fbpx

Зиёда аз 1300 нафар қурбонии заминларза дар Туркияву Сурия. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд?

Мухтасари хабарҳои рӯз.


2
2 points
Заминларза дар Туркия
Акс аз сомонаи weacom.ru

КҲФ дар як рӯз ҷасади ду нафарро аз рӯдхонаҳо берун кард

Давоми як рӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон ҷасади ду нафарро аз рӯдхонаҳо берун оварданд.

Ғарқшавӣ дар Тоҷикистон

Бино ба иттилои КҲФ, ба идораи навбатдори фаврии КҲФ занг зада хабар доданд, ки дар зери пули дарёи Душанбе, дар поёни қубури обгузар ҷасади инсон ба чашм мерасад.

“Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расида, ҷасади марди тахминан 40 – 45 соларо аз об берун оварда, ба кормандони милитсия супориданд. Ҳуввият ва иллати марг аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мешавад”, – гуфтанд дар кумита.

Инчунин, дар шимоли кишвар, дар соҳили дарёи Сир наҷотдиҳандагон ҷасади як занро пайдо карданд.

“Сокини ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд ба идораи навбатдории фаврии Раёсати вилоятии КҲФ хабар дод, ки дар Сирдарё, байни қамишзор ҷасади инсон ёфт шудааст. Ба ҷойи ҳодиса гурӯҳи наҷотдиҳандагон рафтанд. Онҳо ҷасади зани тақрибан 30 – соларо аз об берун карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд», – гуфтанд дар КҲФ.

Ба иттилои манбаъ, маълум шуд, ки ин сокини 31 – солаи ноҳияи Б.Ғафуров буда, рӯзи 24 январи соли равон аз хонаи волидонаш баромада, барнагаштааст.

“Сабабҳои марги занро мақомоти дахлдор тафтиш мекунанд”, – гуфтанд дар раёсати КҲФ.

Зиёда аз 1300 нафар қурбонии заминларза дар Туркияву Сурия шуданд

Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ба 1014 нафар расидааст. Дар ин бора ТААС аз  иттилои Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи дар ин кишвар хабар медиҳад.

Қаблан президенти Туркия, Раҷаб Таййиб Эрдуғон  аз марги 912 нафар ва ҷароҳати 5385 нафар гуфта буд, менависад Коммерсант.

Заминларза дар Туркияву Сурия
Акс аз Associated Press

Ба гуфтаи ӯ, аз соли 1939 ба ин сӯ ин бузургтарин заминларза дар кишвар будааст. Дар Сурия шумораи қурбониён ба 326 нафар расида, беш аз 1042 нафар маҷрӯҳ шудаанд, хабар дод Вазорати тандурустии ин кишвар.

Эрдуғон аз маркази фармондеҳӣ, ки барои ҳамоҳангсозии корҳои наҷотдиҳӣ таъсис ёфтааст, муроҷиат карда, гуфт, ки бар асари заминларза 2818 бино хароб шудааст. То ҳол имкони наҷоти 2470 нафар даст дод.

Анқара аллакай аз беш аз 45 кишвар, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо пешниҳоди кӯмак дарёфт кардааст.

Заминларза бо қувваи 7,8 балл субҳи 6 – уми феврал дар наздикии шаҳри Ғозиантеп, дар ҷануби Туркия, ки дар он беш аз 1 миллион нафар зиндагӣ мекунанд, рух дод. Дар марзи Сурия низ заминларза ва мавҷҳои баъди он сабт шудааст.

Тибқи иттилои Хадамоти геологии ИМА, маркази зилзила дар умқи 18 километр, тақрибан 33 километр аз шаҳри Ғозиантеп, 26 километр аз шаҳри Нурдагӣ ва 90 километр аз марзи Сурия ба қайд гирифта шуда, ларзиши замин ҳатто дар Миср эҳсос шудааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Туркия дақиқ мекунад, ки миёни қурбониёни заминларза шаҳрванди мо ҳаст ё на

Ҳоло иттилои дақиқе дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон миёни қурбониёни заминларза дар Туркия мавҷуд нест. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар дод.

“Ҳоло мо талош дорем мушаххас кунем, ки оё дар миёни фавтидагон шаҳрвандони хориҷӣ вуҷуд доранд ё не. Баробари пайдо шудани чунин маълумот, мо дақиқ хоҳем кард, ки оё дар миёни онҳо шаҳрвандони мо ҳастанд ё не”, – гуфтанд аз Сафорат.

Намояндагии дипломатӣ итминон дод, ки “ҳангоми ба даст овардани иттилоъ, ҳатман хабар хоҳанд дод”.

Дар ҳамин ҳол, аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои Қаҳраманмараш, Хатай, Османия, Адияман, Газиантеп, Шанлиурфа, Диярбакир, Малатия ва Адана қарор доранд ва аз заминларзаи субҳи 6-уми феврал зарар дидаанд, телефони бовариро фаъол намудааст.
Тел: + 90 312 491 16 07, + 90 538 594 32 10 (WhatsApp)

Бояд гуфт, ки субҳи имрӯз дар дар ҷанубу шарқии Туркия, дар наздикии марз бо Сурия заминларзаи шадид рух дод.

“Тоҷикматлубот” сабаби ҷаҳиши нархи пиёзро гуфт

Дар “Тоҷикматлубот” имрӯз, 6 феврал зимни нишасти матбуотӣ сабаби талафоти маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷаҳиши нархи пиёзро гуфтанд.

Нархи пиёз дар Тоҷикистон
Акс аз интернет.

Талафоти маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар бозорҳо ва сардхонаҳо нигоҳ дошта мешаванд, ҳудуди 20 дарсадро ташкил дод, гуфт Хуршед Раҳмонализода, муовини раиси ҷамъияти “Тоҷикматлубот”.

Ба гуфтаи ӯ, ҷамъияти “Тоҷикматлубот” ситоди махсусе ташкил кардааст, ки аз ҳамин ҳафта барои муайян кардани ҳаҷми хисорот шурӯъ мекунад.

“Дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар анборҳои ҷамъият 1625 тонна пиёз, 680 тонна картошка, 100 тонна сабзӣ, 300 тонна мева ва 180 тонна ангишт захира карда шудааст”, – гуфт Хуршед Раҳмонализода.

Яке аз сабабҳои якбора боло рафтани нархи пиёз дар бозорҳои кишварро намояндаи “Тоҷикматлубот” коҳиши ҳосили ин маҳсулоти кишоварзӣ ва кам ворид шудани он унвон кард.

Ба гуфтаи Хуршед Раҳмонализода, дар ҳоли ҳозир дар бозорҳо нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзии ҷамъияти “Тоҷикматлубот” мавҷуд аст, ки дар онҳо пиёзро бо нархи 3,5 сомонӣ барои як килограмм харидан мумкин аст.

“Ҳоло воридоти пиёз ба кишвар мавҷуд нест, картошкаи Покистон ба ҷумҳурӣ ворид мешавад”, – таъкид кард Хуршед Раҳмонализода.

Қирғизистон ба ҳавопаймоҳои Тоҷикистон иҷозаи убури ҳарими ҳавоияшро дод

Қирғизистон дубора ба Душанбе барои истифодаи ҳарими ҳавоии иҷоза дод. Акнун парвози ҳавопаймои масири Душанбе – Урумчӣ тариқи фазои ин кишвар мегузарад. Қаблан хабар дода буданд, ки ин масъала то ҳол мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар Тоҷикистон
Акс аз маркази матбуотии Сомон Эйр

“Мақомоти авиатсионии Қирғизистон як рӯз пеш, 3 феврал барои истифода аз қаламрави худ ба ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” иҷоза доданд”, — гуфтаанд дар ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, иҷоза барои истифода аз фазои ҳавоӣ ҳангоми анҷоми парвози нав дар масири Душанбе – Урумчӣ ва басомади иловагии парвоз дар масири Душанбе – Новосибирск дода шудааст.

“Дар ҳоли ҳозир ширкати ҳавопаймоӣ бо истифода аз ҳарими ҳавоии Қирғизистон ба Алма – Ато ва Новосибирск парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад”, – шарҳ дод ширкати ҳавопаймоӣ.

Бино ба иттилои Оҷонсии авиатсияи граждании Қирғизистон, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дархост кардааст, ки аз 8 – уми феврал то 21 – уми марти соли 2023 барои парвозҳо дар масири Душанбе – Урумчӣ – Душанбе ва ҳамчунин 5 – уми феврали соли 2023 барои парвоз дар масири Душанбе – Новосибирск иҷоза диҳад.

Ёдовар мешавем, ки аз моҳи майи соли 2021 барои вуруд/хуруҷ, будубош, рафту омад ва транзити шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон маҳдудият ҷорӣ шуда буд.

Маҳдудиятҳои зикргардида дар пайи муноқишаи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҷорӣ гардида буд. Моҳи апрел ва баъдан сентябри соли 2022 миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ду маротиба бархӯрди мусаллаҳона сари баҳси марзӣ рух дод, ки дар пайи он аз ҳарду ҷониб ҷандин нафар куштаву захмӣ шуданд.

Пас аз ин муносибати ҳарду кишвар ба сардӣ гароид ва ҳар гуна равобит қариб пурра қатъ гардид. Бо гузашти чанд муддат, ҷонибҳо ба сари мизи музокирот нишастанд ва аз хоҳиши худ ҷиҳати ҳалли дипломатии баҳсҳо сухан гуфтанд. Чанд вақти охир чунин ба назар мерасад, ки ҷонибҳо равобитро аз нав ва ба охистагӣ барқарор кардан мехоҳанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
4
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend