fbpx

Марде дар Зафаробод ба сӯйиқасд бо болға гумонбар мешавад

Мухтасари хабарҳои рӯз.


1
1 point
Сӯйиқасд дар Зафаробод
Акс аз интернет.

Ҳалокати подабон зери ядаки трактор

Дар деҳаи Меҳргони ноҳияи Данғара як подабони ҷавон зери ядаки трактор монда, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора сомонаи ВКД хабар дод.

Трактор "Беларус – 821"
Акс аз сомонаи traktordom.ru

Гуфта мешавад, ҳодиса 18 – уми январ, тахминан соатҳои 18:30 дақиқа ба амал омадааст.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрванд Исломиддин Норбутаев, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Нуробод ҳангоми дар теппаҳои заминҳои чарогоҳи ҳудуди деҳаи Меҳргони ноҳияи Данғара қарор доштанаш, ядаки трактори тамғаи “Беларус – 821” – ро бе трактор, ба воситаи қувваи даст бо ҳамроҳии дигар шаҳрвандон аз баландӣ ба поён фаровардан мехост.

Нохост ядак чаппа шуда, номбурда зери мемонад. Гуфта мешавад, аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Марде дар Зафаробод ба сӯйиқасд бо болға гумонбар мешавад

Як сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд дар сӯйиқасд ба ҷони сокини маҳаллӣ гумонбар дониста мешавад, хабар медиҳад маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Сӯйиқасд бо болға

Гуфта мешавад, ки тахминан соати 05:00 – и субҳи 27 декабри соли 2022 марди 41 – солаи сокини ноҳияи Зафаробод бо қасди куштор ба хонаи як сокини 44 – солаи маҳаллӣ ворид шудааст.

Гумонбаршаванда бо болғае, ки бо худ оварда буд, ба соҳиби хона чанд зарба мезанад, вале барои амалӣ кардани нияти бадқасдонаи худ фурсат наёфта, пас аз бедор шудани аъзои дигари хонавода аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ҷабрдида ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол дода шудааст, алайҳи гумонбаршаванда бо моддаи 32-104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Сабаби сӯхтор дар масҷиди Ҳисор муайян шуд

Сӯхтор дар масҷиди панҷвақтаи деҳаи Чаманистони шаҳри Ҳисор аз истифодабарии фарши гарм (теплый пол) ба амал омадааст. Дар ин бора аз Сарраёсати Хадамоти оташнишонии ВКД хабар додаанд.

Сӯхтор дар масҷиди Ҳисор
Сӯхтор дар масҷид, намогирифт

Гуфта мешавад, пас аз хондани намози хуфтан, барои гарм боқӣ мондани масҷид то намози бомдод намозгузорон фарши гармро аз барқ ҷудо накардаанд ва ин сабаби сар задани сӯхтор шудааст.

“Дар бораи сӯхтори масҷид соати 23:30 дақиқаи шаби 17-уми январ ба Хадамоти оташнишонии шаҳри Ҳисор хабар расид. Кормандони Хадамоти оташнишонӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, сӯхторро ба душворӣ хомӯш карданд. Бинои масҷид қариб пурра ба коми оташ рафт”, – хабар медиҳад манбаъ.

Ба таъкиди ӯ дар пайи ин ҳодиса касе зарар надидааст.

Ҳаҷми зарар ва масоҳати сӯхтор дар масҷиди панҷвақта муайян шудааст, вале манбаъ аз ироаи маълумоти бештар худдорӣ мекунад.

Бояд гуфт, қаблан аз ҳодисаи сӯхтори масҷид ва оқибатҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо пахш гардида буданд. Ба гуфтаи муаллифони навор, ин масҷид пурра ба коми оташ рафт ва дубора обод кардани он ғайриимкон аст.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар пайи сардиҳои ҳаво, дар кишвар ҳодисаи сӯхтор афзоиш ёфта, фавти одамон низ ба қайд гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 10-уми январ дар Тоҷикистон ҳавои сард ҳукмрон аст ва сокинон барои гарм кардани хонаҳову коргоҳи худ аз таҷҳизоти барқӣ истифода мекунанд ва ин боиси афзоиши ҳодисаи сӯхтор гардидааст.

Писари сардори шуъбаи корҳои дохилии ВКД дар ноҳияи Варзоб дар сӯхтор ба ҳалокат расидааст

Ба иттилои хабарнигорон дар шаҳри Душанбе дар пайи сӯхтор писари Рамазон Мирзозода, подполковники милитсия ва сардори шуъбаи корҳои дохилии ВКД дар ноҳияи Варзоб фавтидааст.

Сӯхтор
Акс: Pixabay

Гуфта мешавад, сӯхтор субҳи 18-уми январ дар хонаи истиқоматии Рамазон Мирзозода, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душабе (дар наздикии НБО Варзоб) рух додааст.

Дар Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД хабари рух додани ҳодисаро тасдиқ, вале аз ибрози ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ намудаанд.

Аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ дар робита ба ҳодисаи мазкур иттилоъ дастрас нест.

Ҳамчунин, маълум нест, ки сабабу омили сӯхтор  чӣ аст ва кормандони идораи сӯхторхомӯшкунӣ кай ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.

Аз шуъбаи Хадамоти оташнишонии ноҳия, ҳукумат ва ШКД дар ноҳияи Варзоб низ шарҳи расмӣ надодаанд.

Бояд гуфт, дар робита ба сӯхтори яке аз хонаҳои истиқоматӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ду рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ навор паҳн гардид ва ба эҳтимоли зиёд, ин ҳодисаи сӯхтори хонаи сардори ШКД дар ноҳияи Варзоб аст.

Гуфтан ба маврид аст, ки бинобар сардиҳои ҳаво, дар кишвар ҳодисаи сӯхтор афзоиш ёфта, фавти одамон низ ба қайд гирифта шудаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend