Тоҷикистон аз Русия афви муҳоҷирони мамнӯъ-ул-вурудро хост
Тоҷикистон ба мақомоти Русия пешниҳод кардааст, муҳоҷирони меҳнатие, ки қоидвайронкуниҳои хурди маъмуриро содир кардаанд, афв карда шаванд, хабар дод Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав.
Сатторов гуфтааст, дар ин феҳраст 257 ҳазор тоҷикистонӣ қарор доранд.
“Ҳудуди 257 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар феҳрасти афроди мамнӯъ-ул-вуруд қарор доранд. Барои бисёре аз шаҳрвандон вуруд ба Русия барои қоидавайронкуниҳои хурди маъмурӣ мамнӯъ шудааст”, – изҳор дошт сафири Тоҷикистон дар Русия.
Дипломат таъкид намуд, ки теъдоди афроди мамнӯъ-ул-вуруд тайи се-чор соли охир афзоиш ёфтааст.
“Мо ҳамеша дар бораи афви онҳое суҳбат кардем, ки вурудашон ба далели қоидавайронкуниҳои хурди маъмурӣ мамнӯъ шудааст”, – илова наммуд сафир.
Вазири нави меҳнат ба мардикорбозори занонаи Хатлон рафт
Ширин Амонзода, вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо нашри чанд аксе дар саҳфаи фейсбукияш навиштааст, ки ба дидани заноне рафтааст, ки дар як мардикорбозори вижа дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон рӯзона ба дунболи ҷустуҷӯйи коранд.
Ширин Амонзода бо гузоштани ин аксҳо навиштааст, ки “Рӯзе дар “мардикорбозор” миёни занон- корҷӯён…танҳо вақтро метавон довар гирифт…”. Вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ шарҳ надодааст, ки ба занҳо чӣ гуфтаасту барои кор ёфтани онҳо чӣ тарҳе дорад. Ҳамчунин ӯ нагуфтааст, ки ишораи “танҳо вақтро метавон довар гирифт” ба чӣ замоне далолат мекунад.
Мардикорбозори занонаи маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар аз замоне, ки расонаӣ шуд сарусадоҳои зиёдеро дар расонаҳо ва ҷомеаи Тоҷикистон дошт. Дар ин бора филми мустанад ва матолиби зиёдеро расонаҳо нашр карданд, ки ҳукумати маҳаллӣ ҳам ба он таваҷҷуҳ кард. Ҳарчанд аз замони расонаӣ шудани ин мавзуъ мақомҳои маҳаллӣ мегуфтанд, ки барои ин занҳо ҷойи кор меёбанд, аммо нашри аксҳои бозор аз сӯйи вазири меҳнат нишон медиҳад, ки ин бозор мисли пешин то кунун фаъол аст.
Падари чоргоникҳо: умед дорем соҳиби хонаи шахсӣ мешавем
Далер Файзуллоев, сокини пойтахт, ки ҳамсараш Сарвиноз Аскароваи 34-сола рӯзи 15-уми декабр дар таваллудхонаи рақами 3-и пойтахт чоргоник таваллуд намудааст умед дорад, ки ҳукумати кишвар ин оилаи ҷавонро пуштибонӣ хоҳад кард.
Тавре Далер ба “Азия-Плюс” гуфт Далер дар яке аз ширкатҳо дар Душанбе кор мекунад ва иҷоранишин аст. Ба гуфтаи худи ӯ дӯстону шиносон бо ӯ тамос гирифта аз он мегӯянд, ки ҳатман аз ҷониби ҳукумат оилаи ҷавони онҳо дастгрӣ меёбад ва соҳиби манзили шахсии худ мегарданд. Вале ӯ иброздошт, ки то ҳол аз ҷониби намояндагони ягон мақомот ё сохтор бо онҳо тамос нагирифтаанд.
Далер мегӯяд, гарчанде ҳангоми ташхиси пеш аз таваллуд табибон ба онҳо гуфтаанд, ки соҳиби 4 фарзанд мешавед , вале то ҳол бовараш намеояд, ки ӯ якбора соҳиби ду духтар ва ду писар гаштааст. Ӯ гуфт: “То ҳол аз шодӣ ҳарф задану ором нишастан наметавонам. Ман танҳо як маротиба назди фарзандонам даромадам ва онҳоро аз пеш дидам. Гӯё вориди дунёи дигар гардидам, ки атрофам пур аз тифл буд. Аз ин бештар шодие барои волидон нест”.
Падари чоргоникҳо аз он гила дорад, ки дар бархе сомонаҳои хабарӣ иттилои бардурӯғ паҳн намудаанд, ки гӯё онҳо соҳиби ду писари дигар ҳастанд, ки яке 13 ва дуввумин 3 сол дорад. Ӯ мегӯяд, “мо як писари 3,5 сола дорем ва Худоро шукр имрӯз боз соҳиби чор фазанди дигар шудем. Писари 13-сола надорем ва ин нодуруст аст”.
Боздошти ду ҷавон дар робита бо куштори таксироне дар Турсунзода
Додситонии шаҳри Турсунзода вобаста ба қатли бераҳмонаи таксирони 38-сола парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст. ВКД Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта хабар дод, ки ба ҳайси гумонбар дар ин ҷиноят як ҷавони 18-сола ва як ноболиғи муҳассили синфи 11-и сокинони шаҳри Турсунзодаро дастгир кардаанд.
Дар навори телевизионии ин ниҳод яке аз боздоштшудаҳо дар нишондодаш гуфт, ки ба хотири ба даст овардани пул ба чунин ҷиноят даст задаанд.
Ба гуфтаи ӯ, онҳо ронадаи мошини “Тико”-ро, ки ба мусофиркашонӣ машғул будааст, киро карда дар ҷои беодам нахуст бо сим буғӣ карда баъдан бо корд заданд. Ҷасадаро дар ҷуйбори канори роҳ мепартоянд. Онҳо аз дохили мошин як телефон ва 220 сомонии кушташударо мегиранд. Ҷасад рӯзи 10 уми декабр пайдо карда шуд.
Маълум нест, ки мавқеи худи гумонбарони боздоштшуда чӣ аст ва оё онҳо бо вакили дифоъ таъмин ҳастанд ё на.
Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2020
Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини соли 2020-ро муайян кард.
Бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтарин инҳо дохил шуданд:
Баҳодур УСМОНОВ (бокс) – дорандаи роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020. Ӯ дар мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус дар Урдун дар вазни 63 кг соҳиби роҳхати олимпӣ шуд.
Шаббос НЕЪМАТУЛЛОЕВ (бокс) – дорандаи роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 . Ӯ дар мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус дар Урдун дар вазни 81 кг соҳиби роҳхати олимпӣ шуд.
Акмалиддин КАРИМОВ (самбо) – дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар вазни 57 кг дар Сербия.
Хушқадам ХУСРАВОВ (самбо) – дорандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар вазни 62 кг дар Сербия.
Комроншоҳи УСТОПИРИЁН (самбо) – дорандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар вазни 90 кг дар Сербия.
Ҳикматулло ВОҲИДОВ (гуштини озод) – дорандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 57 кг дар Ҳиндустон.
Муҳаммад ИКРОМОВ (гуштини озод) – дорандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 61 кг дар Ҳиндустон.
Искандари РУСТАМ (гуштини озод) – дорандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 97 кг дар Ҳиндустон.
Мубинҷон АҲМАДОВ (гуштини юнониву румӣ) – дорандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 63 кг дар Ҳиндустон.
Муниса ОЙМАТОВА (таэквон-до WT) – дорандаи медали тиллои мусобиқаи байналмилалии Fujairah Open G2 дар вазни 49 кг дар Аморати Муттаҳидаи Араб.