fbpx

Ҳалокати ронандаи ноболиғ бар асари садама дар Душанбе

Мухтасари хабарҳои рӯз


1
1 point

Вокунишҳо ВКХ Тоҷикистон ба изҳороти блогнависи украинӣ Дмитрий Гордон

“Мо суханони блогнависи укроинӣ Дмитрий Гордонро, ки рӯзи 28 октябри соли 2022 дар ҷараёни барномаи онлайнии “Дар меҳмонии Гордон” дар бораи тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ дар Тоҷикистон, ки гӯё дар “куштори укроиниҳо” даст доранд, рад мекунем.

Таъкид менамоем, ки Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм таҷҳизоти низомӣ содирот намекунад.

Ба Гордон тавсия медиҳем, ки минбаъд низ ба чунин назарҳо бодиққат муносибат кунад ва дурустии иттилооти паҳншударо тафтиш кунад.

Изҳор медорем, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин бора аз Киеви расмӣ ҳеҷ дархосте дарёфт накардааст”.

Ёдовар мешавем, ки Дмитрий Гордон қаблан дар барномаи худ гуфта буд, ки Русия ҳавопаймоҳои бесарнишини эронии сохти Ӯзбекистонро дар ҷанг бар зидди Укроин истифода мебарад. Баъд аз вокуниши тунди ВКХ Ӯзбекистон ва ҷомеи ин кишвар Гордон маъзаратхоҳӣ карда гуфт, ки ӯ ба ҷойи Тоҷикистон саҳван Ӯзбекистон гуфтааст.

Ҳалокати ронандаи ноболиғ бар асари садама дар Душанбе

“Ронандаи 17-солаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, сокини пойтахт Нурмаҳмад Тағоймуродов, бе шаҳодатномаи ронандагӣ ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Рӯдакӣ ба самти роҳи мошингарди ҶСК “Сементбарорӣ”-и шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби рости роҳ бархӯрдааст”.

Ҳодиса 30-юми октябри, тахминан соати 16:10 рух додааст, хабар медиҳад ВКД ҶТ.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, худи ронанда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири 25 солаи автомашинаи мазкур Сатторов Ҷамолиддин, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар робита ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

“Харитаи электронии шаҳри Душанбе” таҳия мешавад

Дар асоси фармони раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ «Харитаи электронии шаҳри Душанбе», таҳия мешавад. Дар ин бора КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар дод.

Гуфта мешавад, ки корхонаи мазкур дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «ГШ Эра» лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳриДушанбе»-ро таҳия намуда истодааст. Дар он ба воситаи таҷҳизоти бесарнишин ҳудуди шаҳри Душанбе аксбардорбӣ шуда, ба шакли рақамӣ гузаронида мешавад.
Харитаи электронӣ- ин тасвири картографӣ мебошад, ки дар асоси маълумоти харитаи рақамӣ тавлид шудааст. Он маълумот дар бораи нуқтаҳои геодезӣ, релеф, гидрографӣ, наботот, хок, объектҳои хоҷагидорӣ ва фарҳангӣ, роҳҳо, коммуникатсияҳо, инфрасохтори шаҳрӣ, сарҳадҳо ва дигар объектҳои релефиро дар бар мегирад.

Лоиҳа аз чанд марҳила иборат аст, аз ҷумла:

Марҳилаи якум – Картография, ки ба воситаи таҷҳизоти бесарнишин ҳудуди шаҳри Душанбе аксбардорӣ шуда, ба шакли рақамӣ гузаронида мешавад.

Марҳилаи дуввум –Лоиҳакашии система, ки дар худ омода намудани супориши техникӣ барои оғоз намудани корҳои лоиҳавӣ, гузаронидани мусоҳиба бо сохторҳои мақомоти шаҳри Душанбе, омода намудани талабот барои сохтани қисми барномавӣ, ташаккул додани феҳристи маълумот барои рақамикунонӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Марҳилаи сеюм– Рақамикунонии маълумоти бойгонӣ, ки аз ташаккули пойгоҳи додаҳо барои ҳар манбаи маълумот, пур кардани пойгоҳи додаҳо, ба таври санҷишӣ пайваст намудани пойгоҳи додаҳо ба барнома, пайвастшавӣ ба инфрасохтори шаҳрӣ, ба мисли камераҳои назоратӣ, камераҳои назорати суръат, ҷароғакҳои роҳ ва ғайраро дар бар мегирад.

Марҳилаи чаҳорум – Омода намудани комплекси барномавии «Шаҳри ҳушманд». Ин омода намудани қисмати «frond-end»- барномаи мувофиқа намудани қисмати «frond-end» бо сохторҳои шаҳри Душанбе, яъне омода намудани рӯйхати барнома ва омода намудани қисмати «back-end»-и барнома ба таври тестӣ (қисмати сервер), пайвасти пойгоҳи додаҳои рақамикунонидашуда ва омӯзиши мутахассисон аст.

Марҳилаи панҷум – Навсозии инфрасохтори шаҳрӣ, ки навсозии системаи бехатарӣ, навсозии системаи баҳисобгирии захираҳо ва ғайраро дар бар мегирад.

Марҳилаи шашум – Омода намудани барномаи мобилии «Шаҳрванди фаъол». Бо кӯмаки барномаи мазкур шаҳрвандон метавонанд ба мақомот муносибати худро нисбат ба қарорҳое, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти шаҳр қабул мешаванд, иброз намоянд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend