Як қисми чойхонаи “Роҳат” – ро тахриб мекунанд
Дар Душанбе як қисми чойхонаи “Роҳат”-ро тахриб мекунанд, аммо тақдири бинои худи чойхона то ҳол маълум нест. Мақомот тахриб шудан ё нашудани худи чойхонаро ҳанӯз шарҳ надодаанд.
Биное, ки аллакай тахриби он оғоз шудааст, дар гузашта ҳамчун тарабхонаи Чойхонаи “Роҳат” маъруф буд ва ба гуфтаи огоҳони ҳол, он дертар аз худи чойхона сохта шудааст.
Дирӯз, 24-уми май, хабарнигорони “Азия-Плюс” замоне, аз ин макон дидан карданд, техника ва кормандони зиёде биноро тахриб мекарданд ва маълум буд, ки дар баробари чойхонаи “Роҳат”, ин бино низ бо нақшу нигори миллӣ ороиш ёфта, коргарон онро мекананд.
Мақомот ҳанӯз тасмими вайрон кардани чойхонаи “Роҳат” ё бинои паҳлӯи онро шарҳ надоданд.
Дар ҳамин ҳол, аз Раёсати сохтмонҳои Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфтанд, бинои чойхонаи “Роҳат” тахриб намешавад.
Аз ин ниҳод афзуданд, ки дар бораи бинои паҳлӯи чойхона, ки аллакай тахрибаш оғоз шудааст, маълумот надоранд.
Тахриби бинои паҳлӯи чойхонаи “Роҳат” ё ба эҳтимоли зиёд тахриби худи чойхонаи Роҳат дар ҳолест, ки дар гузашта тасмими тахриби он аҳли зиё ва ҷомеаи шаҳрвандиро нигарон карда буд ва онҳо барои нигоҳ доштани он талоши зиёде ҳам карда буданд. Онҳо мегуфтанд, ки ин чойхона арзиши таърихӣ дорад ва он бояд барои ояндагон ҳифз карда шавад. Онҳо мегуфтанд, ки деворҳои нақшину кандакоришуда, гулдухтарони атласпӯш, оҳанги наю дутор ва ғизоҳои болаззати миллӣ чойхонаи “Роҳат”-ро давоми даҳсолаҳо ба симои фарҳангии Тоҷикистон табдил додааст.
Поинравии қурби доллару евро дар Тоҷикистон идома дорад
Дар Тоҷикистон поинравии қурби доллару евро ва болоравии қурби рубл ҳамоно идома дорад. Тайи як шабонарӯз қурби доллар чор банди фоизӣ кам шуд: 40 сомонӣ барои 100 доллар.
Мувофиқи қурби муқарранамудаи Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз, 25 май, 1000 рубл ба 173 сомонӣ баробар аст. Дар “бозори сиёҳ” барои 1000 рубл 180 сомонӣ пешниҳод карда, 183 сомонӣ мефурӯшанд.
Тибқи қурби расмӣ, имрӯз 1 доллар 11,40 сомонӣ нарх дорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз дирӯз, 24 май қурб 11,80 сомонӣ барои 1 долларро ташкил медод. Дар “бозори сиёҳ” 100 долларро 1 ҳазору 110 сомонӣ харида, 1 ҳазору 125 сомонӣ мефурӯшанд.
Евро ҳам тибқи қурби Бонки миллӣ дар ҳоли тағйирёбист. Имрӯз 1 евро ба 12,21 сомонӣ баробар буда, дирӯз – 12,57 сомониро ташкил медод.
Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад.
Қобили зикр аст, ки рубли русӣ дар ҳаҷми зиёд тариқи интиқолҳои шахсони воқеӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба низоми бонкии кишвар ворид мешавад, лекин сар аз соли 2016 ба қабулкунандагон танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ пас аз мубодилаи он бо қурби ҳамон лаҳза дода мешавад.
Ҳалокати дастикам 19 кӯдак дар ҳамла ба як мактаб дар Техаси Амрико
Шумораи қурбониёни тирандозӣ дар яке аз мактабҳои ибтидоӣ дар иёлати Техаси Амрико ба 21 нафар расид, ки 19 нафари онҳо мактабхон ҳастанд. Грег Эббот, ҳокими иёлати Техас, гуфт, рӯзи сешанбе як ҷавони 18-сола дар мактаби ибтидоӣ тирандозӣ кард ва чандин кӯдак ва муаллимро кушт ва шумореро низ захмӣ намуд.
Омори ибтидоие, ки Грег Эббот эълон карда буд, 14 кӯдак ва як муаллим буд, аммо шумораи қурбониёни ҳодиса афзоиш ёфт. Ҳокими иёлати Техас ҳамчунин гуфт, шахси ҳамлакунанда низ кушта шудааст.
Ба гуфтаи ҳокими иёлати Техас, шахси ҳамлакунанда эҳтимол бо як туфанг вориди мактаби ибтидоӣ Robb Elementary School дар шаҳри Ювалде шуд ва тирандозӣ кард. Мақомоти Техас ҳанӯз ангезаҳои даст ба ин кор задани фарди ҳамлакунандаро эълон накарда, танҳо маҳалли зисти ӯро ошкор кардаанд.
Ҳокими Техас изофа кард, ки ҳамлавар эҳтимолан аз тири нерӯҳои пулис кушта шуд ва таҳқиқ дар робита ба ин ҳодиса идома дорад. Мақомоти пулис дар шаҳри Ювалде низ эълон кардаанд, ки ин шахс ба танҳоӣ ин ҳамларо анҷом додааст.
Чаҳор сол пеш ҳам дар иёлати Техас бар асари ҳамла ба як мактаб 10 нафар ҷон бохта буд. Ҳанӯз шумораи захмиёни ҳодиса маълум нест, аммо мақомоти пулиси Ювалде мегӯянд, ки чандин нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Сухангӯи Кохи Сафед гуфт, Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ҳини бозгашт аз сафари панҷрӯзаи осиёии худ аз ин ҳодиса огоҳ шудааст.
Ҷо Байден шоми сешанбе дар Кохи Сафед дар ин бора суханронӣ кард. Вай аз мардуми Амрико хост, ки алайҳи лоббии аслиҳа дар ин кишвар биистанд ва гуфт, ки лоббии қудратманди аслиҳа монеи қабули қонунҳои сахттаре дар робита ба доштани силоҳ шудааст.
Ба гуфтаи мақомоти Техас, мактабхонҳои қурбонии ин ҳодисаи тирандозӣ аз синфҳои дувум, севум ва чаҳорум будаанд. Як бемористон дар Ювалде эълон кардааст, ки понздаҳ мактабхон дар бахши кӯмакҳои таъҷилӣ бистарӣ шудаанд.
Ювалде ҳудуди 16 ҳазор аҳолӣ дорад. Ин шаҳрак дар 120 километрии марзи Мексика қарор дорад. Талабаҳои ин мактаб, ки ба он ҳамла сурат гирифт, асосан лотинитаборон ҳастанд.
Беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳои ройгони тобистона мераванд
Аз 14 июн то 9 августи соли равон 10 ҳазору 352 кӯдаку навраси пойтахт ба истироҳатгоҳҳои тобистона (лагер) фаро гирифта мешаванд. Дар ин бора қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.
Асомиддин Бобозода, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе гуфт, аз ин шумора 4 ҳазору 192 кӯдак аз 37 мактаби пойтахт ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Зимчурӯд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу»-и ноҳияи Варзоб мераванд.
– Инчунин 6 ҳазору 160 навраси дигар дар майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо ташкилу баргузории истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон пешбинӣ шудааст, ҷалб карда мешаванд, – гуфт Бобозода.
Истироҳати кӯдакону наврасон ба чор баст ҷудо гардида, онҳо 11 рӯз ройгон истироҳат хоҳанд кард.
Ба таъкиди Бобозода мақсад аз он ҷалби кӯдакону наврасон ба сайёҳиву солимгардонӣ, тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки ба истироҳҳатгоҳҳои тобистона хонандагони синфҳои аз 1 то 8 фиристода шуда, тартиби қабулу номнависи хонандагон дар худи мактабҳо сурат мегирад ва руйхат ба шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳо ирсол мегардад.
– Дар истироҳҳатгоҳҳои тобистонаи беруназшаҳрӣ хонандагон бо 4 вақт хӯрок ва дар майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ бошад, бо 2 вақт хӯрок ройгон таъмин мегарданд. Дар ин истироҳатгоҳҳо хонандагонро муррабиён, равоншиносон ва дигар нафарони масъул ҳамроҳӣ мекунанд,- изҳор дошт Асомиддин Бобозода.
Ӯ ҳамчунин, афзуд, барои 200 хонандае, ки дар олимпиадаҳо мақоми ифтихориро гирифтанд, истироҳатгоҳи алоҳида пешбинӣ шудааст.