fbpx

Рустами Эмомалӣ ба мунтахаби Тоҷикистон дар сурати ғалаба дар ¼-финал 650$ ҳазор мукофотпулӣ медиҳад

То ин дам ба тими миллӣ 450$ ҳазор ҷудо шудааст ва дар сурати пирӯзиҳои минбаъда мунтахаби Тоҷикистонро мукофотҳои бештар интизор аст.


0
Рустами Эмомалӣ президенти ФФТ
Рустами Эмомалӣ президенти ФФТ. Акс: ФФТ

Рустам Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба дастаи мунтахаби кишвар барои баромадан аз гурӯҳ дар Ҷоми Осиё-2023 мукофотпулӣ дар ҳаҷми 300$ ҳазор ва пас аз пирӯзӣ дар даври ҳаштякниҳоӣ ба яккачини Тоҷикистон иловатан 150$ ҳазори дигар ҷудо намудааст.

Гуфта мешавад, дар сурати пирӯзӣ бар тими миллии Урдун дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё, мунтахаби Тоҷикистон 200$ ҳазори иловагӣ ба даст хоҳад овард.

Дар ин бора хадамоти матбуоти ФФТ хабар дод.

Ҳамчунин, зикр мегардад, ки дар сурати пирӯзиҳои минбаъда дар Ҷоми Осиё-2023 ба мунтахаби Тоҷикистон мукофотҳои калон тақдим карда мешавад.

Мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҳунарнамоӣ дорад ва ҳоло ба даври чорякниҳоии мусобиқот роҳ ёфтааст.

Дар даври чорякниҳоӣ Тоҷикистон 2 феврал бо тими миллии Урдун бозӣ мекунад. Ин дидор дар варзишгоҳи “Аҳмад бин Алӣ” соати 16:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend