fbpx

Замони бебарқии сокинон Тоҷикистон содироти барқро афзоиш додааст

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Лимит аз байн бардошта шуд
Акс: Нозим Қаландаров

Афзоиши содироти барқ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя дар моҳи ноябр

Моҳи ноябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 2,7 млн доллар неруи барқ содирот шуд. Моҳи октябр интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблаги наздики 2 млн доллар сурат гирифт. Дар ин бора Агентии омори назди президенти Тоҷикистон маълумот медиҳад.

Дар бораи маҳз ба кадом кишварҳо интиқол ёфтани неруи барқ аз Тоҷикистон ишора нест, лекин қайд мекунем, ки имрӯз Тоҷикистон ҷиҳати интиқоли барқ ба Афғонистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон имкон дорад.

Аз оғози соли равон Тоҷикистон аз ҳисоби содироти неруи барқ зиёда аз 53 млн доллар даромад гирифт, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-ноябри соли 2019 ба андозаи 41,9% ё худ 38,2 млн доллар камтар аст.

Қобили зикр аст, ки тирамоҳи имсол сокинони Тоҷикистон ба ҷуз шаҳрҳои нисбатан бузург, дар интиқоли барқ маҳдудият доштанд.

Аввали моҳи декабр намояндагони ширкати “Барқи тоҷик” маълумотро дар бораи он, ки дар шароити камбуди шадиди барқ дар дохили ҷумҳурӣ, он ба кишварҳои ҳамсоя содирот мешавад, қотеъона рад карданд.

Мулоқоти адвокатҳои тоҷик бидуни иҷозатнома бо зерҳимоя

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо қабули як тарҳ адвокатҳои тоҷикро аз гирифтани иҷозатнома барои мулоқот бо гумонбаршуда, айбдоршаванда ва ё судшаванда, озод намуданд. То ин дам адвокатҳо қабл аз мулоқот бо зерҳимояи худ, аз мақомоти тафтишотӣ ва ё додрас расман иҷоза мегирифтанд, ки чунин шеваи кор борҳо боиси нигаронии ҳомиёни ҳуқуқ гардида буд.

Масъалаи озод намудани адвокатҳо аз гирифтани иҷозатнома рӯзи 16-уми декабр дар ҷаласаи навбатии порлумони Тоҷикистон ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванд”, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Мансур Усмонов, вакили Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии ин тарҳ гуфт, “лоиҳа барои амалисозии ислоҳоти судӣ, мукаммалсозии қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва мутобиқгардонии он бо меъёрҳои байналмилалӣ таҳия шудаст”. Мансур Усмонов ҳангоми суханронӣ дар бораи ин тарҳ ҷузъиёти бештар надод.

Сокинони Қирғизистон баъд аз дахолати мақомоти ду кишвар роҳи Ворух – Исфараро кушодаанд

Сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон шаби 16-уми декабр барои чанд соат роҳи байни Исфараву Ворухро баста, танҳо баъд аз дахолати мақомоти ду ҷониб кушодаанд.

Сокинони деҳаи Тоҷикон, воқеъ дар канори деҳаи Оқсой, рӯзи 17-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар даҳ рӯзи охир бори дувум аст, ки роҳ баста ва танҳо баъд аз дахолати мақомот боз мешавад.

Онҳо гуфтанд, роҳ аз соати шаши бегоҳи 16-уми декабр то даҳуними шаб баста буд. “Ҳоло кушода аст, аммо вазъ ҳамоно ташвишовар аст”, – гуфтанд мусоҳибони мо бо шарти зикр нашудани номашон.

Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон, сокинони Оқсой баъди гуё дуздида шудани ду аспи як сокини деҳа роҳро бастаанд. Онҳо тахмин задаанд, ки аспҳо ба Тоҷикистон бурда шудаанд ва бо бастани роҳ ёфтан ва баргардонидани аспҳоро талаб кардаанд.

Дар ин бора мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бодканд парванда кушодааст. Гуфта мешавад, то ба ҳол аспҳои гумшударо наёфтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон имсол паём намедиҳад

Имсол Эмомалӣ Раҳмон дар порлумони кишвар паём намедиҳад. Паёми  раисҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон дар назар аст, ки моҳи январи соли 2021 сурат бигирад, мегӯяд як манбаъ ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати кишвар.

Ба гуфтаи манбаъ, далели ба моҳи январ вогузор кардани замони ироаи паём ба он вобаста аст, ки дар моҳи январи 2021 ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат сурат мегирад, ки дар он аз соли гузашта натиҷагирӣ ва ҳамчунин барномаву ҳадафҳои соли нав баррасӣ мешаванд.

Паёми президент ва ҷаласаи ҷамъбастӣ пайи ҳам дар фосилаи як ду рӯз баргузор мешаванд.

Кормандони ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва хонандаҳои синфҳои болоии мактабҳо ҳамсола паёми Эмомалӣ Раҳмонро дар толорҳои муассисаҳояшон гӯш мекунанд.

Ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиониву радиоии кишвар маросими ироаи паёмро ба таври зинда нашр мекунанд.

Афзоиши бесобиқаи нарху хизматрасониҳо дар Тоҷикистон бори нахуст тайи 8 соли охир

Болоравии арзиши молу маҳсулот ва тарифҳои хизматрасонӣ дар бахши истеъмолии ҷумҳурӣ ба нишондодҳои дурақама наздик мешавад. Чунин сатҳи баланди таваррум дар кишвар тӯли 8 соли охир ба қайд гирифта нашуда буд.

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ аз ҳама бештар нархи маҳсулоти хӯрокворӣ – ба андозаи 12,5% боло рафт, хабар медиҳад Агентии омори кишвар.

Нархи маҳсулоти ғайриозуқа ба андозаи 5,2% ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 3,8% зиёд шуд.

Сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии кишвар тӯли 11 моҳи соли равон дар маҷмӯъ 8,9%-ро ташкил дод.

Сатҳи бештар баландтар тайи даҳсолаи ахир соли 2011 ба қайд гирифта шуда буд, ки он замон нархҳо ба молу маҳсулот ва тарифҳои хизматрасонии пулакӣ ба андозаи 9,3% боло рафта буданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend