fbpx

Суди шаҳри Ҳисор таҷовузгари нобилиғи 12 соларо авф кардааст

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-3
-3 points
Ҷазо барои ҳаракатҳои бадахлоқона дар Тоҷикистон сахттар шуд
Акс аз сомонаи ratel.kz

Даргузашти нахустин роҳбари сохтмони “Роғун” дар Маскав аз коронавирус

Нахустин роҳбари сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, мутахассиси рус Николай Савченков аз бемории коронавирус даргузашт. Дар ин бора расонаҳо дар истинод ба писари марҳум ва корбарони бахши тоҷикии шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар додаанд.

Николай Савченко нухустин роҳбари сохтмони ин нерӯгоҳи бузурги Тоҷикистон буд, ки солҳои 1978-1992 дар “Роғун” фаъолият дошт.

Бино бар иттилои Сафченкои хурдӣ, чанде пеш мархум ба бемористон интиқол дода шуда буд, аммо табибон натавонистанд ҷони Николай Савченкои 88-соларо аз чанголи коронавирус халос кунанд.

Ӯ пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистонро ба қасди Маскав тарк кард ва то дами марг дар пойтахти Русия ба сар мебурд.

Озод кардани айбдоршавандаи таҷовуз аз толори суд

Суди шаҳри Ҳисор нисбати Ҳусниддин Абдуллоеви 42-сола, ки дар таҷовуз ба номуси духтари 12-сола айбдор карда мешуду ин ноболиғ баъдан фарзанд ба дунё овард, ҳукм содир намуд. Ӯ ба 5 соли зиндон маҳкум шуда, лекин бо истифода аз қонуни авф аз иҷрои ҷазо озод гардид.

Суд рӯзи 9 декабр ҳукм содир намуда, айбдоршаванда дарҳол аз толори суд раҳо шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷониби ҷабрдида ба ҳукм норозӣ буда, нисбати он дар зинаи болоӣ шикоят мебаранд, хабар дод ба “Азия-Плюс” Гулчеҳра Раҳмонова, роҳбари Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ”.

Суд талаби боисрори ҳимоятгари духтар, ки айбдоршаванда бо моддаи 138 қ. 3 ҷазо дода шавад ба инобат нагирифта ӯро мутобиқи моддаи 141, қ. 1 КҶ ҶТ (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷиноят) ҳукм бароварда ба 5 соли зиндон маҳкум кардаст.

Ҳимоятгар гуфтааст, онҳо ба Суди олӣ аз ҳукми баровардашуда шикоят мебаранд.

Ба гуфтаи Гулчеҳра Раҳмонова, ҷониби ҳимоя бобати баргузории ташхиси ДНК шубҳа дорад: натиҷаҳои ташхис нишон доданд, ки Ҳусниддин Абдуллоев падари кӯдак нест.

Суд чунин парвандаи ҷиноятии ҷиддиро ҳамагӣ дар зарфи ду рӯз баррасӣ намуда, аллакай дар рӯзи дуюм ҳукм эълон шуд.

Гунаҳкор ба таҷовуз ба номуси ноболиғ Ҳсуниддин Абдуллоев зери авфи соли 2019 қарор гирифта, аллакай дар озодӣ аст.

Ба саволи “Азия-Плюс” дар бораи чӣ гуна мавриди авф қарор гирифтани гунаҳкор, Гулчеҳра Раҳмонова чунин посух дод:

“Ҷиноят моҳи августи соли 2019 содир шуда, моҳи октябри ҳамин сол қонун дар бораи авф қабул шуд. Бо вуҷуди моҳи майи соли 2020 боз шудани парвандаи ҷиноятӣ, аз рӯйи қонун замони содир шудани ҷиноят ба инобат гирифта мешавад. Пас агар ҷиноят то қабули қонуни авфи соли 2019 содир шуда бошад, судшаванда таҳти авфи ҳамон сол қарор мегирад”.

Парвозҳои чартерӣ 90 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ба ватан баргардониданд

Аслишо Нодиршоев, як маъули Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабаргузории “Авеста” гуфтааст, то имрӯз тавассути парвозҳои чартерӣ беш аз 90 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватан баргаштаанд. Беш аз 74 ҳазори онҳо мардон ва зиёда аз 16 ҳазори дигарашон занон будаанд.

Ба гуфтаи ин масъул, тибқи нақшаи кории хадамоти муҳоҷират, дар кишвар нуқтаҳои машваратӣ таъсис дода шудаанд, ки барои бо кор таъмин намудани муҳоҷирони бозгашта мусоидат мекунанд. Ба ин нуқтаҳо беш аз 23 ҳазор муҳоҷирони баргашта муроҷиат намудаанд. Дар мадди аввал мушаххас карда мешавад, ки ба чӣ теъдоде аз муҳоҷирон ворид шудан ба Русия манъ гардидааст. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, то охири моҳи июли имсол 286 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи ворид шудан ба Русия маҳрум шудаанд.

Нодиршоев мегӯяд, ҳангоми таъмин намудан бо шуғл бартарӣ ба кормандони бахши сохтмон дода мешавад. Ҳоло дар кишвар 267 ширкати сохтмонӣ фаъол будааст, ки дар онҳо ҳудуди 35 ҳазор нафар тоҷикон кор мекардаанд.

Раиси пешини “Тоҷпромбонк” 8,5 сол зиндон шуд

Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба раиси пешини “Тоҷпромбонк” Ҷамшед Зиёевро баррасӣ намуда, ӯро ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба яке аз хешовандони маҳкумшуда бидуни ифшои ному насаб хабар дод, парвандаи Ҷамшед Зиёев аз рӯи чор моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 247 (Қаллобӣ), 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп,муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) ва 295 (Суиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо) мавриди тафтиш қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукми суд аввали моҳи декабр эълон шуда, лекин мақомоти судӣ дар ин бора хабар намедиҳанд. Дар суди ноҳияи Сино, ки мурофиаҳо ҳамон ҷо баргузор шуданд, посух ба саволҳои хабарнигори “Азия-Плюс”-ро дар ин маврид рад карданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-3
-3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
6
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend