fbpx

Фаъолони тоҷик: Тамошои қатли мардуми афғон аз ҷониби Толибон беинсофист

Зери муроҷиатнома 227 нафар расман имзо гузоштаанд ва сафи имзогузорандагон, дақиқа ба дақиқа зиёд шуда истодааст.


-1
-1 points
Акс аз сомонаи glas.ru

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тамоми гӯшаи дунё оиди вазъияти Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, аз созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва кишварҳои абарқудрат даъват намуданд, ки нисбати ояндаи ин кишвар бетараф набошанд.

Муроҷиатнома ба унвони дабири кулли СММ Антонио Гуттерриш, президенти ИМА Ҷо Байден, президенти Иттиҳоди Аврупо Урсула фор дер Леен, сарвазири Канада Ҷастин Трюдо, сарвазири Бритониёи Кабир Борис Ҷонсон равона шудааст.

Дар муроҷиатнома омадааст, ки ҳоло мардуми озодихоҳи Афғонистон дар рӯ ба рӯи мубориза бо терроризми байнулмилалӣ дар чеҳраи созмони террористии Толибон, ки чанд рӯз пеш мушкили ҷаҳонӣ буд, танҳо мондаанд. Ин гурӯҳ бар зидди нерӯҳои байналмилалӣ мубориза бурд ва ҳазорҳо нафар мардуми осоишта, афсари амрико ва хориҷиро қатл кард. Масъулияти мубориза бо террористони Толиб акнун гӯё вазифаи танҳо мардуми дараи Панҷшер аст.

Аз сарпарастии террористон даст кашед

Гуфта мешавад, ки Толибон тамоми лавозимоти ҷангии Афғонистонро, ки тайи ин муддат аз кишварҳои зиёде кӯмак гирифт, дар ихтиёр доранд ва онро барои террору тарс ва куштори мардуми осоишта истифода мебаранд. Тамошо карда нишастан, ки кай ақвоми ғайрипаштуни Афғонистон ки аксарашонро тоҷикон, ҳазораҳо, узбакон, туркманҳо ва дигарҳоро ташкил медиҳанд, аз ҷониби Толибон қатли омм мешаванд, беинсофист.

Аз ин рӯ мо аз Шумо хоҳиш ва талаб менамоем:

1. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз ҳукумати Покистон талаб намояд, ки оҷилан аз кӯмак ва сарпарастии созмони террористии Толибон худдорӣ кунад ва аз қатли мардуми озодихоҳ ва ҳамла ба Панҷшер, ки ягона минтақаи забт ношуда аз ҷониби террористон аст даст кашад.

2. Ҷомеаи ҷаҳонӣ мувазаф аст, ки аз гурӯҳҳои озодихоҳ, ки дар баробари гурӯҳи террористӣ ва даҳшатафкани Толибон ки ҳукуматро ғасб карданд, дар мубориза ҳастанд, пуштибонӣ кунад. Ҳукуматҳои ғарбӣ то ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ҳукумати Толибонро ба расмият нашиносанд ва дар баробари ҳар хушунати онҳо аз таҳрим кор бигиранд. Ба ҳукумати фарогири миллӣ бояд тамоми миллатҳои сокини Афғонистон махсусан тоҷикон, ки бар асоси омори ғайрирасмӣ аз 43 то 46 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, шомил шаванд.

Шумо ҳамчун кишварҳои абарқудрати ҷаҳон, ки зимоми ба кадом самт рафтани дунё дар дасти шумост, дар ташкили ҳукумати фарогири Афғонистон масъулият доред.

3. Дар Афғонистон ҳукумати фарогир, ки дар он тоҷикон, паштунҳо, ҳазораҳо, ӯзбакҳо, туркманҳо ва ҳама ақвоми дигар намояндагӣ мекунанд, бояд ташкил шавад. Ба Нерӯҳои муқовимати миллии Афғонистон, ки дар дараи Панҷшер қарор доранд, ҳамкорӣ намоед, то ин ки бо дастгирии ҷомеаи байнулмилалӣ тавонанд, ба терроризми байнулмилалӣ ғолиб оянду як кишвари озоду ҳуқуқбунёд созанд.

4. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Амрико, ки чун ҳомии ҳуқуқи инсон ва арзишҳои демократӣ арзёбӣ мешаванд, бояд дар роҳи мубориза бо Толибон, ДОИШ ва ғайра ақибнишинӣ накунанд ва ба кишварҳое, ки аз терроризм пуштибонӣ мекунанд, таҳаммулпазир набошанд. Бахусус, Покистон, ки аз муассисону ҳомиёни деринаи Толибон аст ва то ҳол ба он кӯмак мекунад ва василае барои пешбурди сиёсатҳояш дар минтақа истифода мебарад.

5. Кормандони Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх бояд ба сокинони Панҷшер ва минтақаҳои дигари Афғонистон ки мардумаш дар гуруснагӣ мемонанд, ғизо, доруворӣ ва дигар кӯмакҳои башардӯстонаро расонанд.

6. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳукумати ғосиби Афғонистонро, ки дар дасти террористон аст, таҳрим намояд.

7. Ҳамаи кишварҳое, ки бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд, низ бояд таҳрим шаванд. Онҳо вазифадор шаванд, ки барои пешгирии иштироки шаҳрвандонашон дар ҷангҳои Толибон, чораҳои оҷилу қатъӣ андешанд.

8. Ашраф Ғанӣ ва атрофиёну ёваронаш бояд аз ҷониби кишварҳои Аврупо, Канада ва Амрико таҳрим шаванд ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

9. Ҳисобҳои бонкии онҳоро масдуд намуда, онҳоро дар пайгарди байнулмилалӣ қарор диҳанд. Маблағҳои мусодирашудаи мардуми Афғонистон танҳо баъд аз ташкили ҳукумати фарогир, баргардонида шавад.

10. Забони дарӣ ва ё форсӣ, ки он барои 80 дарсади мардуми кишвар забони асосӣ ва ё модарист, ҳамонтавр, ки дар Афғонистон забони давлатӣ ва муоширати тамоми мардум буд, бояд ҳамчунон пойбарҷо бошад.

Фаъолон аз матбуоти Русияву Покистон интиқод карда гуфтаанд, ки онҳо кӯшиш доранд, Толибонро муоссиру мудерн нишон диҳанд, ки гӯе онҳо тағйир кардаанд ва воқеъият ва бархӯрду амалкарди онҳо нишон медиҳад, ки онҳо ҳамон ҷиноятпешаҳои қаблианд.

Ин гуруҳ дар охир аз паёмадҳои Афғонистон мегӯяд, ки агар кишварҳои пешрафтаи дунё ҳукумати Толибонро эътироф кунанд ҳеч шубҳае вуҷуд надорад, ки тамоми гурӯҳҳои террористӣ дар ҷаҳон аз ин баъд зери чатри Толибон дар Афгонистон ҷамъ шаванд ва яке аз далелҳои барҷастааш истиқболи гарм аз яке дастёрони Усома бен Лодан аст, ки чанде пеш Толибон ӯро ба Афғонистон роҳ доданду бо ифтихор пешвозаш гирифтанд. Ин таҳдид танҳо ба Осиёи Марказӣ нест, балки ба тамоми ҷаҳон аст. Чунин таҳдид аз ҷониби Толибон ҳамеша мавҷуд буд ва ба вижа пас аз қудратро ба даст гирифтани онҳо ин таҳдидҳо меафзоянд.

Шумо низ метавонед имзои худро зери ин муроҷиатнома гузоред.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
7
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
2
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend