Хушдоман ҷарима шуд

“Зӯроварӣ дар оила”. Хушдомани “сарзанишкор”-ро аз 128 то 320 сомонӣ ҷарима мекунанд

Нисбати зане аз шаҳри Исфара, ки “сарзаниш” – и арӯси хонаводаашро ба навор гирифта, ба шабакаҳои иҷтимоӣ партофта буд, парвандаи маъмурӣ боз кардаанд.

Чанд рӯзи охир ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдро ба миён оварда буд.

Гуфта мешавад, ин зан аз 128 сомонӣ то 320 сомонӣ ҷарима хоҳад шуд. Намояндагони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд рӯзи 20-уми январ гуфтанд, таҳқиқ идома дорад.

Ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он зане арӯси хонаашро ба навор гирифта, фишор меорад, ки дигар бе иҷозат нон нахӯрад ва ваъда диҳад, ки нисбати хонавода беҳурматӣ ва ба шавҳар хиёнат намекунад. Арӯс ҳам гуфтаҳои хушдоманро такрор мекунад.

Акбар Шарифӣ, сухангӯйи Раёсати корҳои дохилии Суғд гуфтааст, кормандони ин ниҳод хонаводаро дар шаҳри Исфара ёфта, нисбат ба хушдоман ба иттиҳоми “зӯроварӣ дар оила” парванда кушодаанд.

Бояд гуфт, ки нисбат ба шахсоне, ки ба узви аз нигоҳи моливу иқтисодӣ вобастаи оила фишор меоранду зӯроварӣ мекунанд, аз 128 сомонӣ то 320 сомонӣ ҷарима дар назар аст.

Skip to toolbar