Аҳмад Масъуд гуфтааст, ӯ бо ҳамандешонаш дар ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон кӯшиши наҷоти Афғонистонро доранд ва мекӯшанд, то ба мардуми афғон фаҳмонанд, ки як хаторо нав ба нав такрор накунанд.
Аҳмад Масъуди хурдӣ, фарзанди қаҳрамонии миллии Афғонистон, раҳбари Эътилофи Шимолӣ Аҳмадшоҳи Масъуд дар бораи ояндаи кишвараш ва шартҳояш барои музокироти сулҳ бо Толибон ба расонаии русии РБК мусоҳибаи муфассал дод.
“Мо омодаи гуфтугӯ ҳастем”
Метавонед бигӯед, ки айни ҳол дар куҷоед? Дар Панҷшер?
– Бале, ман дар зодгоҳам, Панҷшер ҳастам.
Айни ҳол чанд нафар бо шумо ҳастанд, чанд ҷанговар?
– Ҳазорон нафар мехоҳанд ва омодаанд, ки мубориза баранд. Шумораи дақиқро гуфтан душвор аст, аммо ҳама мардуми водӣ ба ҷанг омода аст.
Вазъият чӣ гуна аст? Оё ягон задухӯрди мусаллаҳона бо Толибон ҷараён дорад?
– Аёни ҳол, не. Мо ҳама қувваҳои худро нигоҳ медорем. Ҳарду ҷониб кӯшиш доранд, ки музокиротро оғоз кунанд, аммо ҳамзамон барои мабодо ба ҷанг омодагӣ дида истодаанд. Мо ба сулҳ умедворем, агар гуфтушунид натиҷа диҳад, моро лозим меояд, ки ба онҳо имконият диҳем. Мо омодаи гуфтугӯ ҳастем. Умедворем, ки дигар кишварҳо – ҳамсоягони мо ва кишварҳои пурқудрати минтақа ба ин дахолат карда, ба Толибон фишор меоранд, то ба сари мизи музокирот нишинанд. . Зеро ман боварии комил дорам, ки музокироти сулҳомез ягона роҳи ҳал аст. Аммо дар айни замон, мо бо гузаронидани баъзе машқҳои низомӣ дар Панҷшер, барои дифоъ аз худ омодагӣ дида истодаем. Мо ба муқовимат низ омодаем.
Оё Толибон танҳо ба ҳуҷуми Панҷшер омодагӣ мебинанд, ё рӯйдодҳо аллакай ба вуқӯъ омада истодаанд?
– То ҳол танҳо омодагӣ мебинанд. Маълумот ҳаст, ки онҳо барои чи коре тайёрӣ дида истодаанд, аммо чизе то ҳол рух надодааст.
Шумо гуфтед, ки музокироти сулҳомезро мехоҳед. Оё Толибон низ ба ин омодаанд?
– Гап сари он аст, ки он чӣ онҳо мегӯянд ва он чӣ мекунанд, ду амали гуногун аст. Онҳо мегӯянд, ки омодаанд, то ба музокира бароянд, ошкоро мегӯям, ки ин моро хеле рӯҳбаланд мекунад. Мо умедворем, ки онҳо ба гуфтаи худ содиқ мемонанд. Мо низ ба музокирот омодаем, зеро барои Афғонистон ҷангҳои 20 соли охир, дар маҷмӯъ панҷ даҳсолаи охир, кофӣ аст. Аз ин хотир, мо ба сулҳ ниёз дорем ва бояд гуфтугӯ кунем. Аммо омодагиҳо ба ҷанг шубҳаи моро дар ин маврид бештар мекунад.
Эҳтимоли шиддат ва даргириҳо бо Толибонро чӣ гуна баҳо медиҳед?
– Ба фикрам, панҷоҳ бар панҷоҳ. Эҳтимол, гуфтушунидҳо натиҷа медиҳанду мо ба сулҳ мерасем, аммо муқовимати низомӣ низ имконпазир аст.
“Маро ҳеҷ кас ба ҳеҷ куҷо даъват накардааст”
Расонаҳои ғарбӣ дар такя ба манобеи худ хабар доданд, ки Толибон шуморо ба шӯрое, ки кишварро идора мекунад, даъват кардаанд. Оё ин ҳақиқат дорад?
– То ҳол чизе тасдиқ нашудааст, ин овозае беш нест. Маро ҳеҷ кас ба ҳеҷ ҷо даъват накардааст. Аммо муқовимат, мубориза ва паёми ман ин аст, ки танҳо барои ман ҷойгоҳ кофӣ нест, мо бояд роҳи ҳаллро барои Афғонистон пайдо кунем. Агар дар ниҳоят, Толибон ҳукумати худро ташкил кунанд ва мо аз мубориза даст кашем, ин роҳи ҳал барои Афғонистон нахоҳад буд.
Мо мехоҳем ба онҳо дар асоси гузашта фаҳмонем, ки ҳукуматро ташкил карда, дигаронро нодида гирифтан, ба манфиати кор нест. Афғонистон ба ҳукумате ниёз дорад, ки дар он ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор иштирок кунанд ва ин ягона роҳи пешрафт аст. Он чизе ки мо мехоҳем, ин Афғонистони воҳид аст.
Нуқтаи асосӣ – фарогирист. Агар ҳукумат фарогир бошад, мо метавонем ба оянда бо назари нек нигоҳ кунем. Бидуни ҳамгироӣ, ин боз як кӯшиши ноком барои сохтани давлат хоҳад буд. Афғонистон боз худро дар ҳалқаи мушкилот дучор хоҳад кард. Мо кӯшиши наҷоти Афғонистонро дорем, мекӯшем ба афғонҳо фаҳмонем, ки як хаторо нав ба нав такрор накунанд. Таъсиси ҳукумат дар Афғонистон имконпазир аст, ба шарте, ки ҳама гуруҳҳо худро дар сохтори қудрат бубинанд.
Оё шумо бо раҳбарияти Толибон иртиботи мустақим доред?
– Бале, бо онҳо чанд маротиба сӯҳбат кардам ва фаҳмонидам, ки роҳи ҳалро чӣ тавр мебинам.
Бо кӣ?
– Бо роҳбарият, низомиён ва сиёсатмадорон
Шумо гуфтед, ки бо раҳбарони Толибон, аз ҷумла бо раҳбарияти низомӣ суҳбат доштед. Оё шумо бо Абдулғанӣ Бародар сӯҳбат кардед?
– Ҳоло не. Эҳтимол аст, ки ба наздикӣ суҳбат мекунем.
Агар даъват кунанд, ба шӯро дохил мешавед?
– Ман бояд бо мардум машварат кунам, зеро ин танҳо аз қарори ман вобаста нест. Ман ин ҳамаро барои худам намекунам.
“Маскав метавонад, ки кӯмак кунад”
Бо ягон намояндаи расмии Русия ҳамсуҳбат шудед?
– Ҳоло не. Аммо умедворам, ки барои ин имконият пайдо мешавад, зеро Русия аз вазъи амниятӣ дар Афғонистон нигарон аст. Умедворам, ки онҳо дахолати сиёсӣ мекунанд ва барои пешгирӣ аз авҷ гирифтани хушунат кумак мекунанд. Ин ба манфиати онҳост, зеро агар ин ҷо идеологияи ифротӣ ҷорӣ карда шавад, он дар тамоми Осиёи Марказӣ ва ҷануби Русия паҳн мегардад ва ифротгароӣ суръат мегирад.
Баъди забти Кобул аз ҷониби Толибон, мо дидем, ки чанд гуруҳҳо дар саросари ҷаҳон онҳоро табрик карданд ва акнун Толибонро мисол оварда аъзоёни худро таҳрик медиҳанд, ки онҳо низ метавонанд чунин корро анҷом диҳанд. Ҳамин тавр, ин ҳама метавонад ба авҷ ва афзоиши зуҳури террористоне оварда расонад, ки мехоҳанд ба Осиёи Марказӣ биёянд ё ҷануби Русияро ноором созанд. Бовар дорам, ки барои таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон кӯмак мекунанд, чун ин ба манфиати онҳост.
Бо гуфтани, “Русия бояд фаъолтар бошад”, Шумо чиро дар назар доред?
– Фикр мекунам, ки Маскав метавонад дар баргузории як музокироти фавқулоддаи сулҳ миёни мо ва Толибон кумак кунад ва онҳоро бовар кунонад, ки ба гуфтугӯ оянд. Ин имконпазир аст ва чизест, ба мо кӯмак мекунад.
“Мо намехоҳем ҷудогона зиндагӣ кунем”
Чаро ҳукмронии Толибон барои Афғонистон қобили қабул нест?
– Мо намехоҳем давлатеро дошта бошем, ки онро кишварҳои минтақавӣ ва ҷаҳон эътироф намекунанд. Намехоҳем, ки Афғонистон аз дигар кишварҳо ҷудо шавад ва шаҳрвандонаш азият кашанд. Мо ҳукуматеро намехоҳем, ки садди зиндагии осоиштаи якҷояи мо дар Афғонистон ва берун аз он бошад. Суолҳо ва нигарониҳои зиёде мавҷуданд, ки барои муқовимат ба мо қувват мебахшанд. Мо намегузорем, ки ақидаҳои манфии хешро пиёда кунанд.
Мутаассифона, амалҳои Толибон аллакай нишон медиҳанд, ки онҳо тарафдори фарогирӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳуқуқи инсон ва занон нестанд, онҳо арзишҳои демократиро риоя намекунанд. Ин чизҳое ҳастанд, ки барои эътирофи ҳукумат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳиманд ва мушкили мо низ ҳамин аст. Мо намехоҳем ҷудогона зиндагӣ кунем ва ҳукуматеро қабул карда наметавонем, ки қудрати дар минтақа ва ҷаҳон муносибатҳои хубро барқарор карданро надорад. Гузашта аз ин, мо наметавонем ҳукуматеро қабул кунем, ки ҳуқуқи мардуми худро нодида гирад.
Дар робита ба риояи ҳуқуқи инсон, оё Толибон назар ба солҳои 90-ум тағйир кардаанд?
– Онҳо кӯшиш доранд бигӯянд, ки тағйир кардаанд. Аммо, мутаассифона, далелҳои зиёде мавҷуданд, ки инро рад мекунанд. Аз Қандаҳор то Ғазнӣ ва Кобул (ҳафтаи ахир аз саросари Афғонистон гузоришҳо дар бораи ҷорӣ манъи мусиқӣ дар баъзе минтақаҳо, тирандозӣ ба эътирозгарони осоишта ва қатли оммавии артиши ҳукумати Ғанӣ ба нашр расидаанд,- РБК) . Далелҳои зиёде мавҷуданд, ки тағйир наёфтани онҳоро нишон медиҳанд. Аммо ҳанӯз ҳам мо умед дорем. Мо мехоҳем, ки онҳо на дар сухан, балки дар амал нишон диҳанд, ки тағйир кардаанд. Масалан, барои гуфтушунид бо мо ҳозир шаванд. Нишон диҳанд, ки мехоҳанд, ба ҳукумат ҳама ҷонибҳои манфиатдорро ҷалб кунанд, то онҳо ҷузъи тасвири ояндаи Афғонистон бошанд.
Оё дуруст аст, ки ақаллияти узбек ва оилаи Абдулрашид Дӯстум ба муқовимат ҳамроҳ шуданд?
– Мақсади муқовимати мо, на танҳо ҳифз кардани Панҷшер аст. Мо намояндаи тамоми Афғонистон ва минтақаи Панҷшер ҳастем. Мо номи кишвари худро ҳимоя мекунем. Ҳоло, мутаассифона, сулҳ, тамомияти арзӣ, соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти кишвар дар дасти тарафи муқобил аст. Ман рӯзҳои охир бо Дӯстум ва дигар раҳбарон суҳбат кардам. Суҳбатҳо хеле рӯҳбаландкунанда, умедбахш ва муфид буданд. Онҳо гуфтанд, дар сурати муқовимат ё музокирот бо ман ҳастанд. Агар музокироти сулҳ оғоз шавад, он бояд байни миёни ин раҳбарон ва Толибон бошад. Дар сурати муқовимат низ ҳамин тавр.
Шумо аз Тоҷикистон ё ягон кишвар дигари хориҷӣ кумаки низомӣ мегиред?
– Не. Овозаҳо зиёданд, ки мо силоҳ ё кӯмакҳои дигар мегирем. Аммо, мутаассифона, то имрӯз ҳеҷ кишваре ба муқовимати мо кумак накардааст. Мо танҳо он чизеро дорем, ки мардуми Афғонистон доштанд.
Метавонед аз раҳбарони мухолифини афғон ном баред, ки чанд рӯзи охир бо онҳо сӯҳбат кардед?
– Албатта, бо маршал Абдулрашид Дӯстум, Атто Муҳаммади Нур, Исмоилхон, Абдурасул Сайёф, Ҳазрати Алӣ ва дигарон – бо Ҳамид Карзай, Абдулло Абдулло низ, ки ҳоло дар Кобул дар ҳабси хонагӣ қарор доранд, суҳбат кардам. Ман бо бисёриҳо сӯҳбат кардам.
– Ба назари шумо, чаро ҳукумати Ғанӣ ин қадар зуд суқут кард?
Сабабҳои зиёде мавҷуданд, ки ин ғайриинтизор набуд. Ба ҳар як намояндаи ҳукумат, ки мешинохтам, бо намояндагони хориҷӣ, аз сафирон то генералҳои амрикоӣ ва бо сафир Халилзод [намояндаи махсуси президенти ИМА дар музокирот] дар бораи сохтори Афғонистон ва дар бораи мушкилоти сиёсии кишварам суҳбат доштам.
Ман гуфтам, ки Афғонистон пас аз эълони хурӯҷ ва пас аз хуруҷи Амрико ҳатто чанд ҳафта тоб намеорад, куҷо расад ба моҳ. Тибқи ҳисобҳои онҳо, ҳукумат метавонист то ду сол истодгарӣ кунад. Сабабҳои суқути бармаҳал – фасод, сиёсати худхоҳона ва фарқи азим миёни ҳукумат ва мардум. Сабаби дигар дар он аст, ки артиши Афғонистон то он муддат ба сарбозони амрикоӣ ва дастгирии онҳо такя мекард, ки бидуни онҳо натавонист муборизаро идома диҳад.
Хуруҷи фаврии онҳо (нерӯҳои амрикоӣ. – РБК) холигии дастгириро ба вуҷуд овард, ки он артишро ба талафоти бузург рӯ ба рӯ кард.
– Шахсонеро, ки намехоҳанд зери ҳукмронии Толибон зиндагӣ кунанд ва наметавонанд Афғонистонро тарк кунанд, чӣ гуна метавон муҳофизат кард?
Водии Панҷшер минтақаи амн аст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, қудратҳои минтақавӣ, аз ҷумла Русия, метавонанд ба Толибон фишор оранд, то онро барои минтақаи осоиштаи сулҳ барои нафарони Афғонистонро тарк карда наметавониста, табдил диҳанд. Он метавонад ба минтақае табдил шавад, ки мардум то он даме, ки музокироти сулҳ натиҷа надиҳанд, он ҷо паноҳ бубаранд. Онҳо метавонанд ин ҷо тинҷу осуда зиндагӣ кунанд. Ин яке аз имконоти мост. Ба назари ман чунин менамояд, ки Толибон бояд бифаҳманд, ки чаро ё аз чӣ мардум мегурезанд. Ман фикр мекунам, ки ин бояд занги бедорӣ барои Толибон бошад. Онҳо (Толибон. – РБК) бояд тағйир ёбанд, бояд дарк кунанд, ки ҳукумате созмон диҳанд, то мардум аз он гурехтан нахоҳанд. Гурези мардум нишон медиҳад, ки онҳо ҳарос доранд ва барояшон вазъи кунунӣ писанд нест.