fbpx

“Худамро муҳоҷир ҳис намекунам”. Чӣ тавр ҷавони тоҷик дар Дубай кору зиндагӣ мекунад

Шукрулло Набиев ба хотири оилааш шуда, донишгоҳро дар соли охири таҳсил партофта, ба муҷоҳирати меҳнатӣ рафт.


-1
-1 points

Якчанд соли охир тоҷикистониён натанҳо ба Русия, балки тавассути барномаҳои гуногун ба Амрикову Аврупо ва кишварҳои пешрафтаи Осиё низ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта истодаанд. Шукрулло Набиев, барои беҳтар кардани шароити зиндагии оилааш тӯли 8 моҳ мешавад, ки дар Дубай кор мекунад. Ӯ ба Your.tj нақл кард, ки бо чӣ тавр ба АМА рафту дар меҳмонхонае ба ҳайси маъмур кор пайдо намуд.

Забони англисӣ ба Шукрулло кӯмак кард

Шукрулло Набиев баъд аз хатми мактаби миёна, ҳуҷҷатҳояшро ба риштаи сиёсатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон месупорад. Ӯ дар оила фарзанди калонӣ буд ва аз хурдсолӣ кӯшиш мекард, ки аз падару модараш маблағ напурсад.

Дар мактаб ҳам бо баҳои хуб мехонд. Ҳамчунин аз забони англисӣ дарси иловагӣ мегирифт. Фарзанди волидони омӯзгор будан ӯро бештар масъулиятнок мекард.

“Ман баъд аз мактаб ба дарси иловагӣ мерафтам. Орзу доштам, ки забони англисиро ёд гираму ба кишварҳои хориҷа сафар кунам. Мутаассифона, ба ҳар барномае, ки ҳуҷҷатҳоямро месупоридам ноком мегаштам, аммо дилшикаста нашудам. Ман бештар аз он хурсанд будам, ки забонро аз худ кардам.

Баъд аз дарси иловагӣ ба ҳар кор худамро мезадам, то ки маблағе ба даст орам, чунки барои аз волидон пул пурсидан шарм мекардам. Бештар вақт кӯшиш мекардам, ки ба бародаронам ҳам кӯмак кунам”,- Шукрулло аз даврони мактабхонияш қисса кард.

Шукрулло замони донишҷӯйӣ низ кор ёфта буд. Ӯ баъд аз дарсҳо дар меҳмонхонаи “Life” ва “Hilton”-и шаҳри Душанбе ба ҳайси маъмур кор мекард. Барои як ҷавон дар як вақт таҳсил дар донишгоҳ ва ҳам кори пурмасъулият андаке вазининӣ мекард.

Бисёр шудааст ҳолате, ки ӯро устодон аз дарс пеш кунанд, зеро аз кори зиёд хаста мешуд ва дар ҷараёни дарс хобаш мебурд.

“Бештар вақт дар дарсҳо хобам меомад, чунки шабона дар мехмонхона кор мекардам. Забони англисиро, ки медонистам ба кор даромадан он қадар душвор набуд.

Маро дар аввал ба ҳайси ёрдамчии маъмур ба кор қабул карданд. Як моҳ бе маош кор кардам. Чун корам писандашон омад, қабул карданд, зеро дар ин муддат ҳама тавоноиямро истифода бурдам”,- гуфт ӯ.

Тарки донишгоҳу сафар ба Дубай

Қаҳрамони мо дар бораи корҳои сердаромади кишварҳои хориҷа бисёр шунида буд. Аз ҳамин хотир бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ кор дар Дубайро меҷуст. Чун дида буд, ки ҳамватанонамон бо донистани забони англисӣ дар ин шаҳри азим кори хубу маоши беҳтар меёфтанд. Ӯ қариб ба 20 эълони ҷойҳои корӣ дар шаҳри Дубай тавсифнома (резюме) – и худро равон карда буд.

“Дар оилаи тоҷик фарзанди калон будан бисёр душвор аст. Баъд аз падару модар дар хона масъул мешавӣ.  Фикри додару хоҳаратро мекунӣ, ки дар оянда азоб накашанду гурусна намонанд”,- гуфт аз мушкилиҳои ҳаёт Шукрулло.

Баъди дархостҳои беҷавоб ба ширкатҳои гуногун қаҳрамони мо, донишгоҳро партофта, ба Аморати Муттаҳидаи Араб рафт. Дар ин вақт ӯ аллакай нимсолаи авввали соли 4 – умро ҷамъбаст карда буд.

“Агар ягон ширкат ва ё меҳмонхона маро қабул мекард, тамоми хароҷоти сафарро пардохт менамуд. Вале аз ягонтои онҳо ҷавоби мусбат нагирифтам. Аз ҳамин хотир худам бо маблағе, ки доштам раводид ва чиптаи ҳавопаймо гирифтаму таввакал бар Худо ба Дубай омадам. Дар як хостели Дубай 12 рӯз зиндагӣ кардам ва дар як рӯз даҳ доллар пардохт мекардам.

Дар ин муддат барои худам тарҷумаи ҳол (CV) омода намудаму онро нусхабардорӣ карда ба тамоми ширкатҳо, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳои шаҳри Дубай ва берун аз он тақсим кардам. Бадиаш дар он буд, ки дар ҳавои гарм пиёда мегаштам. Ҳамчунин, шаҳрро хуб намедонистам”, – нақл кард, қаҳрамони мо.

Барои қаҳрамони мо дар шаҳри бегона гаштан бисёр душвор буд. Зеро маротибаи аввал берун аз кишвар сафар кард. Вале ӯ мушкилиҳоро паси сар кард ва оқибат соҳиби кор шуд.

“Баъд аз чанд вақт аз чор меҳмонхона занг зада, барои мусоҳиба даъват карданд. Ман ба меҳмонхонаи “Pullman” рафтам, чунки бароям хеле писанд омада буд. Нӯҳ рӯз мусоҳиба ташкил карданду бо шартнома маро ба кор қабул карданд”,- мегӯяд ӯ.

Шукрулло Набиев аз кор кардан дар Дубай хеле қаноатманд аст. Ӯ мегӯяд худамро дар ин ҷо муҳоҷир ҳис намекунам. Бештар фикри оилаамро мекунаму ҳамавақт дар ҷойи корам ҳастам.

“Аз Россия дида барои ман ҳазор маротиба Дубай хуб аст. Дар ин ҷо қадру қимати меҳнатро медонанд. Хӯрокро дар вақту соаташ медиҳанд.

Маошро бошад, то ҳол дер надоданд, ҳамчунин ягон маротиба кам нагирифтаам. Агар дар вақти кор ягон хато кардӣ, ҳеҷ гоҳ ба сарат дод намезананду ҷарима намебандад”,- гуфт ӯ.

Чаро Шукрулло дар Аморати муттаҳида кор карданро интихоб кард? Чӣ хеле, ки ӯ мегӯяд бештари мардуми инҷо мусалмон ҳастанд. Мисли Тоҷикистон ҳама ҷо тинҷиву оромӣ ҳаст. Ягон нафар ба ту кор надорад. Ҳамчунин барои тиҷорат бисёр хуб аст.

Ӯ ба мардуме, ки кор надоранду ягон забони хориҷиро медонанд, тавсия медиҳад, ки ба ин кишвар биёянд.

Чунки ҳар корхонае, ки шуморо қабул мекунад: раводид, маблағи чипта, хурду хӯрокашро таъмин мекунад. Барои ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар кор дар Дубай ё Аморати муттаҳида “@uea.jobs”, “@uea_jobs_carreers”, “@jobsindubaicis”, “@dubai_job_travel” ва дигар сайтҳо ҷустуҷӯ кунед!

Аминҷон РАҲМАТЗОДА


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
11
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
4
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend