Ӯзбекистон аз таъсиси ҳукумати нави Толибон дар Афғонистон истиқбол кардааст

Толибон ҳайати ҳукумати навро дар Афғонистон эълон кард

Гуруҳи “Толибон”* баъди беш аз се ҳафтаи ишғоли Кобул ҳайати ҳукумати навро дар Афғонистон эълон кард. Аксарият намояндагони гуруҳи тундрав буда, ду нафари онҳо дар рӯйхати террористон ҳастанд. Ба ҳайати ҳукумати нав занон шомил намешаванд.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд ҳайати ҳукумати навро дар Афғонистон “ғайриқонунӣ ва намунаи боризи душмании ин гуруҳ бо мардуми Афғонистон донист”. Чанде аз сиёсатамадорони афғон низ дар эъломияҳои ҷудогона рафтори “Толибон”-ро танқид карданд.

Гуруҳи “Толибон” рӯзи 7-уми сентябр Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзодаро раҳбари олӣ ва Мулло Муҳаммад Ҳасан Охундро раиси ҳукумати нави Афғонистон эълон кард. Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзода 55-сола (раҳбари ҳозираи “Толибон”) ва Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд 60-сола (вазири собиқи корҳои хориҷӣ дар ҳокимияти қаблии “Толибон”) аст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи гуруҳи “Толибон”, 7-уми сентябр дар нишасти хабарӣ гуфт, Абдулғанӣ Бародар (соли 2018 бо дархости Амрико аз боздоштгоҳи Покистон озод шуд) – муовини аввал ва Абдусалом Ҳанафӣ – муовини дувуми раиси ҳукумат, Муҳаммад Яъқуб (писари Мулло Умар, раҳбари пешини “Толибон”) – вазири дифоъ, Сироҷиддин Ҳаққонӣ (писари Ҷалолиддин Ҳаққонӣ, раиси “Шабакаи Ҳаққонӣ”, созмони террористӣ дар Амрико) – вазири дохилӣ ва Амирхон Муттақӣ – вазири корҳои хориҷӣ таъин шудаанд. Ӯ гуфт, ки раҳбарон феълан “иҷрокунанда” ҳастанд ва “мумкин аст, дар оянда тағйирот шавад”.

Сухангӯйи дигари “Толибон” Аҳмадуллоҳ Масиқ ба Би-би-сӣ гуфтааст, номи кишвар “Аморати исломии Афғонистон” ва Охундзода “амири муъминон” аст.

Ҷабҳаи муқовимат бо “Толибон” аз созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ва кишварҳои таъсиргузор хостааст, ки аз ҳамкории сиёсӣ ва дипломатӣ бо ҳукумати нав худдорӣ кунанд. Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳа, рӯзи 7-уми сентябр бо нашри эъломия гуфт, ба зудӣ сохтори ҳукумати интиқолии мардумсолорро дар Афғонистон эълон хоҳанд кард.

Ӯзбекистон аз таъсиси ҳукумати нави Толибон* дар Афғонистон истиқбол кардааст

Гурӯҳи Толибон 7-уми сентябр  дар Кобул бо баргузори як нишасти хабарӣ Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзодаро роҳбари олии Афғонистон ва Мулло Муҳаммад Ҳасан Охнудро сарпарасти раиси ҳукумати Толибон эълон карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон навиштааст, ки  аз таъсиси ҳукумати сарпараст дар Афғонистон истиқбол мекунад.

“Умедворем, ки ин тасмим оғози расидан ба ризоияти васеи миллӣ, барқарор кардани сулҳу суботи устувор дар ин кишвар хоҳад шуд”, – омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Ба иттилои хабаргузорӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ омодагии худро барои густариши муколамаи созанда ва ҳамкории амалӣ бо мақомоти нави   Афғонистон изҳор доштааст.

Аммо қаблан намояндаи доимии Афғонистон дар СММ гуфта буд, ки ҳукумати Толибон фарогир нест. Амрико ҳукумати нави Афғонистонро “террористони хатарнок” ном бурдааст.

Эътирозҳо алайҳи ҳукумати Толибон дар Кобул, Парвон ва Бадахшон идома доранд

Садҳо нафар рӯзи 8-уми сентябр дар кӯчаҳои Кобул ва Парвону Бадахшон эътироз карданд. Баъзе аз норозиён гуфтанд, ки нерӯҳои “Толибон” бо онҳо хушунат карда, ба ҳаво тир холӣ намудаанд.

Яке аз онҳо бо номи Марям ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, “бо хушунати сахти “Толибон” рӯбарӯ шудем. Онҳо хушунат карданд, мо пароканда шудем. Мехоҳем, ки садои худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бирасонем. “Толибон” моро таъқиб мекунад.”

Баъзе аз эътирозгарон гуфтаанд, дар ҷараёни тирандозии ҷангҷӯёни исломгаро дар Парвон чанд нафар кушта ва захмӣ шуданд. “Толибон” то кунун ба тамосҳои бахши афғонистонии Радиои Озодӣ барои шарҳи масъала посух надодаанд.

Шуморе аз норозиён ба зидди Покистон шиор дода, хоҳони озодӣ ва ҳифзи ҳуқуқи худ шуданд.Рӯзи гузашта Кобул ва Ҳироту Ғӯр низ саҳнаи тазоҳуроти алайҳи Покистон буд.

Дар Тоҷикистон 2,1 млн нафар алайҳи  COVID-19 воксина гирифтанд

Ба ҳолати 6 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон дар асоси нақшаи пешбинишуда 2 млн 97 ҳазору 435 нафар (36,0%) нафар шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, инчунин воя (доза)-и дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 1 млн 77 ҳазору 100 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки маъракаи иммунизатсия миёни аҳолии пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе 94,9% иҷро гардидааст.

Ёдрас мешавад, ки бо талошҳои пайвастаи ҳукумат аз давраи хуруҷи бемории каронавирус 4 млн 760 ҳазору 740 воя ваксинаи зидди ин сироят ба қаламрави кишвар оварда шудааст.

*ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ

Skip to toolbar