fbpx

Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои ҷаҳон хост, ки мардуми Афғонистонро танҳо нагузоранд

Тавре президент гуфт, ноамнӣ ва бадбахтии ба сари мардуми ин кишвари омада, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон аст, ки ҳоло низ идома дорад.


1
1 point
Акс: Хадамоти матбуоти президент

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 8-уми сентябр дар суханронияш дар ҷаласаи ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, аз нигаронии худ оид ба вазъи Афғонистон гуфт ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, то ки нисбат ба сарнавишти ин кишвар бетараф набошанд.

Президент дар суханронияш хостори андешидани тадбирҳои фаврӣ аз сӯйи ҳамаи созмонҳои байналмиллалӣ, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон барои ҳалли мушкилоти ин кишвар ва ташкили ҳукумати мусолиҳаи миллӣ бо фарогирии манфиатҳои тамоми қавму миллатҳои сокини Афғонистон шуд.

“Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар муддати беш аз як моҳи гузашта вазъият дар ин кишвар, мутаассифона, боз ҳам мураккабу ҳалокатбор ва боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид.Сокинони ин кишвар, ки беш аз чил соли охир дар шароити ҷангу нооромӣ умр ба сар мебаранд, вақтҳои охир бо мушкилоти боз ҳам бештари амниятӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудаанд”, – иброз дошт, раисиҷумҳур.

Тавре президент гуфт, ноамнӣ ва бадбахтии ба сари мардуми ин кишвари омада, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон аст, ки ҳоло низ идома дорад.

“Бинобар ин, мавқеи Тоҷикистонро доир ба қазияи Афғонистон такроран эълон медорам, ки мо ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд ҳастем”, – гуфт президенти кишвар.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш аз кишварҳои ҷаҳон хост, ки мардуми Афғонистонро танҳо нагузоранд: “Ҳамчунин, мехоҳам боз як нуктаи муҳимро таъкид намоям, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои манфиатдор ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти ба вуҷуд омада танҳо гузоранд. Ман дар ҳайратам, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ҳеҷ гуна ташаббус нишон намедиҳанд”.

Президенти Тоҷикистон бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистонро боиси афзоиши хушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта, фалокати башарӣ, ҳамчун маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хонд.

“Вазъияти Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири бевоситаи манфӣ мерасонад, зеро ман борҳо гуфтаам, ки амнияти минтақаи мо, дар навбати аввал, ба вазъи ин кишвари ҳамсоя вобаста мебошад. Дар робита ба ин, хотиррасон месозам, ки тайи зиёда аз бист соли охир ман аз минбарҳои ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҳамоишҳои байналхалқӣ ҳалли масъалаи Афғонистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо бор иброз дошта, таъкид намудам, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд танҳо бо роҳи музокирот ҳаллу фасл карда шавад”, – гуфт, Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи ӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла доираҳои манфиатдору дахлдор ба ҳалли ин масъала то андозае бетафовутӣ зоҳир карданд, дар натиҷа мушкилоти Афғонистон ба ҷое расид, ки имрӯз тамоми башарият, махсусан, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавори онро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ овардааст.

“Аз ин лиҳоз, бо истифода аз фурсат ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро бори дигар даъват мекунам, ки доир ба ҳалли мушкилоти ин кишвар ва ташкили ҳукумати мусолиҳаи миллӣ бо фарогирии манфиатҳои тамоми қавму миллатҳои сокини Афғонистон тадбирҳои фаврӣ ва дастҷамъона андешанд. Инчунин, расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар аз ҷумлаи тадбирҳои таъхирнопазир мебошад”, – гуфт дар охир, Эмомалӣ Раҳмон.

Тоҷикон дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд

Қаблан ҳукумати Тоҷикистон мавқеи расмии худро атрофи ҳаводиси Афғонистон ва ишғоли ҳокимияти ин кишвар аз ҷониби Толибон баён карда буд.

Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.

“Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд. Дар мулоқот таъкид гардид, ки Афғонистони ҷабрдида ва ин миллати ба мо дӯсту бародар набояд дигарбора ба гирдоби ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад”, – гуфта мешуд дар мавқеи Тоҷикистон.

– Баъдан дар сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.

– Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард.

– Тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

– Тоҷикистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афгонистон ва ҳарчӣ тезтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фавриро бинад.

– Беэътиноии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба вазъияти имрузаи Афгонистон метавонад ба ҷанги давомнокӣ шаҳрвандӣ ба ин кишвар оварда расонад.

– Тоҷикистон тарафдори барқарории ҳарчӣ зудтари сулҳу субот ва амнияти Афғонистони ҳамсоя ҳаст ва мо бар онем, ки дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад.

– Дар асоси таҷрибаи сулҳофарӣ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди роҳҳои таъмини сулҳу субот ва рушди муътадили минбаъдаи кишвари ҳамсоя пешниҳодҳои худро ба ҷониби Покистон расонид.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
2
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend