fbpx

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: “Мо ба нархи билетҳо таъсир расонида наметавонем”

Айни ҳол арзиши чипта аз Душанбе ба Москва тавассути ширкати “Уралские авиалинии” барои рӯзи 3 феврал 7 ҳазору 574 сомонӣ мебошад.


0

Аз аввали моҳи январ инҷониб нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба самти Русия аз 2 ҳазор то 8 ҳазор сомонӣ боло рафт, ки ин нигаронии мардумро ба бор овард. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, “ба нархи чиптаҳо таъсир расонида наметавонанд, чун байни Ҳукумати Тоҷикистону Русия созишнома имзо шудааст, ки нархро худи ширкатҳои ҳавопаймоӣ муайян мекунанд”.

Ягона ширкати ҳавопаймоии ватанӣ дар Тоҷикистон ин ширкати тоҷикии “Сомон Эйр” аст. Болоравии нархи чиптаҳои ин ширкатро хадамот ба болоравии нархи сӯзишворӣ рабт дод.

“Мо дар бозори мусофиркашонии ҳавоӣ ҳамагӣ як ширкати монополист дорем, ки 14% бозорро ташкил медиҳад. Боқимонда ҳама ширкатҳои хориҷианд, ки мувофиқи созишномаи байни ҳукуматӣ, мо ба нархи гузоштаи ин ширкатҳо таъсир расионида наметавонем.

Гароншавии нархи чиптаҳои ширкати “Сомон Эйр” беасос нест, сабабаш болоравии нархи сӯзишворӣ мебошад”, – гуфт, раиси хадамоти зиддиинҳисорӣ, Абдулмаҷид Муминзод, имрӯз, 1-уми феврал дар нишасти матбуотӣ.

Вале худи хадамот гуфт, ки нархи сӯзишвории ҳавопаймоӣ дар моҳи январ 4% коҳиш ёфтааст ва дар ҳоли ҳозир нархи 1 тонн керосини ҳавопаймоӣ 1 ҳазору 400 доллар аст.

Ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ бошанд, сабаби болоравии нархи чиптаҳоро ба гарон будани хизматрасониҳои фуругоҳӣ рабт дода буданд.

Корманди яке аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба шарти зикр нашудани номаш ба “Азия-Плюс” гуфта буд, “Нархи хизматрасониҳои фурудгоҳӣ дар Тоҷикистон аз ҳама гаронтарин дар Осиёи Марказӣ мебошад. Аз ин рӯ мо маҷбур мешавем, ки нархи чиптаҳоро аз Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо гаронтар кунем”.

Вале, сардори раёсати танзими инҳисороти табии Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Ҳабиб Абдуллозода , мегӯяд, ки нархи хизматрасониҳои фурудгоҳӣ дар соли 2022 гарон нашудааст.

“Нархномаи хизматрасониҳои фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб аз соли 2013 ва фурудгоҳи Душанбе аз соли 2019 тағйир наёфтаанд. Дар ҳақиқат нархи хизматрасониҳои фурудгоҳӣ дар Тоҷикистон назар ба кишварҳои ҳамсоя гаронтар аст. Зеро дар Тоҷикистон омаду рафти ҳавопаймоҳо хеле каманд. Яъне,  чӣ қадре, ки парвозу нишаст зиёд бошад, нархи хитзматрасонӣ ҳамон қадар арзон хоҳад шуд”, – изҳор дошт, Ҳабиб Абдуллозода.

Вобаста ба беасос боло бурдани нархи чиптаҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҷаласаи фаврӣ баргузор намуда, ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ оиди поён бурдани нарх дастури қатъӣ дода буд.

Дар ин ҷаласа, намояндагони ширкатҳои “Уральские авиалинии”, UTair, “Сибирь”, “Северный ветер” ва “Сомон Эйр”, ки ба самти Русия парвоз анҷом медиҳанд, иштирок доштанд. Ба ғайр аз ин  агентӣ ба ҳама мудирони кулли ин ширкатҳо номаҳои расмӣ бо талаби поён бурдани нархи чиптаҳо ва шарҳи сабабҳои болобарии нарх ирсол карда буд.

Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба Your.tj гуфтанд, ки то ҳол танҳо аз ду ширкати ҳавопаймоӣ ба номаҳои худ ҷавоб гирифтаанд.

“Ин ширкатҳо ваъда доданд, ки нархи чиптаҳоро поён мебаранд. Ҷавоби ширкатҳои дигарро интизорем”, – гуфт як намояндаи агентӣ.

Аммо намояндаи агентӣ нагуфт, ки маҳз кадом ширкатҳо ба онҳо номаи ҷавобӣ ирсол кардаанд.

Дар ҷаласа роҳбарияти агентӣ гуфта буд, ки бояд нархи билетҳо аз ҳарду ҷониб на зиёда аз 500 доллар бошад. Ҳамчунин ба ширкатҳо огоҳии қатъӣ доданд, ки дар сурати поён накардани нархҳо нисбаташон чораҳои лозима андешида мешавад.

Айни ҳол арзиши чипта аз Душанбе ба Москва тавассути ширкати “Уралские авиалинии” барои рӯзи 3 феврал 7 ҳазору 574 сомонӣ мебошад.

Малика Сафарзода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend