fbpx

Вазири энерегетика мегӯяд, ки нархи барқ имсол дар Тоҷикистон боз боло меравад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


2
2 points
лимити барқ дар деҳоти тоҷикистон
Акс аз Нозим Қаландаров

Вазир сабаби гароншавии сабзиро дар Тоҷикистон тавзеҳ дод

Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон имрӯз дар мулоқот бо рӯзноманигорон, кушиш кард “нархи кайҳон” -и сабзиро дар Тоҷикистон шарҳ диҳад. Ба гуфтаи вазир, зимистони гузашта хеле сард буд, ки ин ба ҷамъоварии сабзӣ ва нигоҳдории ин навъи сабзавот таъсир гузоштааст.

“Соли гузашта дар майдони 8,4 ҳазор гектар сабзӣ кошта шуда буд. Зимистони сард омад, ин ба ҳосили сабзӣ таъсир расонд. Захираҳои сабзӣ омода ва дар анборҳо нигоҳ дошта мешуданд. Бо ҷамъоварии ҳосили нав нархҳо коҳиш хоҳанд ёфт”, – гуфт вазир.

Ба гуфтаи вай, ҷамъоварии ҳосили нави сабзӣ 15 июл дар назар аст. Дар ноҳияҳои Деваштич ва Истаравшани вилояти Суғд ва дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҷамъоварии сабзӣ шурӯъ шудааст.

“Ҳоло дар шаҳри Душангбе ва ноҳияҳои ҳамшафати пойтахт як кило сабзӣ 6-7 сомонӣ, дар Хуҷанд ва Бохтар 4-5 сомонӣ арзиш дорад”, – илова кард Вазорати кишоварзӣ.

5 кушта, 16 захмӣ, 175 хона пурра ва қисман валангор: охирин омори заминларзаи рӯзи 10-уми июли Рашт

Мақомот омор ва хисороти расида аз заминларзаи рӯзи 10-уми июл дар Раштро эълон карданд. Бар асоси охирин омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин заминларза 5 нафар ҷон бохта, 16 кас захмӣ шудааст. Ҳамаи фавтидаҳо сокинони ноҳияи Тоҷикобод мебошанд.

Ҳоло бар асоси ҳисоби пешакии ниҳодҳои давлатӣ дар ҷамоати Лангари ноҳияи Тоҷикобод 29 хона тахриб шудааст, ки аз ин шумора 7 хона комилан вайрон шудаанд.

Дар ноҳияи Рашт, ҳарчанд, хушбахтона ин ҳодиса талафоти ҷонӣ дар пай надошт, вале 14 хонаро пурр тахриб кардаву ба 131 хонаи дигар қисман зарар ворид шудааст.

Ҳамчунин ин заминларзаи рӯзи 10-уми июл, дар дар ноҳияи Сангвор низ хонаи як бошандаи ноҳияро пура ва як хонаи дигарро қисман хароб кардааст.

Ҳоло дар макони ҳодиса Комиссияи ҷумҳурявие, ки бар пайи ин ҳодса таъсис дода шуда буд, корро барои расонидани ёрӣ ба осебдидагону беҷошудагон идо медиҳад.

Ин заминларзаи сахт субҳи 10-уми июл рух дод, ки ларзаҳои онро дар Душанбе низ эҳсос карданд.

Пажӯҳишгоҳи геологӣ ва зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, макони заминларзаро дар 20-километрии маркази ноҳияи Рашт  гуфт ва шиддати зилзиларо аз рӯи ҷадвали Рихтер 5,9 дараҷа (бал) эълом кард.

Вазири энерегетика: нархи барқ имсол дар Тоҷикистон боз боло меравад

Вазири энержии Тоҷикистон гуфт, имсол нархи истифода аз нирӯи барқро боло мебаранд, вале нагуфт, ки чӣ қадар. Далер Ҷумъа рӯзи 12-уми июл дар як нишасти матбуотӣ хабар дод, ки “ҳоло гурӯҳи корӣ бар сари мавзуъ баҳс дорад ва пас аз хулосаи ниҳоӣ нарх маълум мешавад.”

Мақомот мегӯянд, ки нархи истифода аз барқ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигари пасошӯравӣ хеле поин аст. Чанд созмони молии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ дар чанд шарти худ ба Тоҷикистон боло бурдани қимати барқро зикр кардаанд.

Вазири энержӣ гуфт, ҳангоми боло бурдани арзиши барқ дар баробари хароҷоти системаи барқии кишвар, “вазъи иҷтимоии аҳолӣ низ ба назар гирифта мешавад. Тайи ду соли охир Тоҷикистон нархи барқро гарон накард ва ҳоло замоне расидааст, ки бо боло бурдани арзиши барқ масъалаи бозгардонии маблағҳои ҷалбшуда ба соҳа низ дида шавад”, — афзуд ӯ.

Вазири адлия: “ба мо дар бораи афв чизе маълум нест, ин салоҳияти президент аст”

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯзи ниҳоди зери раҳбарияш аз шарҳи хабарҳои марбут ба қабул шудани қонун дар “Дар бораи афв” ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон худдорӣ кард. Ӯ гуфт, ки ҳоло дар ин бора ба Вазорати адлия чизе маълум нест.

Вазири адлия қабул шудани ин гуна қонунро на рад ва на таъйид кард.

Ӯ гуфт, ки  “мувофиқи Конститутсия афв аз ҳуқуқҳои истисноии президенти Тоҷикистон аст, ки ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. Агар чунин лоиҳаи қонун ба ифтихори 30-солагии Исиқлоли Тоҷикистон омода шавад, хабарҳо нашр мешаванд. Ҳоло дар ин бора барои Вазорати адлия чизе маълум нест”.

Ин изҳори назари вазири адлия дар ҳолест, ки пештар хабарҳои дар арафаи ҷашнгирии 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудани қонун афв, расонаӣ шуда буд. Ҳатто дар ин гуфтугузорҳо сухан аз афи ҳамафарогир ё ба истилоҳи маъмул “тилоӣ” мерафт.

Ҷазо барои озори ҷинсии кӯдакон сахттар мешавад, аммо қонун ниҳоӣ нашудааст

Дар тарҳи нави Кодекси ҷиноӣ ҷазо барои озори ҷинсӣ сахттар карда шудааст. Вале Шараф Каримзода, муовини вазири адлия, рӯзи 12-уми июл гуфт, тарҳи нави Кодекси ҷиноӣ ҳанӯз ниҳоӣ нашуда, баррасии он дар идораҳо идома дорад. “Ҳама вазорату идораҳо розигӣ доданд, ки ҷазо барои озору азияти ҷинсӣ пурзӯр шавад”, — афзуд ӯ дар нишасти матбуотӣ.

Баҳси сахттар кардани ҷазо барои озори ҷинсӣ ҳафтаи гузашта дар пайи кушта шудани як духтари 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ дубора доғ шуд. Баъд аз он ҳодиса, ҳомиёни ҳуқуқ аз раиси Маҷлиси Миллӣ талаб карданд, ки ҷазо барои озори ҷинсӣ бахусус озори ҷинсии ноболиғон пурзӯр карда шавад.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон бештар шудааст

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи имсол ақди никоҳ ва ҳамин тавр ҷудошавии оилаҳо дар кишвар бештар шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, дар шаш моҳи имсол идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 32 ҳазору 489 ақди никоҳро сабт кардаанд, ки он ҳам назар ба соли гузашта 2,5 ҳазор бештар аст.

Масъулини вазорат гуфтанд, ҷудошавии оилаҳо ҳам дар кишвар имсол афзудааст. Ба иттилои манбаъ, дар шаш моҳи аввали имсол 6 ҳазору 476 бекоршавии ақди никоҳ сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 990 маврид зиёд аст.

Ба иттилои расмӣ, бештари оилаҳо бо қарори додгоҳҳо ҷудо шудаанд. Ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ гуфта мешавад, ки ба қавли мутахассисон бояд ба он таваҷҷуҳ шавад.

Пизишкони тоҷик гуфтанд, як зани 100-соларо аз коронавирус табобат карданд

Пизишкони тоҷик хабар доданд, ки як зани 100-соларо аз чанголи коронавируси нав халос кардаанд.

Шарофат Қодирова, корманди шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ, дар бемористони касалиҳои сироятии Душанбе бистарӣ буд. Ӯ 11-уми июл аз шифохона ҷавоб шуд.

Аз оғози эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон, дар умум, 13834 нафар бемор шуда, 13535 кас шифо ёфтаанд. Мақомот мегӯянд, 103 нафар ҷони худро аз даст доданд, вале шубҳаҳо дар бораи дурустии омори расмӣ ҳамчунон боқист. Сокинон шумораи беморону қурбониёнро бештар аз ин медонанд.

Фавти боз се нафари дигар аз коронавирус

Давоми рӯзҳои истироҳати гузашта, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон 3 нафар афзуда, ба 103 нафар расид.

То шоми 11 июл шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 ҳазору 834 нафар расида, давоми ду шабонарӯз теъдоди онҳо 81 нафар зиёд шуд.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 535  нафар ё худ 97,8%-ро ташкил медиҳад. Давоми як шабонарӯз 21 нафар шифо ёфтаанд.

Тавре Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, то  санаи 9 июли соли равон дар Тоҷикистон беш аз 361 ҳазор нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 19 ҳазору 940 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend