fbpx

Гуфтушуниди ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон бе натиҷа анҷом ёфт

Дар ҳоли ҳозир вазъ дар марз ором аст.


0
Акс аз сомонаи Азия плюс

Музокироти ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар он   фармондеҳи Неруҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошаев иштирок дрштанд ба итмом расид, вале ҷонибҳо ба мувофиқа нарасидаанд.

Дар натиҷаи музокироти имрӯза ягон протоколи муштарак ба имзо нарасид ва аз ин рӯ, музокироти баъдӣ ба пагоҳ, 29 январ гузошта шуд.

Ин музокирот, имрӯз дар яке аз қаҳвахонаҳои ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара баргузор шуд.

Субҳи имрӯз, дар ҷамоати Чоркуҳи Исфара Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Қамчибек Тошиев сари мизи музокирот нишаста буданд. Аз шоми дирӯз то кунун ин дувумин гуфтушуниди ҷониби  Тоҷикистон ва Қирғизистон аст.

Баъзе аз тавофуқоте, ки дар музокироти шабона ҳосил шуда буд, аз ҷумла ба қароргоҳи доимияшон бурдани неруҳои ду тараф ва такшили комиссияи муштарак аз ҳисоби сохторҳои низомӣ ва додситонӣ, дигарбора рӯйи он таъкид шудааст.

Ҳамчунин ваъда шудааст, ки баргашти беҷошудагон ба хонаҳояшон таъмин мешаваду ҳамаи роҳҳои масдудшуда ва хаттҳои барқ дубора барқарор мешаванд.

Шаби 27-28 январ низ раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ҳамроҳ бо сардорони раёсатҳои амният ва корҳои дохилӣ ва Бодканди Қирғизистон барои ба эътидол овардани вазъ дар марзи ду кишвар сари мизи музокирот нишаста буданд. Дар он ба тавофуқ расида буданд, ки типарониҳо қатъ мешавад ва комиссияи муштарак далелҳо ва натиҷаҳои даргириҳоро дақиқ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки шоми 27 январ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон даргирии навбатӣ сар зад ки дар натиҷа 2 сокини Исфара кушта ва ҳудуди 20 тани дигар захмӣ шуданд.

Ҷониби Қирғизистон танҳо аз захмӣ шудани 11 нафар шаҳрванди худ хабар медиҳад.

Бино ба изҳороти дафтари матбуоти неруҳои марзбонии Тоҷикистон, тахминан соати 17:20-и рӯзи 27-уми январ, як гурӯҳи шаҳрвандони номаълуми  Қирғизистон аз ҳисоби сокинони шӯрои деҳаи Оқсои вилояти Бодканд дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи-Аъло, автомашинаи тамғаи «Портер»-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки машғули регкашӣ буд ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳаллаи Хоҷаи-Аъло ба маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара дар ҳаракат буд, маҷбуран боздоштанд.

Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон гуфтааст, ки барои пешгирии пешгирии чунин амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудани мулоқот мувофиқа шуда буд, наомадаанд ва ба тирпаронӣ оғоз кардаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend