “Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ”, ҶДММ “Кохи Наврӯз” ва кӯчаи Варзишгарон.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend