fbpx

Чӣ тавр муҳоҷирбачаи тоҷик рассомиро ба манбаи иловагии даромад табдил дод

Ҳусниддин дар Русия алакай муштариёни худро дорад. Ҳар як мусаввараш аз 200 то 900 сомонӣ арзиш дорад.


4
4 points

Ҳусниддин Шаҳобиддинов 24 сол дошта, айни ҳол дар муҳоҷират қарор дорад. Ӯ дар баробари он, ки дар дӯконе “шаурмачӣ” шуда кор мекунад, боз ба рассомӣ низ машғул мешавад. Ҳусниддин тарқи интернет барои кашидани мусаввараҳои гуногун дархост гирифта, шабона онҳоро иҷро мекунад. Ӯ дар аввал ҳатто тасаввур намекард, ки расмҳои кашидааш метавонанд манбаи даромад бошанд.

Муҳоҷирбачаи  рассом

Ҳусниддин мақсад дошт,ки пас аз хатми мактаб ба ба шӯъбаи меъмории Донишгоҳи санъат ва дизайнерии Тоҷикистон дохил шавад. Аммо бо сабабҳои молиявӣ ва фарзанди калонии оила будан натавонист, ки таҳсилро идома диҳад.

Соли 2016 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Руссия меравад ва то имрӯз дар он ҷо кору фаъолият дорад. Қаҳрамони мо дар муҳоҷират низ аз рассомӣ даст накашид ва давоми чор сол ба тариқи интернет аз мизоҷон дархост мегирад ва расмҳои кашидаашро ба фурӯш мегузорад. Ӯ бештар тасвири портретиро дӯст медорад ва дар ин роҳ муваффақ низ шудааст.

“Вақте ба Русия омадам дар як дӯкони “шаурмапазӣ” шуруъ ба кор кардам. Аммо, бо гузашти чанд муддат ба кори сохтмон гузаштам. Чанд вақт дар сохтмонҳои баландошёна кор кардам, вале ба хунукиву вазнинии кор тоб оварда натавонистам. Аз ин кор даст кашида, дубора ба дӯкони “шаурмапазӣ” баргаштам ва то ҳол дар ҳамон ҷо кор мекунам.

Кори мо аз соати 9 то 22‑и шаб давом мекунад. Пас аз итмоми кор ба рассомӣ машғул мешавам ва ин кор хастагии маро рафъ мекунад”, ‑ мегӯяд рассоми ҷавон.

Як тасвир 900 сомонӣ арзиш дорад

Новобаста аз он ки Ҳусниддин аз субҳ то шом дар дӯконаш “шаурмапазӣ” мекунад, кӯшиш менамояд, ки супориши муштариёнашро барои кашидани ин ё он расм саривақт иҷро намояд. Ӯ аз ҳунари худ ифтихор дорад ва мегӯяд, то вақте инсон ҳунарманд аст, хор нахоҳад шуд.

“Дар аввал намедонистам, ки тасвирҳои мекашидаам қиммат доранд ва ҳар нафаре, ки муроҷиат менамуд, расмашро ройгон тасвир мекардам. Баъдан бо яке аз рассомони рус ошноӣ пайдо намудам, ӯ гуфт, ки расмҳои тасвир намудааш то 9 ҳазор рубл қиммат доранд. Ман ҳайрон шудам, ки наход як расм ҳамин қадар арзиш дошта бошад. Пас аз ин ҳунари рассомӣ манбаи даромадам  шуд”‑мегӯяд Ҳусниддин.

Қаҳрамони мо барои тасвири як расм аз 3 то 4 соати вақти худро сарф менамояд. Ҳар як расми тасвирнамудаи ӯ 900 сомонӣ (6000 рубли русӣ) арзиш доранд. Ӯ мегӯяд, дар Тоҷикистон барои рассомон чунин имконият мавҷуд нест ва наонқадар ҳунари рассомон қадр карда мешавад.

 “Мутмаин ҳастам, ки ту рассоми хуб мешавӣ”

Ҳусниддин соли 1998 дар деҳаи Боғистони шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Ӯ дар хурдсолӣ расмкаширо дӯст намедошт. Шавқи ӯро ба ин ҳунар холааш, ки  худ рассом буд, бедор намудааст. Он замон Ҳусниддин дар синфи 5‑ ум таҳсил менамуд ва бо тавсия ва сахтгириҳои холааш ба рассомӣ рӯ овард.

“Дар аввал ба расмкашӣ низ зиёд таваҷҷуҳ надоштам. Рӯзе холаам маро ба наздашон даъват карданду гуфтанд,ки “аз беҳудагардӣ ягон нафъе нест, кӯдакии худро бо бозӣ кардан барбод надеҳ. Ба назди ман биёву дар дарсҳои рассомӣ иштирок кун. Ман мутмаин ҳастам, ки ту рассоми хуб мешавӣ”.

Холаам дар мактаб курси иловагии рассомиро ташкил намуда буданд ва шогирдони зиёде доштанд. Суханонашонро нашиканам гуфта аз ҳамон рӯз сар карда ба дарсҳои иловагӣ мерафтам”‑ ба хотир меорад ӯ.

Ҳусниддин мегӯяд, ки вақте бо лавозимоти рассомӣ шинос шуд, хеле дар ҳайрат афтод. Рангҳои зебо, қаламҳои махсуси расмкашӣ ва варақи сафедро дида шигифтзада шуда буд, чун ӯ тарзи дурусти истифодаи онҳоро намедонист.

 

“Рӯзи аввал ба ман кор бо асбобҳоро нишон дода муваффақият орзу намуданд. Рӯзи дуввум каме зудтар ба дарс рафтам ва дар рӯйи миз сабади меваро дидам. Ман ки дар гуруҳ аз ҳама хурд будам, бехабар аз он ки он меваҳо на барои хӯрдан, балки барои тасвир кардан аст, ба истеъмоли онҳо шуруъ намудам.

То сар шудани дарс дар сабад  мева намонд, ҳамаашро хӯрдам. Вақте холаам ва шогирдон омаданду ин ҳолатро диданд, фаҳмониданд, хеле шармам омад ва аз онҳо узр пурсидам”, ‑ бо лабханд ба ёд овард Ҳусниддин.

“Барои рассом шудан пиёда ба мактаби деҳаи ҳамсоя мерафтам”

Қобилияти рассомии Ҳусниддин рӯз то рӯз беҳтар мегардид. Муддати як сол дар курси омӯзиши рассомӣ иштирок намуд. Вале аз сабаби беморӣ холаи Ҳусниддин вафот мекунад. Ин барои қаҳрамони мо бохти бузург буд. Баъди ин ҳодиса ба худ ваъда медиҳад, ки орзуи холаашро амалӣ менамояд ва рассомиро идома медиҳад.

Чун дар мактабашон дигар муаллими санъати тасвирӣ набуд ва ӯ маҷбур шуд, ки чанд муддат ҳафтае ду маротиба ба мактаби деҳаи ҳамсоя биравад ва дар дарсҳои рассомӣ иштирок намояд.

“Ҳар ҳафта ду маротиба ба мактаби деҳаи ҳамсоя, ки аз мо як соат фосила дошт пиёда мерафтам. Аз муаллимони онҷо бисёр чизҳои навро меомӯхтам. Расмҳои тасвиркардаи худро ба онҳо нишон медодам ва ҳамеша баҳои аъло медоданду мегуфтанд, ки ояндаи хуб дорӣ”, ‑ нақл намуд ӯ.

Ҳусниддин, ки қобилияту истеъдод дошт, аллакай дар синфи ҳаштумиаш дар чандин озмунҳои рассомӣ ширкат менамуд ва дар мактаб ба толибилмон аз фанни санъати тасвирӣ дарс медод. Бо сабаби набудани муаллим аз ҷониби масъулини мактаб ба ӯ иҷозати дарс гузаштанро дода буданд.

Орзуи ташкили мактаби рассомӣ

Ҳусниддин дар оянда ният дорад, ки мактаби рассомӣ бунёд намояд ва ҳунари худро ба дигарон омӯзонад. Ӯ мехоҳад дар зудтарин фурсат намоиши расмҳои худро аввал дар Тоҷикистон ва баъдан дар дигар давлатҳо ба роҳ монад.

“Мехоҳам, ки як лоиҳа‑озмуни онлайнӣ ташкил намоям, ки дар он рассомони ҷавон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок намоянд. Ғолибонро бо туҳфаҳо сарфароз гардонида, ҳунари онҳоро ба донишгоҳҳои рассомии ҷумҳурӣ пешниҳод менамоем. Ба ин васила ҳунари онҳоро на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ мебинанду эътироф мекунанд. Ба ғайр аз ин ният дорам, ки дар Исфара як мактаби рассоми кушоям”, ‑ мегӯяд рассоми ҷавон.

Шаҳноз Ализода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

4
4 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
9
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
5
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend