fbpx

Вазорат мегӯяд, коронавирус нест! Расонаҳои мустақил: Ҳаст, эҳтиёт кунед!

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз Радиои Озодӣ

Сӯзишворӣ дар Тоҷикистон хеле гарон шуд, аммо бо арзиши пешинааш оварда мешавад

Дар зарфи 5 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии қариб 113 млн доллар ҳудуди 209 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, хабар медиҳад Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ. Ин нишондиҳанда нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2020 аз рӯйи вазн 8,8% ва аз рӯйи арзиш 6,8% камтар мебошад. Яъне арзиши як тонна маҳсулоти нафтӣ ба ҳисоби миёна аз 528 доллар дар соли гузашта то ба 540 доллар дар соли ҷорӣ боло рафтааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар ин давра нархи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории кишвар ба ҳисоби миёна 41,5%, сӯзишвории дизелӣ – 16,2% ва гази моеъ – 13,7% зиёд шуданд. Воридкунандагони ин навъи маҳсулот беқурбшавии асъори миллиро, ки тайи соли ахир нисбат ба доллар ба андозаи 16,6% (қурби расмӣ) поин рафт, яке аз сабабҳои асосии гароншавии нархи сӯзишворӣ медонанд. Дар хориҷа онҳо сӯзишвориро бо асъори хориҷӣ харида, дар нуқтаҳои фурӯши дохили кишвар бо сомонӣ мефурӯшанд.

Маҳҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон асосан аз ду корхонаи Русия – Корхонаи коркарди нафти Омск (“Газпром”)  ва ККН Орск (“Русснефть”) оварда мешавад.

Вазорат мегӯяд, коронавирус нест! Расонаҳои мустақил: Ҳаст, эҳтиёт кунед!

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар коронавирус вуҷуд надорад, аммо расонаҳои мустақил ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин бовар надоранд ва аз даҳҳо сироятёфтагон ба ин беморӣ хабар медиҳанд. “Овозаҳо дар бораи гӯё хурӯҷ кардани бемории COVID-19 дар Тоҷикистон, ки чанд рӯзи охир дар баъзе аз шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд, асоси воқеӣ надоранд. Аз аввали сол то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст”,-гуфт сухангӯи Вазорат Эмомалӣ Мирзоев дар суҳбат бо АМИТ “Ховар”.

Сухангӯи вазорат хурӯҷи бемории пневмонияро дар кишвар ба гармшавии боду ҳаво рабт додааст. “Мардум бештар ба истеъмоли яхмос ва обҳои хунук рӯ оварданд, ки ин амал боиси ба илтиҳоби шуш гирифтор шудани онҳо гардид. Вале ин маънои онро надорад, ки ин беморон гирифторони бемории COVID-19 ҳастанд”, – афзуд Мирзоев. Бино ба иттилои номбурда, феълан бемории илтиҳоби шуш бештар дар кӯдакон ва калонсолон ба қайд гирифта шудааст ва аксари онҳо аллакай бемории ковидро аз сар гузаронидаанд.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои мустақил аз сироятёбии даҳҳо нафар ба ин беморӣ хабар медиҳанд. Онҳо барои тасдиқи манбаъҳои хабарии худ, тестҳои гирифторони ин бемориро низ нашр кардаанд.

Чин ба Тоҷикистон барои сохтмони роҳ дар шарқи мамлакат беш аз 203 млн доллар ҷудо менамояд

Чин ба Тоҷикистон барои сохтмон ва таҷдиди қитъаи Қалъаи Хумб — Ванҷи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Қулма то ноҳияи Рӯшон 203,9 млн доллари амрикоӣ ҷудо менамояд. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни баррасии масъалаи мазкур дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон  гуфт, ки  маблағҳои мазкур дар асоси грантӣ дода мешаванд.

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон, ки 16 июн дар Душанбе баргузор гардид, зикр шуд, ки Тоҷикистон воридоти таҷҳизотро барои сохтмони ин қисмати роҳ аз андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ озод мекунад. Пештар хабар дода шуда буд, ки барои навсозии қитъаи 92 километраи роҳ аз Қалъаи Хумб то ноҳияи Рӯшон 230 млн доллар зарур аст. Дар доираи лоиҳа сохтани ду нақби нақлиёти автомобилӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар Тоҷикистон вилояти нав бо номи Сомониён – марказаш Данғара таъсис мешавад?

Бархе аз корбарони Фейсбук як баҳсеро дигарбора доғ кардаанд, ки гӯё пас аз 30-солагии Истиқлол дар Тоҷикистон вилояти наве бо номи Сомониён ва марказияти Данғара таъсис мешавад. Гуфта мешавад, ин вилояти нав ноҳияи собиқ вилояти Кӯлобро бо шумули шаҳрҳои Норак Роғун ва ноҳияи Ёвон дар бар мегирад. Ин хабар ҳанӯз як овоза аст ва ҳеч мақоми расмие то кунун дар бораи ташкили вилояти нав ҳарфе назадааст. Вале корбарони зери ин фириста (пост)-и фейсбукӣ бар пайи ин хабар баҳси зарур будан ё набуди институти вилоятро барои Тоҷикистон матраҳ кардаанд.

Аз ҷумла иқтисоддон, донишманд ва пажуҳишгари фарҳанг Умед Ҷайҳонӣ навиштааст, ки “имрӯзҳо овоза шуда, ки ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дар минтақаи Кӯлоб вилояти Сомониён бо марказияти Данғара ташкил ва шаҳрҳои Нораку Роғуну Ёвонро ҳам шомили он кунад”.

“Ба назарам, беҳтар мешуд ки вилояти Хатлонро ду вилоят мекарданд: яке бо марказияти Кӯлоб ва номи Хатлон ва дигаре бо марказияти Қурғонтеппа/Бохтар ва номи Вахш. Чуноне ки дар замони Сомониён буд. Сомониён номи дудмон аст ва наметавонад ҷойном бошад, зеро худ аз ҷойноми Сомон сохта шудааст”.

Довари тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ Токио-2020 ҳакамӣ мекунад

Мансур Муҳиддинов, довари дараҷаи байналмилалӣ дар риштаи муштзанӣ, мусобиқоти бокс дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ҳакамӣ мекунад. Кумитаи олимпии Тоҷикистон гуфт, ин бори аввал аввал аст, ки як намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ доварӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, Мансур Муҳиддинов аз тарафи гурӯҳи вижаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс ба мусобиқаҳои интихобии олимпии Африқо ва Аврупо даъват шуд. Ӯро дар баробари 36 нафар ба Бозиҳои олимпӣ-2020 даъват карданд.

Аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҷуз Мансур Муҳиддинов инчунин намояндагони Русия, Украина, Озарбойҷон ва Қазоқистон барои доварии ин мусобиқот даъват шудаанд.

Банд мондани 440 мусофир дар Хуҷанд: “ҳавопаймо вайрон шудааст”

Ба далели нуқси фаннӣ дар ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” парвозҳои хатсайри “Хуҷанд-Челябинск” ва “Хуҷанд-Барнаул” ба таъхир уфтодаанд. Ҳавопаймои ин ширкат бо 440 мусофир дар Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд банд мондааст, масъулин мегӯянд таъмир карда истодаанд.

Як масъули намояндагии ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” бе зикри номаш гуфтааст ҳавопаймои Airbus дучори нуқси техникӣ шуд ва натавонистанд соати 10:40-и имрӯз парвоз дар хатсайри “Хуҷанд-Барнаул” ва соати 21:00-и шаби 16-уми июн “Хуҷанд-Челябинск”-ро анҷом диҳанд. Ӯ гуфт дар ин ду хатсайр 440 мусофир буд ва парвози онҳо ба таъхир афтодааст ва ҳоло мутахасссисони онҳо “бо таъмири ҳавопаймо” машғуланд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend