fbpx

“Тоқии сеҳрнок”-и Муҳаммад. Ӯ чӣ тавр ба UFC роҳ ёфт

Муҳаммад чорумин размикори тоҷик аст, ки бо ташкилоти бонуфузи UFC шартнома баст.


1
1 point
Муҳаммад Наимов размикори тоҷик дарUFC
Муҳаммад Наимов

Муҳаммад Наимови 28-сола барои роҳ ёфтан ба ин ташкилот солҳои зиёд талош варзид ва мушкилиҳои зиёдеро паси сар кард. Ӯ 4-уми июн, пас аз рақобат ва пирӯзиаш бар размикори австралиягӣ Ҷейми Малларки, дар ҷавоб ба саволи журналистон дар бораи тоқиаш гуфт, ки танҳо ба Худованд бовар дорад, тоқӣ бошад, фарҳанги тоҷиконаи ӯст.

Муаллифи Your.tj, Фаридун Сафарзода бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, аз ҳаёт ва муваффақиятҳои ин варзишгари тоҷик, ки ҳоло дар Амрико зиндагӣ мекунад, нақл кард.

Муҳаммад Наимов дар шаҳри Кӯлоб

“Бобоям маро ба варзиш овард”

Муҳаммад Наимов зодаи шаҳри Кӯлоб буда, дар шаҳри Душанбе ба воя расидааст. Ӯ дар шаҳри Душанбе Гимназияи рақами 1-ро хатм карда, 8 соли охир муқими Амрико шудааст то ба орзуҳояш расад.

“Аҳли оилаи ман ба варзиш таваҷҷуҳи зиёд доранд. Ман дар ҳамин муҳит ба воя расидаам. Бобоям (аз тарафи модарӣ) варзишгар буд. Падарам ҳам варзишро хеле дӯст медошт. Ӯ низ варзишгар буд, лекин баъди оиладоршавӣ аз варзиш дур шудааст”,- мегӯяд қаҳрамони мо.

Муҳаммад дар хурдӣ ба варзиш меҳр баста буд. Чунки ҳар вақте ба хонаи бобояш мерафт он ҷо бобо ва падараш танҳо дар бораи варзиш суҳбат мекарданд ва оиди ин ё он мавзӯъҳои варзишӣ баҳс мекарданд. Муҳаммад ҳам суҳбатҳои онҳоро бо диққат гӯш дода, орзуи варзишгар шуданро дар дил мепарварид.

“Ман аз кӯдакӣ мехостам мисли бобоям ва падарам варзишгар шавам. Филмҳои варзиширо бисёр тамошо карда, мустақилона машқ мекардам. Рӯзе бобоям ҳавасмандии марои дида маро ба толори варзишӣ бурд. Он ҷо ман ба тамрини таэквандо ва кикбоксинг оғоз кардам”,- ба хотир овард Муҳаммад.

Ғолибияти Муҳаммад дар Тоҷикистон

2 карат қаҳрамони ҷаҳон ва 7 карат қаҳрамони Осиё

Муҳаммад акнун пас аз дарсҳо ба толори варзишӣ рафта дар риштаи таэквандо ва кикбоксинг тамрин мекард. Мураббии ӯ Далер Тураев буд. Ӯ барои варзишгар шудани Муҳаммад саҳми назаррас гузошт.

“Маро дар толори варзишӣ хуш қабул карда, ба назди мураббӣ Далер Тураев бурданд. Акнун зери роҳнамоии ин мураббӣ тамрин мекардам. Рӯзҳои аввал варзиш бароям душвор буд. Лек меҳри ман ба варзиш сабаб мешуд, ки ба ҳама мушкилиҳо тоб оварда, пайваста тамрин кунам, то дар оянда муваффақ шавам”,- нақл қард қаҳрамони мо.

Муҳаммад дар риштаи таэквандо ва кикбоксинг дастовардҳои назаррасро соҳиб шуд. Ӯ дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ муваффақ гардида, ҳамчунин 2 маротиба қаҳрамони ҷаҳон ва 7 маротиба қаҳрамони Осиё шуд.

Муҳаммад дар Амрико

“Сафар ба Амрико ҳаёти маро тағйир дод”

Соли 2015 Муҳаммад ба Амрико сафар карду дигар он ҷо монд. 8 сол боз дар Амрико зиндагӣ ва фаъолият мекунад. Соле як маротиба ба Тоҷикистон, ба дидори наздикон меояд.

Дар аввал Муҳаммад такси меронд ва рӯзгорашро пеш мебурд. Ба варзиш ҳам машғул мешуд. Он ҷо Муҳммад тамринҳои размикорони машҳур ба монанди Конор Макрегорро дар UFC дида, ба ин намуд мароқ зоҳир кард. Мардуми Амрико низ мухлиси ин риштаи вариш будаанд.

“Ман дар Амрико такси мерондам, вале барои варзиш вақти муайян доштам ва дар толор тамрин мекардам. Ба мушоҳидаи ман мардум ба варзиши UFC хеле зиёд таваҷҷуҳ доранд. Тамринҳои размикорони машҳурро аз наздик тамошо карда, ба ин варзиш дил бастам. Дар назди худ мақсад гузоштам, ки бояд дар ин намуд муваффақ шавам”,- гуфт Наимов.

Муҳаммад забони англисиро намедонист. Ӯ дар ҷараёни тамринҳо дар толор бо тамринкорон забонро ёд гирифт. Ҳоло озодона бо забони англисӣ ҳарф зада метавонад.

“Ман вақте дар UFC тамринҳоро оғоз кардам, дар толор бо ҳаммашқҳои дигарам дар як муддати кӯтоҳ забони англисиро ёд гирифтам. Медонед, англисидонии ман ин забони кӯчагӣ аст. Гарчанде англисиро ба таври грамматикӣ ё илмӣ надонам ҳам, бо омӯхтани тарзи суҳбат бо он роҳи муваффақиятҳо боз ҳам ба рӯи ман кушода гардиданд”,- мегӯяд қаҳрамони мо.

Муҳаммад дар UFC

Муҳаммад аввалин рақобаташро барои роҳ ёфтан ба ташкилоти UFC бояд дар ташкилоти Дана Уайт – “Dana White Contender Series” доир мекард. Ӯ бо ин ташкилот қарордоди ҳамкорӣ ба тасвиб расонид, аммо муваффақ нашуд.

“Ман аввалин тоҷик будам, ки дар рақобати ташкилоти Дана Уайт – «Dana White Contender Series» баромад кардам. Агар пирӯзӣ ба даст меовардам, ба UFC роҳ меётам, аммо нашуд. Аз сабаби барвақт қабул кардани рақиб ва рақобат, ман муборизаро бохтам”,- зикр кард Муҳаммад.

Рақобати Муҳаммад барои номи Тоҷикистон

Заҳматҳои шабонарӯзӣ барои роҳ ёфтан ба UFC

Муҳаммад Наимов барои роҳ ёфтан ба UFC заҳмати зиёд кашид. Ӯ дар 10 рақобат, 8 ғалаба ва 2 бохт дошт. Бохте, ки ӯ дар ташкилоти Дана Уайт – “Dana White Contender Series” дошт, барояш ғамангез буд, чунки дар сурати ғалаба ба орзуяш мерасид.

“Ман барои роҳ ёфтан ба UFC талоши зиёд кардам. Ҳар рӯз пас аз кор то дери шаб саргарми тамрин мешудам. Бо вуҷуди серкорӣ ҳеҷ гоҳ тамринҳоямро тарк накардам. Пас аз бохт дар ташкилоти Дана Уайт – «Dana White Contender Series» ман тамринҳоямро дучанд карда, билохира пас аз 3 сол роҳхати UFC-ро ба даст овардам”,- афзуд қаҳрамони мо.

Дар оғози моҳи июни имсол Муҳаммад бо ташкилоти бонуфузи UFC шартнома баст. Ӯ акнун, чаҳорумин размикори тоҷик аст, ки дар ин ташкилот баромад мекунад. Қаблан, Нурулло Алиев, Лоиқ Раҷабов ва Муин Ғафуров ба ин ташкилот роҳ ёфта буданд. Аввалин рақобати Муҳаммад дар UFC муқобили варзишгар аз Австралия Ҷейми Малларки дар назар аст.

Муҳаммад бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов

“Пеш аз оғози рақобат бо Ҳабиб тамрин кардам”

Пас аз 3 рӯзи бо UFC шартнома бастан Муҳаммад бояд зуд аввалин сабқаташро доир менамуд. Ӯ субҳи 4-уми июн бо Ҷейми Малларки (16-5) аз Австралия бояд қувваозмоӣ мекард.

“Ман пеш аз оғози рақобат бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар толор тамрин кардам, ки бароям эҳсоси аҷиб бахшид. Эҳсос кардам, ки барои рақобат бо размикори австралиягӣ ҳаматарафа омода шудам.

Дар рақобат бо Малларки ғалаба кардам. Гарчанде дар ин рӯз размикори дигари мо Муин Ғафуров шикаст хӯрд. Ман дар раунди дуюм тавонистам, ки Малларкиро ба нокаут фиристам ва ғалабаи нӯҳумамро ҷашн гирам”,- бо хушҳолӣ мегӯяд қаҳрамон мо.

Туҳфаи президенти UFC ба Муҳаммад

Пас аз анҷоми рақобатҳо президенти ташкилоти бонуфузи UFC – Дана Уайт рақобати Муҳаммад Наимовро бо Ҷейми Малларки беҳтарин рақобат ҳисобид ва ба размикори мо 50 000 доллар ҳамчун бонус туҳфа кард.

“Президенти ташкилоти бонуфузи UFC – Дана Уайт пас аз ин рақобат маро фарёд кард ва бо ин пирӯзӣ шодбош гуфт. Албатта, ба ман як миқдор маблағ ҳам туҳфа кард. Ман ӯро ба Тоҷикистон таклиф кардам. Ӯ гуфт, ки ҳатман рӯзе ба Тоҷикистон меояд ва мусобиқа UFC баропо мекунад”,- нақл кард бо ифтихор Муҳаммад.

Муҳаммад баъди пирӯзӣ

Тоқии “сеҳрнок”-и Муҳаммад

Вақте Муҳаммад размикори австралиягиро шикаст медиҳад, дар сар тоқии тоҷикиро мепӯшад ва ғалабаашро таҷлил менамояд. Ҳамагон он ҷо фикр мекунанд, ки тоқии ӯ сеҳрнок аст ва сабаби муваффақияти ӯ гардидааст.

“Ман пас аз ғалаба тоқии тоҷикиро пӯшидам ва ғалабаамро таҷлил кардам. Чанд размикор ва журналистон аз ман пурсиданд, ки он чӣ дар сар дорам чӣ аст ва оё ин сабаби ғалабаи ман шудааст? Ман ба онҳо посух додам, ки ин тоқии тоҷикӣ аст. Ин сабаби музаффарияти ман нест, балки ин фарҳанги ман аст. Ман мехоҳам, ки фарҳангамро ва кишварамро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоям”,- ба ёд овард он лаҳзаи ҳаяҷоноварро Наимов.

Як размикор пас аз ин рақобат аз варзишгари мо хоҳиш мекунад, ки он тоқиро ба ӯ туҳфа кунад, аммо Муҳаммад розӣ намешавад. Варзишгари мо ба ӯ тоқии нав ваъда медиҳад.

Муҳаммад бо рӯзноманигорон

“Ин тоқиро аз соли 2012 инҷониб, вақте дар Чемпионати ҷаҳон аз риштаи таэквандо нишони тилло ба даст овардам, бо худ нигоҳ медорам. Он ҷо ман бо ин тоқӣ қаҳрамониро таҷлил карда будам. Барои ҳамин ин тоқӣ барои ман азиз аст ва хотираҳои рангинро ба ёди ман меорад. Ман ба он размикор гуфтам, ки нав ҳадя мекунам”,- ба ёд овард қаҳрамони мо.

Муҳаммад Наимов пас аз солҳои зиёд ва талошҳои пайваста билохира ба орзуяш расид ва ба UFC роҳ ёфт. Акнун, пас аз чанд моҳ ӯ рақобати дуюмашро дар ин ташкилот доир мекунад. Муҳаммад мегӯяд, ки оянда нақшаҳои зиёд дорад ва баҳри амалии онҳо талош хоҳад кард.

Фаридун Сафарзода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
6
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
3
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend