fbpx

5 – 6,5 ҳазор сомонӣ. Болоравии арзиши чиптаҳои ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия

Мо мухтасар аз тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи Спутник Тоҷикистон

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз шуд

Cубҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, сафари кории президент бо ифтитоҳи Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон оғоз гардид.

Гуфа мешавад Филиали Агентӣ аз маъмурият, сектори илмӣ-таҳқиқотӣ ва хизматрасониҳои техникӣ, бахши иҷозатномадиҳӣ, санҷиш ва вокуниш ба садамаҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ иборат аст.

Президент зимни шиносоӣ таъкид дошт, ки ин ниҳоди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимгари давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва ҳамоҳангсози амнияти химиявӣ ва биологӣ нақши муҳим дорад.

“Қисмати асосии кормандони Филиали Агентиро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки дар марказҳои бонуфузи илмии мамлакатҳои пешрафта таҳсил ва аз таҷрибаомӯзӣ гузаштаанд”, – зикр мешавад дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд бо нашри эълон дар бораи муваққатан маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз 9 то 12 августи соли равон дар баъзе аз шаҳру навоҳии вилоят хабар додааст.

5 – 6,5 ҳазор сомонӣ. Болоравии арзиши чиптаҳои ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия

Билетҳои ҳавопаймо дар Тоҷикистон тайи моҳи ахир ба таври назаррас боло рафта, қиматшавии онҳо идома дорад.

Мусофирон мегӯянд, агар як моҳ пеш нархи билети самти Душанбе-Маскав аз 3 то 4 ҳазор сомонӣ нарх дошт, пас ҳозир онро бо душворӣ бо нархи аз 5 то 5,5 ҳазор сомонӣ ёфтан мумкин аст.

“Аввали моҳи июл бародарам бо 3 ҳазору 890 сомонӣ билет харида, ба Маскав рафт. Вале вақте ман рӯзи 5 август ба хазина (касса) рафтам, билети хатсайри Душанбе – Маскав, ки аз ҷониби ширкати “ЮтЭйр” иҷро мешавад, 6 ҳазору 400 сомонӣ нарх дошт”, – гуфт сокини Душанбе Маҳмадалӣ.

Ӯ мегӯяд, акнун ифтитоҳи хатсайри роҳи оҳанро интизор мешавад, то ки бо он ба Русия равад. Ба гуфтаи мақомот, қатораи аввали мусофирбар ба Русия рӯзи 16 август аз Кӯлоб ба Волгоград раҳсипор мешавад.

Намояндаи яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо гардад, дар ин робита изҳор намуд, ки ҳар сол дар як моҳи муайян билетҳо қимат ё баръакс арзон мешаванд, ки ба зиёдшавии талаботи мусофирон вобаста аст.

Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки чунин вазъият натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа ба мушоҳида мерасад.

Дар сомонаҳои расмии ширкатҳои ҳавопаймоӣ билетҳо ба хатсайри Душанбе – Маскав аз 4,8 ҳазор сомонӣ (472 доллар) сар мешаванд Дар нуқтаҳои билетфурӯшӣ бошад, ҳамин билетҳо бо нархи аз 5,1 ҳазор то 6,4 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешаванд.

Дар Душанбе писарбачаеро, ки аз ошёнаи чорум худро партофтан мехост наҷот доданд

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон писарбачаеро, ки мехост худро аз ошёнаи чорум худро ба зер афканад, наҷот доданд. Ин кумита хабар додааст, ки ҳодиса рӯзи душанбе дар кӯчаи Алишер Навоии пойтахт рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, дастаи наҷот фавран ба ҷойи ҳодиса фиристода шуда, бо истифода аз тирезаи ҳамсояҳо писарбачаро наҷот доданд. Маълум шудааст, ки волидони ин писараки 8-сола, ӯро дар хона танҳо мондаанд ва чун аз хоб бедор шудааст, дарро баста дидаву худро танҳо ёфта, тарсидааст. Ва хостаст аз тиреза худро ба поён ҳаво диҳад.

Писарбачаро ба кормандони милитсия супурданд ва онҳо ҳоло сабабҳои ин ҳодисаро, муайян мекунанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба волидон муроҷиат кардааст, ки фарзандони ноболиғи худро ҳаргиз дар хона танҳо намонанд.

Дар Чемпионати CAFA футболбозони тоҷик мунтахаби Қирғизистонро ҳам мағлуб карданд

Дар бозии даври сеюми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA-2022 байни футболбозони синни то 19-сола (U-19) мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими Қирғизистонро бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст дод.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, тӯбҳоро ба дарвозаи ҳариф аз дастаи Тоҷикистон Асадбек Ҷӯрабекзода, Салам Ашӯрмамадов ва Суннатулло Азизов ба нишон расониданд.

Гуфта мешавад, дар вохӯрии дигари даври сеюми чемпионати CAFA-2022 мунтахаби Эрон ҷавонони Афғонистонро бо ҳисоби 4:0 мағлуб кард.

Пас аз се давр мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо касби 6 имтиёз пешсафи ягонаи ҷадвал аст. Дастаҳои Эрону Қирғизистон 4 имтиёзӣ дошта, Ӯзбекистон 2 имтиёз ба даст овардааст. Афғонистон ҳоло имтиёз нагирифтааст.

Қобили зикр аст, ки дастаҳои Қирғизистону Афғонистон 3 бозӣ гузаронда,  Тоҷикистону Эрон ва Ӯзбекистон 2 бозӣ гузаронидаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend