Дар Ҷайҳун қатли чанд аъзои як хонаводаро таҳқиқ мекунанд
Дар Тоҷикистон таҳқиқи қатли бераҳмонаи як хонаводае идома дорад, ки мардуми ноҳияи Ҷайҳун дар вилояти Хатлонро ваҳшатзада кард. Ба таҳқиқи ҳодиса Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ҷалб шудааст.
Мақомот то кунун сабабҳои қатли панҷ узви хонаводаи Маҳмадовҳо аз деҳаи Тарғоқро шарҳ надодаанд. Дар миёни панҷ қурбоние, ки номашон ба расонаҳо маълум шуд, Саодати 13-сола ва Саломати 14-сола низ ҳастанд. Панҷ узви оиларо субҳи 12-уми июн афроди номаълум, бо табар ё дос зада куштаанд. Як узви хонавода бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон аст.
Ширкати зери итоати Бег Сабур аз пардохти қариб як миллион доллар озод шуд
“Тоҷиктелеком”-ширкате, ки воридоти интернетро дар инҳисор ё монополияи худ дорад, аз пардохти қариб як миллион доллар андозу ҷарима озод шуд. Ин ширкат тобеи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст, ки раҳбари он Бег Сабур, қудои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон мебошад. Бар асоси қарори нави ҳукумат, “Тоҷиктелеком” аз пардохти 5,5 миллион сомонӣ қарзи андоз ва 5,5 миллион сомонӣ фоиз ва ҷаримаҳо озод шудааст.
Ба озод шудани “Тоҷиктелеком” аз андозу ҷарима, инчунин як ширкате бо номи “Медимпекс”, ки дар борааш маълумоти зиёд нест, аз супурдани 312 ҳазор сомонии қарзи андоз озод шудааст. Тибқи ин қарор инчунин ҷамъияти “Саноати Нақлиёти No2” ва баъзе корхонаҳои дигари дар шаҳри Кӯлоб сабтиномшуда, мисли корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб, корхонаи “Пахтаи Кӯлоб”, ҷамъияти “Фаридун-К”, корхонаи “Хишти Кулоб”, “Суғдиён”, корхонаи “Кӯлобгаз” ва ширкати “Лоиқ” аз андоз ва пардохти ҷаримаҳо ба андозаи беш аз 4, 5 миллион сомонӣ озод шудаанд.
Саидмукаррам Абдуқодирзода: “Имсол ба Ҳаҷ рафтани мардуми Тоҷикистон фарз нест”
Саидмукаррам Абдуқодирзода Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтааст, ки имсол барои ҳеҷ фарди мусалмони Тоҷикистон рафтан ба Ҳаҷ фарз нест. Ин нуктаро Абдуқодирзода, дар як суҳбат бо хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст. Абдуқодирзода гуфтааст, ки ба далели ин ки “дар ин сафар монеа ва хатари ҷиддӣ вуҷуд дорад, рафтан ба Ҳаҷ фарз нест”.
“Гап дар бораи хуруҷи COVID-19 меравад, ки ҳанӯз хавфи он аз байн нарафтааст. Мардуми Тоҷикистон бояд хотирҷамъ бошанд ва аз ин ҷо дуо кунанд, то ки Худованди азза ва ҷалл ҳарчӣ зудтар ин балову вабову хатарро бартараф кунад ва фарз ё ҳарам дубора барои мусулмонон кушода шавад», — изҳор кардааст дар ин суҳбат муфтии Тоҷикистон.
Ба назари раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ин бори аввал нест, ки ҳаҷ кардан барои мусалмонон дар ҳарам ё ин ки Каъбатуллоҳ манъ карда мешавад, балки бори панҷум аст, ки дар тӯли таърих ин иттифоқ меуфтад. Абдуқодирзода машварат додааст, ки нафари ба Ҳаҷҷ мерафта, маблағли онро барои ободонии манзили зисти хеш ва атроф сарф намуда, ба оилаҳои камбизоату ниёзанд, инчунин шахсони маъюбу ятим дасти кӯмак дароз кунанд”.
Бояд гуфт, ки подшоҳии Арабистони Саудӣ 12-уми июн эълон кард, ки имсол ба мусалмонони берунӣ адои маросими Ҳаҷҷ иҷоза намешавад. Адои маросими ҳаҷ танҳо ба мусалмонони синни аз 18 то 65-сола, ки дар Арабистони Саудӣ зиндагӣ мекунанду воксини гирифтаанд ва дигар бемориҳои музмин надоранд, иҷоза дода мешавад.
Президент ба рафти корҳои сохтмонии дар пайи офатҳои табиӣ зарадида шинос шуд
Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷомӣ ва Вахш бо рафти корҳои сохмони манзилҳои сокинон, ки дар пайи офати табиӣ хароб гардиданд шинос шуд. Қисми зиёди корҳо аллакай ба анҷом расида, айни замон бинокорон ба рангубор ва ороиши дохилии биноҳо машғуланд.
Зимни мулоқот бо сокинон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар ин деҳа иншоотҳои дигар аз қабили хатҳои интиқоли барқ ва об, роҳҳо ва пиёдагардҳо, инчунин нуқтаҳои тиббӣ сохта мешаванд. Дар деҳаи ба номи “20-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон” дар Вахш президент барои бунёди мактаби миёна ва мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастор санги асос гузошт.
Барҳамдиҳии “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” шурӯъ шуд
Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар бораи оғози ҷараёни барҳамдиҳии “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” қарор қабул кард. Бо қарорҳои суд мудирони махсус таъин шуданд, ки ба қонеъ намудани талаботи амонатгузорону қарздеҳон мутобиқи қонуни ҶТ “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” машғул мешаванд.
Мувофиқи қонунгузорӣ, дар навбати аввал талаботи амонатгузорони воқеӣ таъмин карда шуда, ба онҳо бидуни маҳдудият дар ҳаҷми то 30 ҳазор сомонӣ бо асъори миллӣ ва то 21 ҳазор сомонӣ бо асъори хориҷӣ пасандозашон баргардонида мешавад.
Пардохти ҷуброни суғуртавӣ ба амонатгузорон бо гузашти 14 рӯз аз замони қабули қарори суд дар бораи барҳамдиҳии ин ташкилотҳои қарзӣ дар бонк-агент оғоз мегардад. Маблағи боқимондаи амонатҳои шахсони воқеӣ дар баробари қарзҳо ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳисоби фурӯши дороиҳои ин бонкҳо пардохт мешавад.
Дар 4 моҳ содироти барқ ба кишвар 11 млн доллар фоида овард
Давоми 4 моҳи соли равон содироти нерӯи барқ ба буҷаи мамлакат беш аз 11 млн доллар фоида ворид намудааст. Вале дар айни замон содироти барқ танҳо ба Афғонистон ва Ӯзбекистон имконпазир аст.
Каблан энергияи Тоҷикистон дар ҳаҷми начандон зиёд ба Қирғизистон низ интиқол дода мешуд, аммо пас аз муноқишаи дар сарҳад рухдода дар моҳи апрел, ҳамагуна доду гирифти савдою иқтисод бо ин кишвар қатъ карда шуд. Вазири энергетикаи Ӯзбекистон Алишер Султонов иброз дошт, ки тибқи шартномаи моҳи май имзошуда, Тоҷикистон дар давраи тобистони имсол Ӯзбекистонро кариб бо 197,5 млн килловат соат неруи барқ таъмин намудааст.
Баргузории Фестивали филмҳои бадеъӣ ва телевизионии кишварҳои аъзои СҲШ дар Душанбе
Аз 29 июн то 2 июл дар Душанбе баргузории Фестивали филмҳои бадеъӣ ва телевизионии кишварҳои аъзои СҲШ дар назар аст. Чорабинӣ дар доираи раисии Тоҷикистон дар СҲШ бахшида ба 20 солагии таъсисёбии ин созмон баргузор мешавад.
Дар фестивал филмҳои бадеӣ, ҳуҷҷатӣ ва телевизионии 8 кишвари аъзо, 4 кишвари назоратчӣ ва 6 кишвари шарик оид ба муколамаи созмони мазкур пешниҳоди тамошобинон карда мешаванд. Ғолибону иштирокчиёни фестивал бо ҷоизаи Гран прии «парастуи тиллоӣ» ва дигар тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Пешгӯйии боронҳои шадид ва раъду барқ дар баъзе минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳии ҷумҳурӣ
Бино ба иттилои Агентии Обуҳавошиносии мамлакат рӯзҳои наздик дар баъзе минтакаҳои наздикӯҳии Ноҳияҳои тобеи марказ ноҳияҳои кӯҳии ВМКБ шабона ва субҳгоҳон раъду барқ ва боришоти шадид пешгӯӣ мешавад.
Дар ин давра дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи марказ дар робита ба вазиши шамоли сахт ба амал омадани чангу ғубор аз эҳтимол дур нест. Дар робита ба ин КҲФ аз ронандагони воситаҳои нақлиёт, дӯстдорони минтақаҳои кӯҳӣ ва сайёҳии куҳӣ хоҳиш менамояд, ки эҳтиёткориро риоя намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба назар гирифта бошанд.
Кумита ҳамчунин даъват кард, ки фосилаи муқарраршудаи ҳаракатро рио кунанд, зеро эҳтимолияти фурӯ рехтани санг ва селҳои маҳаллӣ боқӣ мемонад.