fbpx

“Бо истифода аз таҷрибаи Молдова”. Дар Тоҷикистон мехоҳанд қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” қабул кунанд

Қонун ба 21 категорияи шаҳрвандон иҷозат медиҳад, ки ба соҳибкории иҷтимоӣ машғул шаванд.


0
Маҳфили "Тавозун"
Маҳфили "Тавозун"

Дар Тоҷикистон эҳтимол то охири соли 2024 Қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” қабул шавад. Лоиҳаи қонун аллакай омода ва барои баррасӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудааст.

Ин масъала 16-уми апрел дар маҳфили иқтисодии “Тавозун” миёни намояндагони вазору идораҳои давлатӣ, вакилони парлумон ва коршиносону журналистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Барои танзими соҳа қонуни алоҳида зарур аст”

Ҷамшед Муртазозода, вакили парлумон ва роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ гуфт, дар самти соҳибкории иҷтимоӣ дар кишвар қонуни алоҳида нест ва ягона ҳуҷҷате, ки дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ сухан меравад, ин Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 аст.

Номбурда афзуд, бо вуҷуди он ки дар робита ба соҳибкории иҷтимоӣ ҳуҷҷатҳои зерқонунӣ ҳаст, вале барои танзим ва дастгирии соҳа таҳия ва қабули қонуни алоҳида зарур аст.

“Ҳамин тариқ, моҳи октябри соли 2023 гурӯҳи корӣ дар ҳайати вакилони парлумони кишвар, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони мустақил оид ба таҳияи Қонуни ҶТ “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таъси дода шуд, ки тӯли камтар аз як соли фаъолияти худ лоиҳаи қонунро омода ва барои баррасӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод кард”, – гуфт вакили парлумон.

Пас аз таҳияи пурраи лоиҳаи қонун он бо ҳамаи вазорату идораҳои кишвар мувофиқа ва баъд ба ҳукумати кишвар ирсол мешавад.

Муртазозода гуфт, эҳтимол қонуни зикршуда моҳҳои сентябр-октябри соли равон аз сӯи парлумон қабул шавад. Он аз муқаддима, 5 фасл ва 25 модда иборат аст.

Истифода аз таҷрибаи Молдова

Дар қонун 21 категорияи шаҳрвандон, аз ҷумла қишри осебпазири аҳолӣ ҳастанд, ки метавонанд ба соҳибкории иҷтимоӣ машғул шаванд.

Гуфта мешавад, ки соҳибкории иҷтимоӣ бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа нигаронида шудааст.

Наргис Зокирова, директори ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” ва узви гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ гуфт, шурӯъ аз соли 2018 дар Тоҷикистон ба масъалаи соҳибкории иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

“Гурӯҳи корӣ соли гузашта барои омӯхтани таҷрибаи соҳибкории иҷтимоӣ дар Малдова ба ин кишвар сафар кард. Ин кишвар барои додани статуси соҳибкори иҷтимоӣ дар назди Вазорати иқтисоди Малдова Комиссияи миллӣ таъсис додааст, ки он барои 3 сол дода мешавад. Гурӯҳи корӣ тарҷибаи ин кишварро омӯхта, ба шароити Тоҷикистон мувофиқ кард”, қайд намуд Зокирова.

Дар Молдова ташкилотҳои ҷамъиятие пас аз ҳамчун ҶДММ сабти ном шудан мақоми соҳибкории иҷтимоиро мегиранд. Инчунин бояд 90% фоида ба фаъолияти иҷтимоӣ дубора сармоягузорӣ карда шавад.

Собир Вазиров, сардори Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андоз гуфт, ки набояд танҳо ба имтиёзҳои андозӣ такя кард, бояд дигар имтиёзҳо, махсусан имтиёзҳо дар додани грантҳо, дастрасӣ ба инфрасохтор, қарзҳои камфоиз дода шавад.

Ба гуфтаи ӯ агар идея ва имтиёзи андозӣ бошад, вале маблағ набошад, имтиёзро амалӣ карда намешавад.

Ӯ шаҳр дод, ки ҳоло соҳибкории иҷтимоӣ аллакай аз имтиёзҳои андозӣ бархурдоранд ва моҳҳои наздик имтиёзҳои иловагӣ дода мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend