fbpx

Ҳароси тоҷикистониён аз ваксина. Ораш Алоӣ – имунизатсия алайҳи коронавирус муҳим аст

Дар Душанбе намояндаҳои марказҳои саломатӣ хона ба хона гашта ба хоҳишмандон ваксина мегузаронанд. Ораш Алоӣ вирусшиносӣ амрикоӣ, аз мардуми тоҷик даъват кард, ки ҳатман ваксина бигузаронанд.


-2
-2 points
Акс аз сомонаи archivalinstitute.com

Дар Тоҷикистон гузаронидани ваксина алайҳи коронавирус бо шиддат идома дорад. Қисми зиёди аҳолӣ аз гузаронидани ваксина дар ҳаросанд. Мо бо вирусшинос, роҳбари Институти байналмиллалии саломатӣ ва омӯзиш дар Амрико, духтур Ораш Алоӣ оиди ваксинаҳои дар Тоҷикистон дастрас буда ва муҳимияти гузаронидани он сӯҳбат кардем.

Чаро гузаронидани ваксина зарур ва ҳатмист?

Ҳоло қисми зиёди мардум аз он дар ҳаросанд, ки ваксинаҳои ба Тоҷикистон омада сифати паст доранд ва пас аз гузаронидани он оризаҳои шадиде дар организм ба вуҷуд меояд. Аммо вирусшинос Ораш Алоӣ зидди ин гуфтаҳост.

“Ваксинаҳое, ки дар Тоҷикистон дастрасанд, яъне Astra Zeneka ва CoronaVac аз тарафи СҶТ ва дигар созмонҳои байналмиллалӣ санҷидаву эътироф шудаанд. Ман ба тамоми мардуми Тоҷикистон пешниҳод мекунам, ки ҳатман аз ин ваксинаҳо истифода кунанд (имунизатсия кунанд), то бадани худро дар муқобили ин вируси ҳиллагар эмин нигоҳ доранд.

Ваксинаҳо аз тарафи давлат ба мардум ройгон гузаронида мешаванд. Ҳар нафар, метавонад, дуюмбораю сеюмбора гирифтори ин беморӣ шавад. Барои ҳамин гузаронидани ваксина бар нафъи худи Шумост”, – иброз дошт, Ораш Алоӣ.

Кадоме аз ваксинаҳои дастрас дар Тоҷикистон беҳтар аст?

Ҳам ваксинаи Astra Zeneka ва CoronaVac аз ҷониби Созмони Тандурустии Ҷаҳонӣ эътироф ва тавсия шудааст.

“Замоне, ки СҶТ гузаронидани ваксинаи Astra Zeneka-ро манъ карда буд, он ҳоло ба пуррагӣ таҳқиқ нашуда буд ва онҳо оризаҳои шадиди ваксинаи мазкурро муайян накарда буданд. Ҳамчунин, чӣ тавр муолиҷа кардани оризаҳои шадиди ин ваксинаро намедонистанд. Ҳоло акнун ҳамаашро дақиқ карда тарзи муолиҷаро роҳандозӣ намудаанд.

Аз ин рӯ мардум бояд нигарон набошанд ва аз гузаронидани ваксина дасткашӣ накунад. Ин ду ваксина ба талаботҳои СҶТ ҷавобгӯянд ва қариб ҳеҷ фарқияте байнашон дида намешавад”, – шарҳ медиҳад, вирусшиноси амрикоӣ.

Пас аз гузаронидани ваксина чӣ гуна оризаҳо пайдо мешаванд?

Оризаҳо пас аз ваксина гуногун аст. Дар яке метавонад таби баланд пайдо шавад, дар дигаре бемадорӣ, дарди сар ва ғайра. Вале ин ҳеҷ ҷои тарсу ҳаросро надорад ва ба зуди мегузарад.

“Агар пас аз гузаронидани ваксина Шумо дар худ таби баланд, бемадорӣ, дарди сар, дарди даст ё сурхшавии ҷои сӯзандоруро мушоҳида кардед, дар ҳарос набошед. Чун ин оризаҳои оддиянд ва аз он шаҳодат медиҳанд, ки организми Шумо бар зидди вирус мубориза бурда истодааст.

Ягона оризаи шадиди ваксинаҳо ин лахташавии шадиди хун аст, ки он ҳам табобати худро дорад. Хушбахтона ин ориза дар байни аҳолӣ хеле ва хеле кам мушоҳида карда мешавад. Дар ҳар сари 2 млн аҳолӣ, танҳо дар як нафар мушоҳидаи ин ориза эҳтимол дорад. Аммо вақте ваксина нагирему ба коронавирус гирифтор шавем, дар сари ҳар сад нафар аҳолӣ 1-3 нафар ба ҳалокат мерасад. Бинобар ин, гирифтани ваксина шарт ва зарур аст”, – таъкид мекунад, вирусшиноси амрикоӣ, Ораш Алоӣ.

Гузаронидани ваксина ба киҳо манъ шудаасту барои киҳо муҳим аст?

Гузаронидани ваксина барои тамоми шахсони аз 18 сола боло зарур аст.

“Махсусан онҳое, ки гирифтори бемориҳои хроникӣ, фишорбаландӣ, бемориҳои дил, диабети қанд ҳастанд, бояд ҳарчӣ зудтар ваксина бигиранд ва ба ин васила саломатиашонро нигоҳ доранд. Чун таҷрибаҳо нишон медиҳанд, шахсоне, ки гирифтори бемориҳои зикршудаанд, бемории коронавирусро вазнин мегузаронанд.

Ҳамчунин ба ҳама нафарони аз 60 сола боло низ тавсия медиҳам, ки ҳарчӣ зудтар ваксина бигиранд. Мо бо як вирусе даст ба гиребонем, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаасту ҳамаррӯза ҷони ҳазорҳо одамонро мегирад”, – мегӯяд, Ораш Алоӣ.

Агар ҳоло гирифтори коронавирус бошем ё нав шифо ёфта бошем, пас аз чанд муддате ваксина гирифтан мумкин аст?

Пас аз 6 ҳафта то 8 моҳи шифо ёфтан аз бемории коронавирус гузаронидани ваксина муҳим аст. Ҳатто агар дар шахс “антителаҳо” зиёд бошанд. Зеро “антителаҳо” низ бо гузашти вақт нобуд мешаванд ва организм барои мубориза бо вирусҳо бояд захира дошта бошад. Аз ин рӯ ба кам ва зиёд будани “антителаҳо” нигоҳ накарда, ваксина гузаронидан муҳим аст, тавсия додаанд, духтурони аврупоӣ.

Муфассалтар оиди муҳимияти ваксиназанӣ пас аз беморӣ дар бахши русии сомонаи мо мутолиа намоед.

Малика Сафарзода, Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
4
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend