fbpx

Фавти қариб 4 ҳазор нафар дар Туркияву Сурия дар натиҷаи зилзила. Тоҷикистон наҷотдиҳандагонашро фиристоданист

Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи зилзила дар Туркия қариб ба 3 ҳазор ва дар Сурия ба 1073 нафар расидааст.


2
2 points
Натиҷаи заминларза дар Туркия
Акс аз интернет.

Мақомоти Туркия мегӯянд, теъдоди ҳалокшудагон бар асари зилзила қариб ба 3 ҳазор нафар расид. Фуат Октай, муовини президенти Туркия гуфт, дар ҳодисаи дирӯза танҳо дар ин кишвар зиёда аз 15 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ба навиштаи хабаргузории расмии Туркия “Анадолу” аз зери харобаҳо қариб 8 ҳазор нафарро зинда берун овардаанд. Муовини президенти Туркия гуфтааст, зиёда аз 300 ҳазор нафар дар хобгоҳҳо ва донишгоҳҳо ҷойгир карда шудаанд.

Мақомоти Туркия ба шаҳрвандонашон дар ҷанубу шарқи ин кишвар тавсия доданд, ки бинобар хатари такрор шудани заминларза ба манзилҳояшон барнагарданд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия ба хотири ҳалокати садҳо нафар дар заминларзаи дирӯза дар кишвараш 7 рӯз мотами миллӣ эълон кард. Субҳи барвақти 6 – уми феврал ду заминларзаи сахт чандин шаҳри Туркия ва Сурияро такон дод.

Ба иттилои пизишкон ва манбаъҳои расмӣ дар Сурия 1073 нафар ҷон бохтаанд. Чуноне аз наворҳои нашршуда бармеояд, биноҳо дар шаҳрҳои Сурия низ вайрон шудаанд.

Оқибатҳои замминларза дар Сурия
Оқибатҳои замминларза дар Сурия

Гуфта мешавад, ки маркази зилзила дар 30 километрии шимолу шарқии Ғозиёнтеппа ва 144 километрии шаҳри Ҳалаби Сурия будааст. Мақомоти Туркия мегӯянд заминларзаи мазкур ба 10 шаҳри ин кишвар дар минтақаҳои мухталиф осеб расонидааст.

Шаҳри Ғозиёнтеппа, ки қариб 2 миллион аҳолӣ дорад, хисороти зиёде дидааст. Ҳамчунин бар асари ин зилзила як хати лӯлаи газ дар ҷануби Туркия таркидааст.

Эрдуғон гуфт, заминларзаи ба амал омада бузургтарин зилзила аз соли 1939 мебошад. Ба гуфтаи ӯ 45 давлати дунё аллакай омодаи кӯмак ба Туркия ҳастанд. Аз ҷумла, Украина, Русия ва ИМА ваъда додаанд, ки дар фурсати наздиктарин наҷотдиҳандагон ва дигар ёриҳои аввалияро ба Туркия мефиристанд.

Дар ҳамин ҳол ба навиштаи “Азия-Плюс” Тоҷикистон низ нияти фиристодани наҷотдиҳандагонаш ба Туркияро дорад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар дар ин бора хабар додааст.

Гуфта мешавад, ин лаҳзаҳо дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фиристодани наҷотдиҳандагони тоҷик ба Туркия ҷаласа ҷараён дорад, ки дар он роҳбари КҲФ Рустам Назарзода низ ҳузур дорад.

Шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Туркия иқомат ва кору таҳсил доранд. Вазорати корҳои хориҷӣ дар эъломияе гуфтааст, ки онҳо дар ин ҳодиса осеб надидаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
6
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend