Наздикони Мадина Мамадҷонова, ки тобистони соли 2021 аз сӯи шаҳрванд Азиза Давлатова мавриди латукӯби шадид қарор гирифта, баъди беш аз се моҳи беҳушӣ дар беморхона даргузашт, барои додхоҳӣ дубора ба раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиат кардаанд.
Модари Мадина Мамадҷонова мегӯяд, онҳо мехостанд шахсан бо Рустами Эмомалӣ вохӯранд, вале онҳоро рӯзи 8 декабр, муовини раиси шаҳр Дилшод Одиназода қабул карда, арзашонро шунид ва ваъда дод, ки додашонро ба шаҳрдори Душанбе мерасонад.
Тавре модари Мадина нақл кард, онҳо тариқи мактуб аз муовин ва раиси шаҳр хостанд, ки парванда дубора бозбинӣ карда шавад, чунки баъзе ҷузъиётҳо дар рафти тафтишот ба назар гирифта нашудаанд.
“Зиёд мехостем, ки моро худи Рустами Эмомалӣ қабул кунанд, вале нашуд. Мехостем аввал дар бораи зери назорати қатъӣ гирифтани парвандаи духтарамон изҳори сипос намуда, баъдан аз эшон хоҳиш кунем, то супориш диҳанд парванда дубора баррасӣ шуда, баъзе ҷусъиётҳоро, ки дар рафти тафтишот ба назар гирифта нашуданд, ба инобат гиранд. Парвандаро “хом” баррасӣ кардаанд,”- гуфт модари Мадина.
Ӯ аз Рустами Эмомалӣ хоҳиш кардааст, ки бояд иштирокчиёни дигари қазия низ тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, зеро ки духтараш ба таври гурӯҳи ба қатл расонида шудааст.
Наздикони Мадина ҳафтаи гузашта нусхаи ҳукмро ба даст гирифтанд ва қасд доранд рӯзҳои наздик аз он ба Додгоҳи олӣ аризаи касатсионӣ пешниҳод кунанд.
“Мо ҳанӯз як ҳафта пеш аризаи шикоятии пешакиро ба Додгоҳи олӣ пешниҳод намуда будем. Акнун, ки нусхаи ҳукмро ба даст гирифтем, доир ба ҳар як банди павранда, ки мо розӣ нестем, шикояти касатсионӣ пешниҳод менамоем. Дар аризаи пешина ҳам талаб намудем, ки парванда дубора баррасӣ шуда, моддаи “сӯиқасд ва куштор” ба “куштор ” иваз шавад”,- гуфт модари Мадина.
Номбурда гуфт, то ба ҳол ташхиси тиббиро дастрас накардаанд ва мақомот далели онро ба омода набудани он арзёбӣ карданд.
Охирин рӯзи Мадина. Шарҳи додситонии кул
Рӯзи 8 январи соли 2022 Додситони кули Тоҷикистон тафсилоти нави латукӯб ва марги Мадина Мамадҷоноваро расонаӣ кард.
Ин ниҳод навишт, ки Мадина Мамадҷонова дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз сӯи Азиза Давлатова латукӯб ва буғӣ шуда буд. Мақомот дар робита ба латукӯб ва марги ӯ Парвиз (Лутфулло) Давлатов, корманди пешини ширкати “ТТ Мобайл” (Мегафон) ва ҳамсараш Азиза Давлатоваро ба зиндон маҳкум карданд. Онҳо соли 1995 издивоҷ карда, соҳиби ду духтар ҳастанд.
Додситонии кул мегӯяд, Мадина Мамадҷонова соли 2020 замоне ки дар ширкати “Мегафон” дар Душанбе ҳамчун зертобеи Парвиз (Лутфулло) Давлатов буд, ба зиндагии онҳо ворид шуд.
Бино ба иттилои додситонӣ, Азиза Давлатова баъди огоҳӣ аз муомилаи шавҳараш бо Мадина Мамадҷонова, талош кардааст, оилаи худро наҷот диҳад, вале ҳар дафъа аз ҷониби шавҳараш дашномҳои қабеҳ шунида, дар дохили манзили истиқоматиаш, мавриди лату кӯб, азобу уқубати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ қарор гирифтааст.
Муфаттишон гуфтаанд, ӯ се дафъа кӯшиши худкушӣ намудааст, вале духтаронаш ӯро аз ин роҳ гардониданд.
“Парвиз Давлатов солҳои 2020-2021 дар як вақт бо Давлатова А.Т. ва Мамадҷонова М.А. хоҷагии умумӣ пеш бурда, номбурдагонро аз чунин муносибати худ огоҳ карда, дар як вазъияти носолим нигоҳ дошта, мунтазам азобу уқубати рӯҳӣ додааст,” – гуфта мешавад дар изҳороти Додситонии кул.
Додситонии кул мегӯяд, баҳси ҷонибҳо моҳи майи соли 2021, баъди он ба авҷи худ расид, ки Парвиз Давлатов бо Мадина Мамадҷонова никоҳи мусулмонӣ баста, ваъда додааст, аз ҳамсараш Азиза Давлатова ҷудо мешавад.
“Давлятова А.Т. 25-уми августи соли 2021 ба муомилаи бераҳмона ва пастзании шаъну эътибораш тоб наоварда, шаҳрванд Мамадҷонова М.А-ро бо автомашинаи шахсиаш ба киллометри 38-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бурда, бо гиребони куртаи дар тан доштаи Мамадҷонова М.А. гулӯи охиронро буғӣ карда, муҳлати бештар аз панҷ дакиқа роҳи нафасашро банд кардааст”, -омадааст дар баёнияи Додситонии кул.
Қазияи Мадина Маҳмадҷонова, ки баъди латукӯб беш аз се моҳ дар кома буда, рӯзи 15 декабри соли 2021 даргузашт, яке аз парвандаҳои пурсарусадо дар як соли охир ба шумор меравад, ки ба он раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳ намуданд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон гумонбари асосии латукӯби Мадина Мамадҷонова – Азиза Давлатоваро ба 11 сол ва иштирокчиёни дигари “қазияи Мадина” Парвиз (Лутфулло) Давлатов ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Ҳамчунин, бо татбиқи қонуни авфи соли 2021 аз ҳукми Азиза як сол ва аз ҳукми Парвиз 2 солу 6 моҳ кам карда шуд.