Имрӯз, 29-уми январи дар гузаргоҳи сарҳадии вилояти Ботканти Қирғизистон даври дуюми мулоқот ва баррасии муноқишаи марзие, ки дӯ руз пеш дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омада, баргузор шуд.
Гуруҳҳои кориро аз ҷониби Тоҷикистон раиси КДАМ-и кишвар Саймумин Ятимов ва аз ҷониби Қирғизистон раиси КДАМ-и он кишвар Қамчибек Ташиев роҳбарӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Дар мулоқот вазъи баамаломадаи рӯзи 27 январи соли равон дар хати марзи ду кишвар, деҳаи Хоҷа-Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара муҳокима гардид, вале дар фарҷоми мулоқот ҳеҷ санаде ба имзо нарасид.
Дар оғози музокирот роҳбарони ҳайатҳо Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев суҳбати як ба як доир намуданд, ки он се соат, аз 11 то 13 тӯл кашид. Пас аз анҷоми суҳбати як ба як, ҷонибҳо бо рӯзноманигорон суҳбати кутоҳе карданд.
“Риоя накардани протоколҳо ба низоъ меоварад”
Саймумин Ятимов дар назди рӯзноманигорон гуфт, ки бар асари муноқишаи навбатӣ дар хатти марзи Тоҷикистону – Қирғизистон кушта ва захмишудаҳо ҳастанд.
“Ин натиҷаи он аст, ки мушкили сарҳади давлатии ду кишвар то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Ин муноқишаҳо ҳамеша бо ягон сабаб рух медиҳанд. Зарур аст, ки сабабҳои аслии он бартараф карда шаванд. Мо бояд ба падидаҳо не, балки ба моҳияти масъалаҳо такя карда, қарори қатъӣ қабул кунем. Вақте ки мо дар бораи моҳият мегӯем, қонуниятро дар назар дорем, – гуфт Ятимов.
– Сухан дар бораи санадҳои ҳуқуқӣ меравад, ки бояд риоя шаванд. Ин санадҳои ҳуқуқӣ бояд дар асоси ризоият ва иродаи тарафайн ҳал карда шаванд. Сухан дар бораи протоколҳо ва хуҷҷатҳои асосии солҳои 1924—1927, қарорҳои комиссияи паритетии соли 1989, протоколҳои имзошудаи байни комиссияҳо, ки онҳо шакли ифодаи иродаи ҳукумат ва манфиатҳои халқи ду ҷонибро инъикос мекунад, меравад. Ин протоколҳоро қатъиян бояд риоя намуд, чун маҳз дур шудан аз санадҳои ҳуқуқӣ ва протколҳои имзошуда ба низоъ оварда мерасонад.”
“Ваъдаи мардона”
Ятимов дар идома гуфт, ки онҳо бо ҳамтои қирғизи худ ҳама саволҳои марбутро муҳоима карда, ба мувофиқа расиданд, ки дар рафти гуфтушунид ҳуҷҷатхои асосиеро, ки ба таври таърихӣ ва дар натиҷаи кори комиссияҳои байниҳукуматӣ имзо шудаанд, ба инобат хоҳанд гирифт.
“Ба мувофиқа расидем, ки талаботи протоколҳоро баррасӣ ва қатъиян риоя мекунем. Аз ҷумла, сухан дар бораи протоколи №39 аз 1 майи соли 2021 меравад. Мисли дигар протоколҳо, ин протокол низ хеле муҳим аст. Ба мувофиқа расидем, ки маҳз пас аз 8 рӯз ба татбиқи ин протокол шурӯъ мекунем. Нуқтаҳои имзошудаи ин протоколро пурра риоя хоҳем кард. Баъд аз 8 рӯз комиссияҳои муштарак оид ба корҳои топографию ҳуқуқӣ ба кор шуруъ мекунанд. Ин кор то замони ҳалли тамоми масъалаҳои марбут ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ, пайваста сурат хоҳад гирифт”, – қайд кард Ятимов.
Раиси кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамчунин иброз дошт, ки онҳо бо ҳамтои қирғизи худ дар наздиктарин фурсат боз мулоқот ва кори комиссияро баррасӣ мекунанд.
“Ба мувофиқа расидем, ки барои ҳалли масъалахо имконият ва тамоми шартхои заруриро дорем. Пас аз мулоқот мо ягон протокол ба имзо нарасонидем, вале чизҳое ҳастанд, ки аз он арзиши баландтар доранд. Мо ба ҳам ваъда додем ва дасти якдигаро фишурдем, ки ҳама масъалаҳои баррасӣ шударо ба амал татбиқ мекунем. Ин масъалаҳо, бешубҳа, манфиатҳои ду халқи бо ҳам бародарро инъикос мекунанд”, – гуфтааст Ятимов.
Қамчибек Ташиев чӣ гуфт?
Роҳбари кумитаи амнияти давлатии Қирғизистон Қамчибек Ташиев дар назди рӯзноманигорон қайд кард, ки ба суханони роҳбари амниятии Тоҷикистон ҳамроҳ мешавад ва гуфтаҳои ӯро тасдиқ мекунад.
“Илова мекунам, ки имрӯз, 29 январ, аз соати 11:00 то 14:00 мулоқоти корӣ баргузор гардид. Муҳимтар аз ҳама, тасмим гирифта шуд, ки кори комиссияи байниҳукуматӣ оид ба аломатгузории марз дубора фаъол карда мешавад, зеро он ду моҳ инҷониб фаъолият намекард. Мо қарор додем, ки кори ин комиссия дар асоси протоколу қарорҳо ва бо дарназардошти манфиатҳои ду кишвар пайваста амалӣ карда мешавад. Боварӣ дорам, ки гарчанде имрӯз ягон ҳуҷҷатеро низ имзо накарда бошем, лекин сухан ва дастфиширории мо барои амалӣ кардани ин кор басанда аст”, – гуфт Ташиев.
Дар рӯзи аввали музокирот чӣ гузашт?
Мулоқоту музокироти ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми январ оғоз шуда буд, ки дар рӯзи аввал ҳайати Тоҷикистонро фармондеҳи қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва ҳайати Қирғизистонро раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев роҳбарӣ карданд.
Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зимни мулоқот изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу субот ва таъмини амният дар марз аст. Мардуми наздисарҳадӣ бояд бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ ва ҳамзистии осоишта кору зиндагӣ намуда, минбаъд пеши роҳи чунин даргириҳо гирифта шавад.
Дар музокирот роҳбари мақомоти амнияти Қирғизистон Қамчибек Тошиев изҳор дошта буд, ки низоъ бо роҳи мусолиҳатомез ҳал карда мешавад. Ӯ низ таъкид кард, ки пос доштани одоби ҳамсоядорӣ муҳим ва бояд мардуми наздимарзӣ дар фазои орому осуда зиндагӣ кунанд.
Мулоқоту музокироти ҷонибҳо рӯзи аввал бидуни ягон натиҷа ва мувофиқа ба анҷом расида буд.
Ду кушта ва зиёда аз 30 захмӣ
Дар муноқишаи навбатӣ, ки рӯзи 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух дод, ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва зиёда аз 20 нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд, ки ба он гуфтушуниди дусоатаи раисони вилоятҳои Суғду Бодканд хотима бахшишд.
Хадамоти марзбонии ҳарду кишвар якдигарро барои оғози муноқиша ва кушодани оташ айбдор карданд. Бино ба иттилои хадамоти марзбонии Тоҷикистон муноқиша миёни сокинон рӯзи 27-уми январ, тахминан соати 17:20 пас аз маҷбуран боздоштани автомашинаи тамғаи «Портер»-и шаҳрванди Тоҷикистон дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи-Аъло аз ҷониби як гурӯҳи панҷоҳнафараи шаҳрвандони Қирғизистон оғоз шудааст.
Ҷониби Қирғизистон дар ҷавоб ба изҳороти Хадамоти марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, ки тоҷикистониён бо санг роҳи мошингарди Бодканд-Исфанаро бастанд ва коркунони ҳарбиаш бо истифода аз силоҳ тир кушоданд.
Тоҷикистон дар изҳороти расмииаш гуфт, ки дар натиҷаи муноқиша 2 шаҳрванд ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд, ки 6 нафарашон низомӣ ва 4 нафари дигар сокинони мулкӣ.
Ҳамчунин, 2 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – Туйчиев Обидҷон, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Хоҷаи Аъло бар асари таркиши тири миномети низомиёни Қирғизистон дар ҳавлии номбурда ва Шарипов Абдулатиф Рафиевич, соли таваллудаш 1964, ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии деҳаи Хоҷаи Аъло зимни зарбаи гулӯлаи минамёти ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расиданд.
Ҷониби Қирғизстон то ҳол аз 11 захмишудагон хабар додааст, ки ҳамаашон низомиён мебошанд.
11 хона пурра ва қисман хароб шуданд
Дар натиҷаи даргириҳо дар марз, ки 27 январ рух дод буд, танҳо дар деҳаи Сурхи шаҳри Исфара 11 хонаи сокинон пурра ва қисман зарар дидааст.
Шаҳрдории Исфара хабар дод, ки дар наздиктарин фурсат аз шумораи хонаҳои зарардидаи сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва Сомониён хабар хоҳанд дод.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми суҳбат бо сокинон таъкид кардааст, ки хонаҳои зарардида дар муҳлати кутоҳ барқарор карда мешавад.
Ӯ ҳамчунин аз сокинони марзӣ даъват карда гуфтааст, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд.