Юлдуз Усмонова ва Арон Афшор ба Душанбе меоянд
Примадоннаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова ба Фестивали тобистонаи Душанбе, ки бо қарори мири пойтахт баргузор мешавад, даъват шудааст.
Фестивали тобистонаи Душанбе имсол бо ҳузури ситораҳои машҳури шарқ баргузор мегардад.
Бинобар иттилои котиботи раиси шаҳри Душанбе, ҷашни мазкур рӯзҳои 25-26 сентябр дар “Наврӯзгоҳ” – и пойтахт доир мешавад.
Манбаъ меафзояд, фестивали мазкур ба 30 – юмин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳадафи баргузор кардани он ҷалби сайёҳон ва муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имконоти сайёҳӣ аст.
Илова бар ин фестивал ба хотири эълон шудани Душанбе чун Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ – 2020-21 ва Пойтахти фарҳангии ИДМ – 2021 доир мешавад.
Гуфта мешавад, дар баробари сарояндаҳои тоҷик, овозхонҳои саршиносе аз Шарқ, ба мисли Юлдуз Усмонова, Ҳамид Ҳирод ва Арон Афшор низ дар ин ҷашн ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ӯзбекистон ба Толибон кумаки башардӯстона фиристондааст
Ӯзбекистон ба “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) 1 ҳазору 300 тонна кӯмаки башардӯстона равон кардааст ва кӯмакҳо имрӯз, 14 сентябр дар шаҳри Мазори Шариф ба масъулини “Толибон” супорида шудааст. Дар ин бора, муовини комисияи фарҳангии Толибон Аҳмадуллоҳ Васиқ хабар додааст.
Хабари кӯмаки башардӯстонаро расонаҳои Ӯзбекистон низ бо такя ба сомонаҳои Афғонистон ва масъулини Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар нашр кардаанд. Аз ҷумла, сомонаи “podrobno.uz” менависад, ки имрӯз, 14 сентябр Ӯзбекистон ба ҷунбиши “Толибон” кумаки башардӯстона супурд.
Сомонаи “Спутник Ӯзбекистон” ҳам хабари кӯмаки башардӯстонаро ба “Толибон” аз номи сухангӯи вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон Юсуф Кобулҷонов тасдиқ намуда, навиштааст, ки кӯмакҳои башардӯстона аз ғизо, дору ва либос иборат мебошад, ки ба камбизоатон тақсим карда мешавад.
Манбаъ менависад, ки кӯмакҳои башардӯстона аз Ӯзбакистон тавассути роҳи оҳани Хайратон-Мазори Шариф интиқол дода шуда, онро намояндаи махсуси президенти Ӯзбекистон оид ба Афғонистон Исматулло Эргашев ба масъулони ҳукумати муваққатии ин кишвар супурдааст.
Эътирози гурезвагони афғон дар Душанбе
Имрӯз, 14 сентябр, дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон даҳҳо занону духтарони афғони муқими Тоҷикистон бар муқобили амалкарди “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар Афғонистон, дахолати Покистон ба вазъи ин кишвар ва ҳамрайъи ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер гирдиҳамоӣ баргузор карданд.
Зиёда аз 200 зану духтари афғони муқими Тоҷикистон дар даст шиорҳои “Садои мо дарду ғами мардуми моро ба Афғонистон нишон медиҳад”, “То вақте ки ҳуқуқи занон риоя нашавад, мо ором намешавем”. “Мо озодӣ мехоҳем”. “Зинда бод Афғонистон!” “Зинда бод Аҳмади Масъуд”, “Зинда бод Ҷабҳаи муқовимат”. “Таҳсил ҳаққи мост”, “Кор ҳаққи мост”, “Марг ба терроризм”, “Аз байрақи серанги худ дифоъ мекунем”, “Мо озодӣ мехоҳем” ва ғайра доштанд.
Онҳо аз созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хостанд, ки садои онҳоро шунаванд, ба мардуми Афғонистон кӯмак намоянд, ҳукумати навтаъсиси “Толибон”- ро эътироф накунанд ва аз Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳимоят намоянд.
Ба гуфтаи онҳо, шинохтани Аморати исломӣ дар Афғонстон, ки аз ҷониби “Толибон” таъсис шудааст, ба расмият шинохтани терроризми байналмилалӣ аст ва ҳар касе, ки онҳоро ба расмият мешиносад, ҳомии терроризм аст.
Тоҷикистон ба сафири ИМА нотаи эътирозӣ супорид
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз, 14 сентябр сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка (ИМА) дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват гардида, ба ӯ ёддошти эътирозӣ супорида шуд.
Гуфта мешавад, ки ин ёддошт дар робита ба ба суханони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷо Байден, ки зимни боздид аз дидбонгоҳи оташнишонӣ дар Пенсилванияи ИМА садо дод, супорида шудааст.
Бояд гуфт, ки раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден рӯзи 11-уми сентябр дар маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаи бист сол пеш дар шаҳри Шансквили иёлати Пенсилвания бо ишора ба чархи ҳавопаймо овезон шудани чанд сокини Афғонистон (ҳангоми фирор аз он кишвар) гуфт, “агар дар Тоҷикистон ҳам ҳавопаймо меомаду эълон мекард, ки касе бо мо ҳампаймон аст, савор шавад, одамон ба чархи ҳавопаймо мечаспиданд”.
– Бисёр душвор аст, ки ба дигарон фаҳмонӣ, ки чӣ гуна метавон хориҷ шуд. Масалан, агар мо дар Тоҷикистон мебудем ва як ҳавопаймои “С-130”-ро оварда мегуфтем: “ҳар касе бо мо ҳампаймон аст, савор шавад”, боз ҳам одамон дар чарх (манзур ҳавопаймо) овезон мебуданд”, – шарҳ дода буд Ҷо Байден.
Ба иттилои ВКХ Тоҷикистон “чунин суханҳо ба руҳияи муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ ҷавобгӯ намебошад”.
Гуфта шудааст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳавасманди пешбурди робитаҳои судманд бо ИМА дар руҳияи ёрӣ ва эҳтироми ҳамдигар аст.